logo

сиёсат

Сун Ҷинвун: "ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ МАВҚЕИ ШОИСТА ДОРАД"

Дар Кохи Сулҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ 30 августи соли равон Конфронси илмӣ таҳти унвони «25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳ ба сӯи сулҳ ва созандагӣ» баргузор шуд. Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он намояндагони вазорату идораҳои кишвари мизбон, сафирони Русия, Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Туркманистон, инчунин кормандони масъули намояндагиҳои дипломатии муқими Пекин, собиқ сафирони Чин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва олимони маъруф иштирок доштанд.
Парвиз Давлатзода, Сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, оид ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол  маълумот ироа дошта, тазаккур дод, ки «Маҳз ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ баъди ҳазор сол барои мардуми тоҷик имконияти нодир барои эҳёи давлатдорӣ, таърих, забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ пайдо шуд. Ин имконияти таърихӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол шароит фароҳам овард, ки бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорад».  Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар кишвар барномаҳои фарогир бомуваффақият амалӣ мешаванд, лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ татбиқ мегарданд, дар соҳаи иҷтимоиёт пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро чун кишвари дорои захираҳои бузурги иқтисодӣ мепазиранд.
Сафир перомуни ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманди ду кишвар ибрози назар намуда, гуфт, ки  аз солҳои аввали касби соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздики худ – Чин аҳамияти вижа медиҳад. Ин ҳамкориҳо соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва амниятиро фаро мегиранд. Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати на танҳо ду кишвар, балки барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа хизмат хоҳад кард. «Мо дар оянда низ муносибатҳоро бо Чин ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷиамон тақвият мебахшем», -  изҳор дошт Парвиз Давлатзода.
Муовини раиси Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Сун Ҷинвун зикр намуд, ки «Давлати тоҷикон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро соҳиб гардидааст». Дар ин росто ӯ боварии сатҳи баланд миёни сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чинро махсус таъкид намуда, тазаккур дод, ки ин боварӣ дар навбати худ ба рушди маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ёвари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Хуэлай, «Чин ҳамчун ҳамсоякишвари Тоҷикистон аз муваффақияту пешрафтҳои замони соҳибистиқлолии он хушҳол буда, барои рушди минбаъда ҳамкориҳоро идома хоҳад дод». Мавсуф се омили пешрафти кишварро дарҷ намуд: якум - доштани пешвои сазовор дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон, дувум - интихоби роҳи рушд мувофиқи хусусиятҳои миллии кишвар ва сеюм - мустақилона ва бомаром пеш бурдани сиёсати хориҷӣ.  25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин давраи на фақат санҷишҳо, балки ба даст овардани дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиш суханронии пурмуҳтавои Сафири фавқулода ва мухтори пешини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фу Суян Ҷанро, ки ба таърихи барқарорсозии робитаҳои Тоҷикистону Чин рабт дошт, хуш пазируфтанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.09.2016    №: 177    Мутолиа карданд: 1467

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед