logo

сиёсат

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ШУД

Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи феврали  соли равон  эълон шуда буд,  ҷамъбаст гардид.
Дар расми мукофотсупорӣ ба ғолибон муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи мусобиқа Азим Иброҳим  изҳор дошт, ки дар мусобиқа 412 ҳазор оила аз 300  ҳазор  хонавода,  4144  деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Ба ғолибони мусобиқа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Зимни супоридани  ҷоизаҳо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ яке аз омилҳои муҳими шарикии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, бо ин васила сокинони кишвар аз дастовард ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо огаҳии бештар пайдо менамоянд.  Зикр гашт, ки  иштироки фаъоли ҷомеаи мамлакат дар мусобиқа бори дигар ҷонибдорию пуштибонии сокинони мамлакатро аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд.
Ҳамин тариқ, дар ҷамъбаст 35 нафар ғолиб бо Шоҳҷоизаи “Ҷоми Ҷамшед”, Шоҳҷоизаи “Ҷоми Истиқлолият”, нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо ва мукофотҳои пулӣ  сарфароз гаштанд.
Дар ин мусобиқа мувофиқи шартҳои пешбинишуда  Вазорати корҳои  хориҷӣ, вилояти  Хатлон,  шаҳри  Хуҷанд, ноҳияи Ёвон, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра  Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови  ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  хонаи Рустамов Исмоил дар  шаҳри Норак, оилаи Саъдуллоевҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуданд.
Прокуратураи генералӣ,  шаҳри Турсунзода, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи ба номи Исмоили  Сомонии шаҳри Кӯлоб, хонаи Шариповҳо аз  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва оилаи Сафаралӣ Ҳалимов аз  шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи  Ҷаббор  Расулов, Ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Фахрободи  ноҳияи  Хуросон, маҳаллаи Зардолузори шаҳри  Панҷакент, хонаи Аброр  Шамуратов аз  Ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ва оилаи Маҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойҳои дуюм  гардида, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом, маҳаллаи Исмоили Сомонии  шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, хонаи Нозимҷон Усмонов аз  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи  Наботбегим Тавакалова аз  шаҳри Хоруғ ҷойҳои сеюмро гирифтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2016    №: 181    Мутолиа карданд: 2345

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед