logo

иқтисод

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ДАР ТОҶИКОБОД БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ХОС ДОРАНД

Сокинони ганҷофари ноҳияи Тоҷикобод дар картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ пешсафанд. Заҳматҳои шабонарӯзии эшон боис гардидааст, ки картошкаву асали ин ноҳия бозори кишоварзии мамлакатро бо маҳсулоти ватанӣ ғанитар созанд.
Кишоварзони ноҳия соли гузашта аз майдони 913 гектар зиёда аз 21 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳисоби миёнаи солҳои пешӣ 12 ҳазор тонна зиёд аст. Имсол дар ноҳия  958 гектар картошка кишт шудааст ва рӯёндани зиёда аз 21 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст.
Зимни сафари корӣ таваҷҷуҳи моро асосан занбӯриасалпарварӣ дар ин ноҳияи кӯҳӣ ба худ ҷалб кард. Сокинони маҳаллӣ ба ин соҳаи заҳматталаб, вале сердаромад таваҷҷуҳи зиёд доранд. Феълан шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 5050 адад  мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 1992 танҳо 600 оилаи занбӯри асал мавҷуд буду халос.
Абдураҳим Шарифов аз ҷумлаи заҳматкашони ин ноҳия мебошад, ки ба занбӯриасалпарварӣ ва картошкапарварӣ машғул аст. Ӯ 35 оилаи занбӯри асалро парвариш карда, аз ҳисоби фурӯши асал рӯзгори худро пеш мебарад.
Ба қавли Ш. Абдураҳим, ӯ ҳар сол 400 килограмм асал ҷамъоварӣ мекунад ва онро соҳибкорон аз хонааш омада харидорӣ мекунанд. Асали ӯ, ки арзиши як килограмми он 35 сомонӣ аст, харидорони зиёд дорад. Ӯ барои парвариши занбӯри асал маҳали ҷойгиршавии онҳоро ба гулистон табдил додааст, ки хосияти шифобахшии асалро мефизояд.
Занбӯриасалпарварӣ барои ин оилаи заҳматқарин асосан анъанаи бобоӣ буда, қабл аз ин ҳам падарони онҳо рӯзгори худро бо ин кор ва барзгарӣ пеш мебурдаанд. Табиати зебо ва гулу гиёҳҳои шифобахши ин ноҳияи кӯҳӣ барои парвариши занбӯри асал имкони бештар фароҳам меорад.
Абдураҳим Шарифов, ғайр аз ин, дар хоҷагии худ 0,50 гектар замини картошка дорад, ки як қисмашро барои пешбурди рӯзгор захира карда, қисми дигарро ба фурӯш мебарорад ва рӯзгори худро пеш мебарад. Фарзандон дар ин корҳои заҳматталаб ба падар ёрии доимӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки занбӯриасалпарварӣ тайи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар истеҳсоли зиёди асалу содироти он ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат кардааст. Барои рушди ин соҳа «Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» амал мекунад. Мақсад аз қабули барнома зиёд намудани миқдори оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал, иҷрои барномаи озуқавории мамлакат ва бо маводи зарурӣ таъмин намудани занбӯриасалпарварон мебошад.
Дар ноҳия сол аз сол таваҷҷуҳ ба занбӯриасалпарварӣ бештар мегардад. Аҳли заҳмати ноҳия аз боду ҳавои мусоид истифода карда, теъдоди оилаҳои занбӯри асалро зиёд менамоянд. Ин омил аз як тараф ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии меҳнаткашон, аз ҷониби дигар ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад.

Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 1991

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед