logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ДАФНИ ИСЛОМ КАРИМОВ

3 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими дафни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.
Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар қароргоҳи ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардиданд.
Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими видоъ ба мардуми дӯсту бародари Ӯзбекистон, наздикону пайвандон ва ба аҳли оилаи Ислом Каримов аз номи Ҳукумат ва мардуми тоҷик изҳори тасаллияту ҳамдардии амиқ баён карда, даргузашти Ислом Каримовро талафоти азим барои ҳукумат ва халқи ӯзбек, ҳамзамон кулли мамолики дӯсти ин кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.
Муносибати дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида буд. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошкант Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунад. Айни замон заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.
Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд.
Ба рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию бародарӣ ва ҳамсоягӣ вохӯриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо аз рӯзҳои нахустин заминаи мусоид фароҳам оварданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 2096

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед