logo

сиёсат

БОЗ ЯК ИҚДОМИ БУЗУРГ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШД

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуд.

Боз як иқдоми бузург ва талоши бесобиқаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикистон ва афзун намудани нишондиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар остонаи таҷлили ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон самараи дилхоҳ ба бор овард. Ин навбат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи аз лиҳози саноатӣ аллакай пешрафта корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
3 марти соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ниятҳои неку созанда барои таъмини рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тараққиёти иқтисодии мамлакат, бо ҷои кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳимтар аз ҳама паст кардани сатҳи вобастагии Ширкати алюминийи Тоҷик аз ашёи хоми воридотӣ, ҳамчунин мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ дар ин маҳаллаи саноатии ноҳияи Ёвон ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат санги асос гузошта буд.
Дар ин рӯз, яъне баъд аз шаш соли ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ дар роҳи расидан ба нақшаю ниятҳои манфиатбор, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ расман ба фаъолияти ин корхонаҳои саноатӣ оғоз бахшид.
Криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат аз маҳсулоти асосӣ дар саноати истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта, то имрӯз асосан аз кишварҳои назди Балтика, Беларус, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик ворид карда мешуданд. Баробари ба кор шурӯъ кардани корхонаҳои мазкур тоҷикон аз вобастагӣ ба воридоти ин намуди маҳсулот пурра раҳо ёфта, ба шароиту имкониятҳои содиротӣ ноил мешавад. Аллакай як қатор давлатҳои истеҳсолкунандаи алюминий, аз ҷумла, корхонаҳои алюминийи Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои хариди криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон пешниҳоди ҳамкорӣ намудаанд.
Дар даромадгоҳи асосии корхона ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи дурнамои рушди Корпоратсияи кимиёвию металлургии тоҷик, ки сохтмони корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат марҳилаи якуми он мебошанд, муаррифӣ шуд. Бояд таъкид кард, ки барои пешбурди истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат ба ҳайси ашёи хом флюорит истифода мешавад, ки ҷиҳати коркард ва истихроҷи он дар Комбинати ғанигардонии Такоб корҳо дар моҳи августи соли равон аллакай оғоз гардиданд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи 20 - гонаи кишварҳои бузурги ҷаҳон аст, ки захираҳои бойи флюорит дорад. Бо дастгирии бевосита ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, имрӯз яке аз мавзеи дорои захираҳои бойи флюорит дар мамлакат ва ҷаҳон Такоб эҳё гардида, кори комбинати маъдантозакунӣ фаъол гардонда шуда, дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолии он зиёда аз 1200 нафар ба кор таъмин мегардад. Барои фаъол гардондани кори ин манбаи истеҳсоли ашёи хоми зарурӣ ва бунёди коргоҳи истихроҷ ва коркарди флюорит аллакай 70 миллион  сомонӣ сармоя ҷалб шуда, истихроҷ ва коркарди флюорит оғоз гардидааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ захираи умумии флюорит дар мавзеи Такоб ба 623 ҳазор тонна баробар буда, ҳамасола дар конҳои алоҳидаи ин мавзеъ беш аз 50 - 60 ҳазор тонна флюорит тавассути ғанигардонии маъдан истихроҷ ва коркард карда мешавад. Комбинати Такоб ягона манбаи таъминкунандаи корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат бо ашёи хоми зарурӣ набуда, дар оянда Ширкати алюминийии Тоҷик ҳамчунин нақша дорад, истихроҷ ва коркарди флюоритро дар мавзеи Мағови дараи зебоманзари Ромит низ ба роҳ монад.
Тартиби истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат нахуст аз марҳилаи истеҳсоли кислотаи сулфат оғоз мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли кислотаи сулфат аз хориҷи кишвар тавассути роҳи оҳани ба тозагӣ бунёдёфта ба корхона дастрас карда шуда, дар марҳилаҳои гуногуни технологӣ кислотаи сулфат истеҳсол карда мешавад.
Сипас дар коргоҳи истеҳсоли кислотаи гидрогенфторид бо роҳҳои кимиёвӣ ин намуди маҳсулот ҳосил карда шуда, барои истеҳсоли алюминийи фтордор ва криолит ба коргоҳҳои истеҳсоли ин намуди маҳсулот интиқол дода мешавад.
Дар коргоҳи истеҳсоли алюминийи фтордор, ки баъди гузарондани марҳилаҳои кимиёвии зикршуда ин намуди маҳсулот ба даст оварда мешавад. Ҳамасола истеҳсоли 18 ҳазор тонна алюминийи фтордор дар назар дошта шудааст. Месазад таъкид кард, ки талаботи солонаи Ширкати алюминийии Тоҷик ба ин намуди маҳсулот нисбатан камтар буда, корхона имкон дорад, ки алюминийи фтордори барзиёдро ба хориҷи кишвар содирот намояд.
Криолит аз ашёи хоми асосӣ дар истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта, фториди табиӣ мебошад ва он бо назардошти минерали нодир ва камёфт буданаш асосан дар шакли сунъӣ омода шуда, дар истеҳсоли он флюорит васеъ истифода бурда мешавад.
Се коргоҳи бузурги як корхонаи азими саноатӣ, ки дар онҳо истеҳсоли нодиртарин маҳсулоти зарурӣ барои саноати алюминий амалӣ мешавад, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ҷойи кории доимӣ барои зиёда аз 800 нафар гардида дар ғанӣ гардондани буҷети давлат ва афзун намудани қудрати содиротии мамлакат нақши бузург мегузорад.
Барои фаъолияти муназзами ин корхонаи азим ангиштсанг истифода мегардад, ки истихроҷ ва дастрас кардани он аз кони ангишти Фон - Яғноби ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Ширкати «Талко – Ресурс»  анҷом дода мешавад. Дар лоиҳаи сохтмони корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли гази технологияи сатҳи баланд бо фарогирии ду муҳаррики истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст. Агар як бартарияти корхонаи нав ин истеҳсоли гази технологияи баланд бошад, пас бартарияти дигар ин дар натиҷаи марҳилаҳои технологию кимиёвии коркарди ашёи хом истеҳсоли зиёда аз 2,7 мегаватт қувваи барқ мебошад, ки нисфи талаботи худи корхонаро бо неруи барқ қонеъ мегардонад. Барои фаъолияти бенуқсони ин иншооти бузурги саноатӣ инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда шуда дар як давраи кӯтоҳ аз ҷониби Ширкати алюминийи Тоҷик «Талко»,  аз ҷумла 5 км роҳ  ва 12 км хатҳои  об бунёд гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳҳои истеҳсолӣ, маркази идоракунӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва дигар иншооти ҳудуди корхона бевосита дидан карда, ба мутахассисони ҷавони ба кор ҷалб гардида барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ маслиҳату тавсияҳои судманд дод. Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва кори таҷҳизоту технологияҳои муосири васлу насбшуда таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва тарбияи мутахассисони ҷавону варзида барои идомаи кор дар таҷҳизоту технологияҳои муосир ҷалб намуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро барои тақвияти тадбирҳои таъхирнопазир дар ин самт вазифадор намуд.
Назорат ва идораи истеҳсолот дар дастгоҳи марказии корхона асосан аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ, ки дар хориҷи мамлакат курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузашта, нозукиҳои кори идоракунӣ ва истеҳсолотиро аз худ кардаанд, ба иҷро расонда мешаванд.
Бештари мутахассисони дастгоҳи маркази идоракунӣ ҷавонони маҳаллии ноҳияи Ёвон, хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии олии шаҳрҳои Москва ва Остона, мебошанд.
Дар корхонаҳои навбунёд ҳамасола 12 ҳазор тонна криолит,18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат истеҳсол гардида, лоиҳаи бунёди он 126 миллион доллари ИМА - ро дар бар мегирад. Ҳамчунин ба таври иловагӣ тавассути дастгоҳҳои эҳтиётӣ истеҳсоли криолит дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна ва фториди алюминий дар ҳаҷми 27 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Баъди шиносоии бевосита бо кори истеҳсолот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо нияти фаъолияти густурда ва самарабахши корхона дар оянда парда аз рӯйи лавҳа бо навиштаҷоти рӯз, моҳ ва соли мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иншооти саноатӣ бардошта, дар ҳузури мардуми сершумор ва аҳли заҳмати корхона сухан ронд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани корхонаҳои азими истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфатро аз ҷумлаи дастовардҳои бузургу беамсоли соҳаи саноати мамлакат дар давоми 25 - соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маънидод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда марҳилаҳои дигари лоиҳаи бунёди силсилакорхонаҳои дар доираи сохтмони корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат пешбинишуда идома дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаҳои азими истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар оянда рушди истеҳсоли алюминийро дар Тоҷикистон ҳамчун маҳсулоти афзалиятноки содиротӣ таъмин намуда, барои паст кардани арзиши аслии он ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси тиҷоратию иқтисодӣ шароиту имконияти мувофиқ фароҳам меоварад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 1992

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед