logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ: ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ СОҲАВӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли фарҳанги вилояти Суғд тавонистанд ба дастовардҳои назаррас соҳиб шаванд. Ин комёбиҳо, дар ниҳояти кор, барои баланд бардоштани маънавиёти сокинони вилоят мусоидат намуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд таъмири Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров ба роҳ монда шуд. Қасри фарҳанги «Абрешимчӣ» баъди таъмиру тармими куллӣ ба Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ табдил шуда, дар он ансамблҳои созию овозии «Садои Суғд», рақсии «Чаманоро», «Маҳастӣ», «Гулноз», оркестрҳои камеравӣ ва созҳои нафасӣ, ансамбли созҳои халқии «Дилноз»  фаъолият менамоянд. Таъсиси ансамбли мақомхонони «Нури Хуҷанд», «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ансамбли фолклорӣ - этнографии «Фалак», артгалереяи «Сомониён» комёбиҳои назарраси соҳа мебошанд. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ пурра таҷдиду таъмир гашт ва дар ин мавзеъ «Қадамҷойи Камол» бо тарҳу усули замонавӣ бунёд ёфт. Таъмиру таҷдиди «Маркази фарҳанг», китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, мактаби рассомӣ, хонаи маданияти № 1 ба сомон расид.
Барои фароҳам овардани заминаи эҷодӣ – намоишии ансамбли фолклорӣ - этнографии «Бибиҳо» бинои машқи онҳо бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд.   Хона - осорхонаи Юсуф Мирфаёзов низ пурра тармим гардид.
Дар Исфара тӯли ин солҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар бахши фарҳанг корҳои назаррас ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, Қасри фарҳанги шаҳр, хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ, клуби деҳоти Хоҷаи Аъло, ёдгории таърихии Қалъаи Ӯрда, китобхонаи марказии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мактаби рассомии бачагона ва хонаҳои маданияти Кӯлканд, Навгилем, Шаҳрак, Нурафшон таъмир шуданд.
Соли равон барои аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ  соли фаромӯшношуданӣ аст, зеро боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия пас аз таъмиру таҷдид аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2014 дар маркази ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ - шаҳраки Меҳрон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қасри фарҳанг бо 160 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Панҷакент кохи фарҳанги бошукӯҳе сохта мавриди истифода қарор гирифт.
Қалъаи таърихии Муғ аз нав эҳё гашта, ба муносибати Ҷашни 2500 - солагии Истаравшан осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ ба бинои дигар кӯчида, Қасри фарҳанг ва бинои театри халқӣ таъмир шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории таърихии мақбараи Абдулқодири Гелонӣ барқарор гардида, дар Қалъаи Муғ корҳои сохтмонӣ иҷро шуданд. Шумораи нигораҳои осорхона ба 4533 адад расид.
Ҳамасола дар ин давра, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани китоб, таъмири биноҳои фарҳангӣ, таҷҳизот барои мактаби рассомӣ, мусиқӣ маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Аз ҷумла, соли 2014 барои таъмири бинои нигаҳдории фонди китобхонаи системаи марказонидашуда 36 ҳазору 484 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Барои фарҳангиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ муяссар гардид, ки дар ин давра корҳои хуберо ба анҷом расонанд. Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил шуда, аз тарафи соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ёва бинои китобхона - филиали № 1 бо толори хониш барои 14 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Китобхона - филиали № 3 - и Ҷамоати деҳоти Ғозиён ба бинои замонавӣ гузаронда шуд.
Қасри фарҳанги Арбоб баъди 60 соли сохта шуданаш дубора эҳё гардида, ба макони фарҳангӣ - фароғатӣ мубаддал гашт.
Китобхонаҳои деҳаи Ревад, Урметан, Каздон бомпӯш, клубу китобхонаи деҳаи Шамтуч таъмир карда шуданд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ Қасри фарҳанг ба истифода дода шуд. Аз соли 2010 то имрӯз дар ноҳияи Айнӣ бинои китобхонаи марказӣ, китобхонаи деҳаҳои Дарғ, Вешканд, хонаи фарҳанги деҳаи Урметан аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.
Аз ҷониби Пешвои миллат, ҳамчунин бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт пас аз таъмиру таҷдид ба истифода дода шуд. Ин қаср, ки ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ аз нав таҷдид гардид, ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шуд. Дар он  60 воҳиди корӣ таъсис ёфт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба Театри давлатии драмаи мусиқии русии ба номи А. С. Пушкин барои харидории таҷҳизоти тақвияти овоз ва гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ  маблағи зиёд ҷудо менамояд.
Дар ин муддат дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят заминаи моддӣ - техникии бахшҳои фарҳанг ва муассисаҳои фарҳангӣ хеле беҳтар гаштааст.  Дар навбати худ, аҳли фарҳанги вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиб таҳия менамоянд.
 
Орифҷон НАБИЕВ,
сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 2754

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед