logo

сиёсат

РАСМИ ГУЗАШТИ ҲАРБӢ ДАР МАЙДОНИ "ДӮСТӢ"

Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ» - и пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид.

Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, сардори гарнизони ҳарбии Душанбе генерал - майор Латиф Файзиев ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант  Шералӣ Мирзо аз омодагии парад гузориш дод.
Вазири мудофиа ҳайати шахсии ҷузъу томҳоро бо арзи салом ба муносибати 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба сӯи минбари ифтихорӣ раҳсипор гардид ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе оид ба расми гузашти ҳарбӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири ҷумҳурӣ дар даврони соҳибихтиёрии мамлакат бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуд.
Баъд аз садои Суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид ва  нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворид шуданд.
Ба ҳамин тартиб, бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ,  дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, воҳидҳои таъйиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталионҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо ва аспҳои хизматӣ, ки шумораи онҳоро беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ташкил медоданд, расми гузашти низомӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни чорабинии муҳими сиёсӣ, инчунин, аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар маркази майдони баргузории чорабинӣ платс - консерт ё худ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.
Ҷузъу томҳои ротаи қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солро таҷассум намуданд.
Аз ҷониби ҳайати шахсии оркестри ҳарбии муттаҳида, ки иборат аз 200 нафар буд, маҷмӯи созҳои нафасии ҳарбии бастакорони тоҷик, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҳанг дароварда шудаанд, намоиш дода шуд. Ҳангоми расми гузашти низомӣ ва иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пӯлодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2016    №: 181    Мутолиа карданд: 2304

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед