logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода супурдани корхонаҳои нави ҶДММ “Криолит”, ноҳияи Ёвон, 5 сентябри соли 2016

Ҳозирини гиромӣ!
Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки дар арафаи 25 - умин солгарди Истиқлолияти кишвари азизамон дар ноҳияи Ёвон боз се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин падидаи нек идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии мамлакат мебошад.
Ба ин муносибат, ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам, сокинони ноҳияи Ёвон  ва кулли саноатчиёни мамлакатро табрик гуфта, дар пешрафти фаъолияти корхонаҳои навбунёд комёбиҳо орзу менамоям.
 Корхонаҳои имрӯза асосан бо мақсади  таъмини эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи онҳо истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминийи фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад. Аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 80 фоиз барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик истифода гардида, боқимондаи он содирот карда мешавад.
Бояд гуфт, ки зимни амалисозии корҳои сохтмон дар иншооти мазкур беш аз 600 нафар мутахассисону  бинокорон фаъолият дошта, ҳоло дар натиҷаи ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаҳои зикршуда зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид. Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми пурра ба фаъолият оғоз намудани  ин корхонаҳои кимиёвӣ масъалаи  бо ашёи хоми зарурӣ таъмин кардани Ширкати алюминийи Тоҷик асосан ҳаллу фасл мегардад.
Дар корхонаи криолит дар баробари маҳсулоти асосӣ, инчунин  солона 75 ҳазор тонна гаҷ истеҳсол карда мешавад, ки барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки металли алюминий дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла  дар истеҳсолоти саноатӣ васеъ истифода гардида, ҳамчун масолеҳи сохтмон, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва умуман дар соҳаи энергетика, инчунин истеҳсоли садҳо намуди молу маҳсулот истифода мешавад. Аз ин лиҳоз, ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои имрӯзаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, дар баробари истеҳсоли алюминий, ба рушди як қатор соҳаҳои дигар кумаки ҷиддӣ мерасонад.
Пешбинӣ мегардад, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳаҳои мазкур  Ширкати алюминийи Тоҷик имкон пайдо мекунад, ки ҳар сол ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ (баробар ба 36 миллион доллари амрикоӣ)  маҳсулоти воридотивазкунанда ва молҳои содиротиро дар дохили кишвар истеҳсол намояд.
Сохтмони ин се корхонаи ифтитоҳшудаи имрӯза соли 2008 оғоз гардида, моҳи июни  соли 2014 Ширкати алюминийи Тоҷик бо Корпоратсияи миллии мошинсозии вазнини Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба анҷоми сохтмону таҷҳизондани корхонаҳо қарордод ба имзо расонда буд.
Барои бунёду таҷҳизондани корхонаҳои Ҷамъияти “Криолит” беш аз 990 миллион сомонӣ (баробар ба 126 миллион доллари амрикоӣ), аз ҷумла беш аз 290 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ширкати алюминийи Тоҷик  сармоягузорӣ карда шудааст.
Бо  истифода аз фурсати муносиб,  ба  мутахассисону бинокорон  ва  сармоягузорони  корхонаҳои мазкур барои фаъолияти пурсамар дар бунёди ин иншооти муҳими саноатӣ миннатдорӣ изҳор менамоям.
Ҳозирини муҳтарам!
Стратегияи рушди соҳаи саноати мамлакат ба иваз кардани маҳсулоти воридотии саноатӣ бо маҳсулоти ватанӣ нигаронда шудааст. Дар доираи амалисозии ин ҳадаф ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ гузаштани Ширкати алюминийи Тоҷик иқдоми саривақтӣ мебошад.
Итминон дорем, ки истеҳсол ва истифодаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар дохили мамлакат дар баробари кам кардани хароҷоти истеҳсоли алюминий, имконият медиҳад, ки ба таври маҷмӯӣ фаъолияти якчанд корхонаи алоқаманд мунтазам ба роҳ монда, ҳазорҳо нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
То имрӯз, криолит ва алюминийи фтордор барои истеҳсол кардани алюминий аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва баъди ба истифода супурдани корхонаҳои истеҳсолии имрӯза маблағҳое, ки барои хариди криолит ва фториди алюминий сарф мегардид, дар дохили кишвар боқӣ монда, барои рушди минбаъдаи Ширкати алюминийи Тоҷик равона карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти корхонаҳои сохташаванда ба тамоми талаботи бехатариву экологӣ ҷавобгӯ буда, онҳо аз минтақаҳои аҳолинишин дар масофаи безарар ҷойгир шудаанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур, бо дарназардошти истифодаи васеи ашёи хоми худӣ, барои коҳиш додани арзиши аслии алюминий ва ба даст овардани фоидаи иловагӣ аз истеҳсоли маҳсулот имконият фароҳам оварда, ба рушди саноати кимиёи Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад.
Флюорит барои истеҳсоли криолит ва алюминии фтордор ашёи хоми асосӣ буда, истихроҷи он дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна аз кони Такоби ноҳияи Варзоб ба нақша гирифта шудааст.  Дар натиҷаи коркарди маъдани истихроҷшуда дар Комбинати ғанигардонии Такоб 60 ҳазор тонна флюорити тоза истеҳсол карда мешавад.
Бо амалӣ гардидани ин иқдом боз як кони истихроҷи маъдан мавриди истифодаи самаранок қарор гирифта, Комбинати  ғанигардонии Такоб, ки солҳои сол аз фаъолият бозмонда буд, ба кор медарояд ва ин иқдом боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад. Бо дарназардошти ин, ҳоло барои истихроҷу коркарди маъдан ва умуман, ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи ғанигардонии Такоб мутахассисони маҳалливу хориҷӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Дӯстони азиз!
Дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт. Махсусан, солҳои охир ба фаъолият оғоз кардани чандин корхонаҳои азими истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳияро бамаротиб баланд бардоштанд.
Ҳамзамон бо ин, чанд рӯз пештар роҳи оҳани Душанбе – Ёвон – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард, ки барои боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаи саноати вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ёвон аҳамияти калон дорад. Зеро барои рушди саноат мавҷудияти роҳи оҳан омили муҳим мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин раванд ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда, сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия торафт беҳтар гардида истодааст. Умуман, ёдовар мешавам, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо таъсиси се корхонаи нави имрӯза шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба 40 расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия боз ҳам афзоиш меёбад.
Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, аз рӯи касбҳои техникиву муҳандисӣ диққати махсус дода шавад.  Зеро эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии навбунёди имрӯза ва умуман, соҳаи саноати мамлакат ба муҳандисону технологҳо, мутахассисони соҳаи саноати кимиё ва кадрҳои дорои касбу кори гуногун торафт меафзояд.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам ва кулли саноатчиёни мамлакатро ба муносибати 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави саноатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо баракати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2016    №: 178    Мутолиа карданд: 9324

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед