logo

иқтисод

“АПРЕЛЕВКА” ДАР ТАКОПӮЙИ РУШДИ СОҲА

“Апрелевка”,  аз ҷумлаи коргоҳҳои азими истихроҷи маъдан маҳсуб ёфта, тайи солҳои охир дар ғанӣ гаштани буҷети миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва  болоравии сатҳи зиндагии мардум нақши назаррас дорад. 

Соли равон роҳбарияти корхона ба мақсади тақвият бахшидан ба болоравии иқтисодӣ, таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, инчунин истиқболи сазовори Ҷашни мубораки 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азм намуд, ки дар “Апрелевка” ҷиҳати коркарди маъдани фоизи ҳосилнокиаш кам (бо мавҷудияти ҳамагӣ  0, 2 грамм то 1 грамм метали рақами як дар як тонна хока) иншооти ишқоррониро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Истихроҷи маъдани кони “Апрелевка” соли 1985 оғоз ёфт. Дар натиҷа дар атрофи кон тақрибан 2, 5 миллион тонна маъдани фоизи ҳосилнокиаш кам,  ки коркарди он дар фабрикаи заршӯӣ камсамар ҳисоб меёфт, ҷамъ шуд.  Моҳи феврали соли равон сохтмони иншооти зарурӣ барои коркарди самараноки маъданӣ фоизи ҳосилнокиаш кам оғоз ёфт. Инак, пас аз ба истифода додани иншоот зиёда аз 100 нафар бо ҷойи  кори доимӣ ва музди баланди кор таъмин шуданд. Ва шароит фароҳам омад, ки ҳар сол аз 250 ҳазор то 350 ҳазор тонна маъдани фоизи ҳосилнокиаш кам бо дороии миёна 0,6 грамм дар як тонна коркард карда, дар як сол 115 кг металли № 1 истеҳсол мешавад. Ин имконият медиҳад, ки иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ таъмин гардад.
Директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов изҳор дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бояд ба ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида, баҳри фаъолияти самарабахш чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф захираю имкониятҳо мавҷуданд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 1840

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед