logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ГЕОРГИЙ МЕНГЛЕТ
Ӯ аз зумраи Артистони халқии СССР (1974) аст, ки дар саҳнаи театри тоҷик ба камол расида, шуҳрати ҷаҳониро касб намудааст.  Георгий баъди хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав соли 1937 ба Тоҷикистон омада, дар Театри навтаъсиси драмаи русии ба номи В. Маяковский ба фаъолият пардохт. То соли 1945 саҳнаи ин театрро обод кард. Нахустин унвонҳояш - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1939) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро (1943) дар ҳамин ҷо ноил шудааст. 
Дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский қариб сӣ нақш офаридааст. Спектаклҳои «Замин», «Дар қаър», «Духтари беҷиҳоз», «Модар», «Дуди ватан», «Фронт», «Истило», «Одамони рус», «Муҳаббати деромада» ва ғайра бо ҳунараш таровати бештар пайдо кардаанд.
Аз соли 1946 то охири умраш дар Театри мазҳакаи Маскав  ҳунарнамоӣ менамуд.
Умари ШЕРХОН

 


САМАРАНОКИИ МАШҚИ МАЙНАИ САР
БАРОИ МУСТАҲКАМИИ ХОТИРА
Невробиологҳои Амрико исбот карданд, ки машқҳои майнаи сар барои ҳалли вазифаҳои мураккаби зеҳнӣ самараи хуб дода, хотираи инсонро мустаҳкам мегардонад. Тадқиқот дар маҷаллаи «Journal of Neuroscience» нашр шудааст.
Дар таҷрибаи олимон ду гурӯҳ иборат аз 30 нафар кӯдакони синни аз 8 то 11 сола иштирок карданд. Иштирокчиёни гурӯҳи аввал бозиҳоеро интихоб мекарданд, ки бо мурури замон мураккаб мешуданд. Гурӯҳи дувум ба бозиҳои начандон душвор машғул мешуд.
Невробиологҳо тавассути магнитоэнсефалография дар гурӯҳи аввали иштирокчиён тағйирот дар сохтори мағзи сар ва хотираро мушоҳида карданд. Инчунин, фаҳмишу дарк ва коркарди иттилоот дар ин гурӯҳ фаъолтар мегардад.
Ба гуфтаи олимон инкишофи майнаи сар дар айёми кӯдакӣ самаранок мебошад. Бозори хадамоти мазкур дар ИМА 2,4 миллиардро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи олимон, ин рақам то соли 2020 ба 7,5 миллиард доллар хоҳад расид.
Айни ҳол методикаи ҳавасмандгардонӣ тавассути техникаи барқӣ ба мағзи сар мавриди озмоиш қарор дорад.
Таҳияи К.  РАҲМАТУЛЛО

 

ҲАМНИШИНИ АЛОВ
– Апа, одам метавонад дар қуллаи кӯҳ зиндагӣ кунад?
– Мумкин, ба шарте ки дар қуллаи кӯҳ таваллуд шуда бошад.
– Дар дарё чӣ?
– Ин ҳам мисли ҳамон.
– Дар миёни алов чӣ?
– Бас, сарамро ба дард овардӣ.
– Ҳамина бигӯ, апа, дигар савол намедиҳам. Хап меистам.
– Ту хап шуда наметавонӣ. Мегӯям ба шарте интернат пеши очам равӣ.
– Бигӯй ба Худо меравам, апа.
– Одам байни алов зиндагӣ мекунад. Танҳо одаме, ки дар роҳи сидқу сафо, меҳру вафо ҳаст, сухани рост гӯяд, ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯяду нагуфта бошад, ҳаққи мардум нахӯраду мардумозоронро нафрин гӯяд, ришва нагираду дастонашро мурдор нагардонад, вақте сухани бад гӯянд, гӯшҳояшро маҳкам кунаду нашнавад, ба ягон чизи бад рӯ ба рӯ омад чашмонашро пӯшонад, набинад.
Ана ҳамин додар. Агар зӯр бошиву аз ҳамаи ин бадиҳо сахт парҳез намоӣ, алов туро намесӯзонад. Мисли, ана ҳамин кӯрпача дар болояш менишинӣ.
Раҷаб МАРДОН

 

НИГИНИ НУҚРАГИН ДАР ҲАЛҚАИ КӮҲҲОИ ФОН
Дар қалби кӯҳҳои Фон,  дар баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр Искандаркӯл ҷой гирифтааст, ки яке аз мавзеъҳои зебо ва дидании Тоҷикистон мебошад. Кӯл бо доманакӯҳҳо ва бешаву дарахтони  атрофи онро иҳота карда, табиати аҷиб, ҳавои тоза, оби мусаффо мавзеи хуби қабули меҳмонону сайёҳон ба ҳисоб меравад.

Искандаркӯл калонтарин кӯли кӯҳҳои Фон мебошад, ки шакли секунҷаро дорад. Масоҳаташ 3,5 километри мурабаъ ва умқи он беш аз 70 метрро ташкил медиҳад. 
Дар бораи Искандаркӯл зиёд ривоят мекунанд. Тибқи яке аз онҳо дар замонҳои қадим аз кӯҳҳои Фон Искандари Мақдунӣ бо қӯшун мегузашт. Дар вақти таваққуфи лашкар дар соҳили кӯл, аспи Искандар - Бутсефал ба он ғарқ мешавад.
Дар асл кӯл дар натиҷаи аз яхпора ва кӯҳпораҳо банд шудани маҷрои дарёи Саратоғ ба вуҷуд омадааст.
Дарёи Искандар (Искандардарё), ки аз кӯл оғоз меёбад, як километр поинтар ба дараи тангной сарозер шуда, шаршараи 40 метраро ташкил медиҳад. Онро баъзан «Ниагараи фонӣ» меноманд.
Игор Алексеев,  сайёҳи рус дар бораи Искандаркӯл чунин гуфтааст: «Новобаста аз он, ки аз шаҳри Душанбе то Искандаркӯл давоми шаш соат расидем, зебоии кӯл,  хастагии сафарро батамом бартараф кард. Кӯл ҷойи аҷибест барои унс гирифтан бо табиат… Масарратбахш аст, ки пойгоҳи сайёҳии дар назди кӯл ҷойгирифта, хеле муносибу мувофиқ буд».
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН
Беҳтарин дӯстони Аркадий Гайдар кӯдакон буданд ва ӯ зуд-зуд хонаи бачаҳоро, ки дар наздикии Маскав буд, хабар мегирифт.
Боре, ҳангоми бозгашт, бачаҳо ӯро то истгоҳи поезд гусел карданд. Бачаяке чашм аз ҷомадони фарсудаи нависанда наканда, пурсид:
- Аркадий Петрович, барои чӣ Шумо худатон ин хел машҳуреду ҷомадонатон чунин фарсуда?
Гайдар табассумкунон ҷавоб дод:
- Ин ҳеҷ гап не, ҷонам. Агар ҷомадонам машҳур мебуду худам фарсуда, чӣ кор мекардам?

 

СТРЕСС
КИТОБ ВОСИТАИ БЕҲТАРИН АЛАЙҲИ ОН АСТ
Пажӯҳишгарони британӣ мегӯянд, ки китоб воситаи беҳтарин зидди стресс мебошад.
Олимон усулҳои гуногуни мубориза бар зидди стрессро омӯхтанд. Дар натиҷаи таҳқиқоти гузарондаи онҳо маълум гардид, ки дар ин бобат ҳеҷ воситаи дигар баробари китоб ёрӣ расонда наметавонистааст. Муҳаққиқон мегӯянд, ки раванди мутолиа метавонад дараҷаи стрессро то 68 дарсад кам кунад.
Барои то дараҷаи лозимӣ суст гардондани мушакҳо ва муътадил задани набз 6 – 10 дақиқа китоб хондан кофӣ будааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи пажӯҳиш маълум гардид, ки шунидани мусиқӣ стрессро 61 дарсад, нӯшидани чой ва қаҳва - 54 дарсад, сайругашт намудан - 42 дарсад кам мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

 

ДЕР ОЯДУ...
Шаш сол муқаддам шаҳрванди шаҳри Найроби Кения - Кимани Аганга Маруге дар синни 90 - солагӣ ҳамчун солортарин хонандаи мактаби ибтидоӣ шомили китоби «Рекорди Гиннес» гардид. Вақте Маруге хонандаи синфи якум шуд,  аллакай соҳиби панҷ фарзанду  сӣ набера буд. Ӯ ҳамеша орзу мекард, ки соҳиби шаҳодатномаи мактаби миёна бошад. Аганга Маруге дар хонаи пиронсолон мезисту мекӯшид барои пурра гирифтани нафақаи пиронсолиаш фанни риёзиро аз худ кунад. Имрӯз Кимани Аганга Маруге дар хотираи бисёриҳо ҳамчун шахсияти наҷиб ва хонандаи намунавӣ боқӣ мондааст.
Шаҳрванди Австрия Алан Стюарт бошад, дар синни 97 - солагӣ ҳамчун солортарин хатмкунандаи мактаби олӣ гардид. Ӯ дипломи дараҷаи магистрро дар соҳаи тиб дар донишгоҳи SCU -  музофоти Уэлси нави ҷанубӣ дар синни 97 - солагӣ ба даст овард. Соли 2006 баъд аз соҳиб шудани дараҷаи ҳуқуқшиносӣ Стюарт байни донишҷӯён вориди китоби «Рекорди Гиннес» гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

ГАРРИНЧА «ШОҲИ ДРИБЛИНГ»
ВА ЧАРЛИН ЧАПЛИНИ ФУТБОЛИ ДУНЁ

«Дар ин ҷо фарде дафн шудааст, ки ба мардум танҳо шодию фараҳ меовард». Чунин навиштаҷот дар санги мазори футболбози басо маъруф Мануэл Франсиско дос Сантос Гарринча ҳаккокӣ шудааст. Дар тӯли 49 – соли умри хеш Гарринча тавонист, ки ду бор чемпиони  ҷаҳонии футбол, бозигари беҳтарини Чемпионати ҷаҳон дар соли 1962 ва падари 14 фарзанд гардад.
Замоне, ки дар ҳайати тими мунтахаби Бразилия Пеле ва Гарринча ҳунарнамоӣ мекарданд, мунтахаби ин кишвар тайи ҳашт сол ягон бозиро набохтааст. Гарринчаро тамоми дунёи футбол мепарастид ва дӯст медошт. Журналистон бошанд, ба ӯ лақаби «Шоҳи дриблинг» ва  Чарлин Чаплини футболро дода буданд. Гарринча ҳам соҳиби сарват шуд ва шуҳрату шараф, аммо ҳамон тавре, ки ба дунё омад, камбағалу нодор, 20 январи соли 1983 аз олам даргузашт.
Соли 1933 вақте Гарринча ба дунё омад, табибон ба роҳ гаштанаш бовар надоштанд. Ҷарроҳии фаврӣ лозим буд. Ва ин ҷарроҳӣ хатар ҳам дошт, бо вуҷуди ин волидон ба он розӣ шуданд. Ҷарроҳӣ анҷом ёфт. Воқеан, як пои Гарринча аз пои дигараш 5 см фарқ мекард (ҳатто дар давраи авҷи  камолоти варзишгариаш панҷаи калон ва мобайнии пойи чапашро қатъ намуданд). Аммо, вақте роҳ гаштанро ёд гирифт, нисбат ба ҳамсолони худ зудтар  мегашт ва ҳам медавид. Замоне, ки футболбоз шуд, касе дар давидан ба ӯ баробар  намешуд. Гарринча парандаҳоро дӯст медошт ва  лақабаш ҳам ба парандае бо номи гарринчаи субтропикӣ, ки дар Бразилия рамзи  муваффақият  маҳсуб мешавад, мансуб мебошад.
Ӯ аз  14 – солагӣ ба бозии футбол  машғул шуд.
Боре, футболбози собиқи дастаи «Ботафого» Арати барои дидани бозии Гарринча омад ва ҳайратзада шуд. Ҳамон рӯз ӯро бо худ ба Рио – де – Жанейро  бурда бо мураббии «Ботафого» шинос намуд. Бо дидани Гарринча тамошобинон, футболбозон, журналистон ва мураббиён боварашон намеомад, ки ӯ футболбоз аст.
Дар муқобили Гарринча беҳтарин ҳимоятгари таърихи футболи Бразилия Нилтон Сантосро  гузоштанд. Бозӣ шурӯъ шуд. Гарринча он рӯз дар муқобили ҳариф тамоми беҳтарин дримблингҳоро истифода бурд. Пас аз бозӣ Нилтон Сантоси ҳайратзада чунин гуфт: «Агар ин хурдакак ба клуби  дигар равад, маро хоб нахоҳад бурд.  Агар ин ҷо бимонад, пас ҳимоятгарони дигар клубҳо хоб нахоҳанд кард».
Пас аз чанд рӯз Гарринчаи наврас аввалин  қарордоди худро бо «Ботафого» ба имзо расонд.
Ба ифтихори Гарринча дар пойтахти Бразилия варзишгоҳе номгузорӣ шуда, муҷассамаи 2,5 метрааш бошад, қисмати ғарбии майдони «Ботафого» - ро  оро медиҳад.
Дар рӯзи видоъ бо Гарринча бештар аз 300 ҳазор нафар мардум ширкат дошт. 
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН
Расул Ғамзатов, ки аз Доғистон ба Маскав бармегашт, ба дӯстонаш чунин барқия фиристод: «Пешвоз бигиред, қатораи 132, вагон – ресторан».

 

КОСТЮМИ САРВАЗИР
Today.kz  Костюми Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дар музояда ба маблағи рекордии 43 миллион рупия (қариб 643 ҳазор доллар) ба савдо рафт, - иттилоъ медиҳад The Hindu.
Костюм махсус барои вохӯрӣ бо Президенти ИМА Барак Обама моҳи январи соли 2015 фармоиш дода шуда буд. Сарвазир онро ҳамагӣ як маротиба пӯшид. Баъдан, костюмро ба музояда гузоштанд. Акнун соҳиби он яке аз ашхоси сарватманди кишвар Лалҷибҳай Пател мебошад. Маблағи бадастомада барои тозакунии дарёи Ганг равона карда мешавад.
Он соли ҷорӣ дар китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун костюми гаронарзиштарин ба қайд гирифта шуд.
Таҳияи Х. ҶОВИД

 

ТРАМВАЙИ ОБӢ
орзуи деринаи одамият
Ноябри соли 1883 сохтмони аввалин роҳи оҳани барқӣ дар Британияи Кабир оғоз ёфт. Аз ин илҳом гирифта, технолог Мангус Фолк трамвайи зериобиро сохтанӣ шуд, ки дар аввал аҷиб менамуд. Фолк мехост трамвайе бисозад, ки мардумро аз як соҳил то соҳили дигари баҳр расонад. Технолог ба мақсадаш расид, вақте  бо ширкати British Thomson-Houston созишнома баст. Дере нагузашта аввалин ва ягона трамвайи зериобӣ бо номи «Пионер» дар ширкати   «Gloucester Railway Carriage & Wagon» сохта шуд, ки намуди воқеан аҷибе дошт. Овозаи ин трамвайи ғайриодӣ зуд ба атроф паҳн шуд, ки мардуми таҳҷоӣ гурӯҳ-гурӯҳ барои тамошои он ба лаби баҳр меомаданд. Трамвай аз чор поя  (дарозии ҳар кадом  пояҳо 8,2 метрӣ) иборат буда, то 40 тоннаро мебардошт. Ҳангоми баланд шудани сатҳи об пояҳои он қариб 4 метр зери об монда, худаш бемалол то 150 нафарро ба соҳили дигар мебурд. Трамвайи аҷиб, ки  4,5 километрро дар 35 дақиқа дар байни об тай менамуд,  мардумро ба ҳайрат овард. Англисҳо онро «пойҳои дарози падар» меномиданд, чун ним зери об ва ним болои об ҳаракат мекард. Зебогии дохили ҳуҷраи мусофирон, ки гулкорӣ будаву курсиҳои чармини гармидаҳанда доштанд, ба бинанда таассуроти дигаре мебахшид. 
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

 

101 маслиҳат
СОДА
Он на танҳо ба кадбону фоида меорад
Дар хонадон бисёр маврид сода на танҳо мушкилкушои кадбонуст, балки манфиати зиёди дигар низ дорад. Боз дар кадом ҳолат аз он метавон истифода бурд, дар зер зикр мешавад.

Рафъи бӯйи пой
Арақкунӣ ва бӯйи пой меравад, агар пойҳоро дар маҳлули сода гузоред. Барои ин, ба тағора ба 5 литр об  2 – 3 қошуқ сода андохта, дар он пойро 15 – 20 дақиқа нигоҳ доред. Ин амал на танҳо барои рафъи бӯйи нохуш, балки барои мубориза бо бемории замбурӯғи кафи пой муфид аст.

Маводи бозии кӯдакон
Агар барои фарзанди хурдсолатон ягон машғулият наёфтед, ба ёрдаматон сода мерасад. Ду ҳисса сода, як ҳисса крахмали ҷуворимакка ва 10 ҳисса обро якҷоя карда то маҳлули ғафс шудан ҷӯшонед. Чун сард кардед, он беҳтарин “гил” мешавад, ки аз он кӯдакатон бо ёрии шумо ҳар гуна бозича сохта метавонад.

Помидор ширинтар мешавад
Агар дар гирди бехи буттаи помидор сода бирезед, он хеле ширину бомазза мешавад.

Ҳимоятгари палаки бодиринг 
 Агар бо маҳлули сода (1 қошуқ ба 10 литр об) бодирингро об занед, зардшавии бармаҳали баргҳояш пешгирӣ мегардад, ки ин ба бардоштани ҳосили бештар мусоидат мекунад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН
Оҳангсози ҷавоне аз Дунаевский хоҳиш кард, ки опереттаашро гӯш кунад. Оҳангсози машҳур розӣ шуд. Қисми якум навохта шуд – Дунаевский хомӯш, қисми дуюм анҷом ёфт – Дунаевский хомӯш. Асар пурра навохта шуд – Дунаевский ҳамоно хомӯш буд. Оқибат оҳангсози ҷавон, тоқат накарда, пурсид:
- Исаак Осипович! Барои чӣ ягон чиз намегӯед?
- Охир, Шумо ҳам ба ман чизе нагуфтед!- ҷавоб дод Дунаевский.

 

АГАР ИНТЕРНЕТ АЗ БАЙН РАВАД…
Сотсиологҳои амрикоӣ тариқи пурсиш аз сокинон суол кардаанд, ки агар дар кишвари онҳо дастрасии онҳоро ба интернет қатъ намоянд, чӣ хоҳанд кард?
Посухи 67 дарсади пурсидашудагон ин аст, ки ҷои истиқомати худро иваз намуда, ба ҷое мераванд, ки дар дастрасӣ ба интернет ягон мушкилӣ набошад. Барои онҳо алоқа бо Facebook, Twitter ва дигар сайтҳо аз ҳисси ватандӯстӣ низ боло меистад. 14 дарсад изҳор намуданд, ки ба ҳолати таназзул ва афсурдаҳолӣ гирифтор хоҳанд шуд, зеро дигар ба чӣ машғул шуданашонро намедонанд.
11 дарсад аз чунин ранг гирифтани вазъият хеле хушҳоланд, зеро вобастагии худро ба интернет дарк менамоянд ва аз норасоии вақт ва ҳамдигарнофаҳмӣ бо наздикон шиква доранд.  6 дарсад бо камоли майл интернетро бо бозиҳои компютерӣ иваз хоҳанд кард.
2 дарсад гуфтанд, ки худкушӣ мекунанд, зеро тамоми ҳодисаҳои муҳими ҳаёти онҳо бо интернет мегузарад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

 

ДУ ТӮФОН ДАР ЯК БИЁБОН
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ҷангҳои оянда, аз онҳо Худо нигаҳ дорад, ҷанги байни технологияҳои олӣ хоҳанд буд, ки онро маъракаҳои якум ва дуюми ИМА дар халиҷи Форс исбот карданд.
Амалиёти халиҷи Форс дар соли 1991 бо номи «Тӯфон дар биёбон», ки ИМА бар зидди Ироқ анҷом дод, ба номи пуррааш ҷанге буд баъд аз анҷомёбии «ҷангҳои сард» бо истифодабарии технологияҳои навтарин. Агар дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон пеш аз ҳуҷуми артиши пиёда ним соат ва ё зиёда аз он ба сари душман аз тайёраҳо ва артиллерияҳои гуногунқутр борони гулӯлаву бомбаҳо мерехт, дар муҳорибаҳои халиҷи Форс артиши хушкигард баъди 40 рӯз, яъне пас аз гузарондани амалиёти густурдаи ҳавоӣ ба ҳуҷум оғоз намуд. Дар ин муддат артиши Ироқ хеле заиф гашт ва неруҳои ҳавоии ИМА пурра дар фазо ҳукмрон шуданд…
Қатъномаи № 660 Шӯрои амнияти СММ дар назар дошт, ки агар моҷарои Ироқу Кувайт бо роҳи осоишта, бо роҳи сиёсӣ ҳал нагардад, он гоҳ аз неруи ҳарбӣ истифода хоҳанд бурд. Дар хусуси он ки Саддом Ҳусейн талаботи қатъномаро иҷро менамояд, ягон боварӣ набуд, зеро шартҳои он иҷронашаванда буданд. Аз ин рӯ, аз моҳи августи соли 1990 то нимаи якуми моҳи январи соли 1991 дар зери ливои СММ бо иштироки 30 давлат, аз ҷумла қувваҳои мусаллаҳи ИМА, Британияи Кабир, Франсия, Миср, Сурия, Арабистони Саудӣ, Канада, Нигерия, Сенегал, Бангладеш, Покистон, Уммон, АМА, Марокаш, Кувайт… неруи иттифоқчиён ташкил карда шуд. Асоси ин неруро артиши хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва баҳрии ИМА ташкил медоданд.
Тайёраҳои ҳарбии амрикоӣ бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз буданд. 20 бомбаандози В-52, тайёраҳои ноаёни F 117A ва 160 киштии ҷангӣ, аз ҷумла 110 – то амрикоӣ, 700 тайёраи ҳарбии неруҳои дигар давлатҳо ба муҳориба омода гаштанд. 
Амалиёти «Тӯфон дар биёбон» 43 шабонарӯз - аз 17 январ то 28 феврали соли 1991 идома ёфт. Ин ҷанг ҷанги тайёраҳои ҳарбӣ буд, артиши хушкигард танҳо пас аз зиёда аз панҷ ҳафтаи саршавии «тӯфон» ба амалиёт пардохт ва дар ҳамин буд хислати навоваронаи ҷанги имрӯза нисбат ба ҷангҳои солҳои пеш. Барои роҳбарони олимартабаи ҳарбии Ироқ ин тарзи ҷанг тамоман ногаҳонӣ буд, онҳо дар рафти рӯзҳои нахустини муҳорибаҳо фазоро пурра аз даст доданд. Тайёраҳои ҳарбии амрикоӣ шабона ба мавзеъҳои муҳими ироқиҳо – ба хатҳои мудофиавӣ, неругоҳҳо, иншооти мудофиавию саноатӣ зарбаҳои нишонрас мезаданд. Тайёраҳо рӯзе аз 400 то 900 парвози ҷангӣ анҷом медоданд. Разведкаи ҳавоӣ муттасил идома меёфт ва ҷанги радиоэлектронӣ лаҳзае қатъ намешуд.
18 январи соли 1991 бори нахуст дар шароити ҷанг боздошти мушаки баллистикии «Скад» тавассути маҷмӯи зенитӣ – ракетии «Пэтриот» амалӣ гашт. Барои қайд кардани вақти сар додани мушак аз дастгоҳҳои кайҳонӣ ва ҳамчунин аз пойгоҳи қувваҳои мусаллаҳи ҳавоии ИМА дар Австралия фоида бурда шуд. Тамоми раванди ошкор сохтани мушак ҳамагӣ 120 сонияро ташкил дод. 28 феврали соли 1991 соати 8.00 ҷанг бо ғалабаи неруҳои зиддиироқӣ ба охир расид.
Ҷанги навбатӣ бо истифодаи технологияи навтарин, ки ИМА бо иттифоқчиаш Британияи Кабир бар зидди Ироқ субҳи 20 марти соли 2003 сар кард, бо мақсади намоиш додани неруи ҳарбии амрикоӣ буд. Баҳонаи ҷангро аз Вашингтону Лондон чунин шарҳ доданд: Эҳтимол Бағдод бар зидди ҷомеаи ҷаҳонӣ яроқи қатли оми кимиёвӣ ва бактериологиро истифода барад. Мо мехоҳем пеши роҳи ин амали зиддиинсониро гирем.
Ин дафъа фармондеҳони олии ҳарбии ИМА амалиёти барқосои ҳавоӣ ва хушкиро баробар истифода бурданд ва дар Ироқ «демократияро барқарор сохтанд». Аммо имрӯз маълум шуд, ки Бағдод ягон хел яроқи қатли ом надоштааст ва сохтанӣ ҳам набудааст. Англия тавассути расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки ҳуҷум ба Саддом Ҳусейн хатои авфнопазири онҳо буд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.09.2016    №: 177    Мутолиа карданд: 2675

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед