logo

иқтисод

ҶАШНИ "АСАЛУ ХАРБУЗА". ЧАРО ОНРО ЯКЧАНД РӮЗ ИДОМА НАДИҲЕМ?

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ғанӣ гардондани дастархони аҳолии пойтахт ҳар сол  иди «Асалу харбуза» дар тамоми ҷумҳурӣ охири моҳи август баргузор гардида, дар он кишоварзони мамлакат маҳсулот ва дастовардҳои худро таблиғ мекунанд. Дар бозорҳои “Пойтахт-90”, “Шоҳмансур”, “ Саховат”,  “Қарияи Боло” ва “Деҳқон” деҳқонони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  навъҳои беҳтарин ва хушсифати асалу харбузаро бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш мебароранд.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷашни «Асал ва харбуза – 2015» зиёда аз 90,4 тонна асал, 144 тонна харбуза ва 70 тонна маҳсулоти дигари кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор 20 - 25 дарсад арзон ба фурӯш бароварда шуда буд.
Ҳадаф аз ин иқдом аз як тараф ғанӣ гардондани дастархони сокинон ва меҳмонони пойтахт бошад, аз ҷониби дигар ба фурӯш баровардани маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзони ҷумҳурӣ унвон мешавад. Вале аз чӣ бошад, ки ин чорабинӣ дар як сол танҳо як рӯз доир мегардад ва на ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт ба харидории маҳсулоти нисбатан арзон дастрасӣ пайдо мекунанд.
- Мо барои  гузарондани ярмарка ва иди «Асалу харбуза» дар шаҳри Душанбе нуқтаи алоҳида надорем. Танҳо ба наздикӣ 10 мошини махсуси боркашӣ дастрас кардем ва ба таври сайёр дар ҳар гӯшаи пойтахт маҳсулоти ниёзи мардумро ба фурӯш мебарорем. Як рӯз пеш аз иди саиди Фитр мо аз вилояти Хатлон 10 мошин тарбузу харбуза ба пойтахт ворид ва дар чанд минтақа бо нархи арзон пешкаши аҳолӣ кардем. Мақсади асосии Иттифоқи Тоҷикматлубот он аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзони ҷумҳуриро ба мардум расонда, ба хоҷагиҳо ҷиҳати фурӯши маҳсулоташон кумак расонад. Имрӯз доираи фаъолияти мақомоти мо назар ба чанд соли пеш маҳдуд аст. Мо интизори шароити мусоид ва супоришу иҷозати мақомоти болоӣ ҳастем, то баргузории иди «Асалу харбуза»- ро аз як ба якчанд рӯз расонем, - гуфт Иброҳим Гулов, муовини раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки роҳбарони бозорҳои пойтахт (ғайр аз маҷмааи савдои «Пойтахт-90») ҷиҳати баргузории иди «Асалу харбуза» ва ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум бо онҳо хоҳони ҳамкорӣ нестанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир баргузории иди «Асалу харбуза» дар ҷумҳурӣ ба як маъракаи бошукӯҳ табдил ёфтааст ва сокинон дар он рӯз маҳсулоти мавриди ниёзи худро бо нархи дастрас харидорӣ мекунанд. Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ ғанӣ гардондани дастархони аҳолист. Пас, андешидани чораҳои зарурӣ  барои то якчанд рӯз идома додани ин тадбири муҳим тақозои рӯз мебошад.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 2053

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед