logo

иҷтимоиёт

ЗОДАГОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ман   дар шаҳри  Хоруғ  таваллуд  шуда  бошам  ҳам, баъди  вафоти  падарам  бо  модарам  ба  як  деҳаи  дурдасти  ноҳияи  Роштқалъа – Бидиз  кӯчидем. Азбаски  дар деҳа  танҳо  мактаби  ибтидоӣ буд, хонандагони  деҳа барои  идомаи  таҳсил аз  синфи  панҷум  ба  мактаби  деҳаи  Вездара  мерафтанд. Модарам аз  он  хавотир  мешуд, ки чӣ  тавр  ман  роҳи  дарозро  ҳар  рӯз  тай намуда ба мактаб меравам. Вале    ба  шарофати  Истиқлолияти  давлатӣ  имконият  пайдо  шуд, ки   маълумоти  миёнаро  дар  худи  мактаби  Бидиз, ки  нав  ба  мактаби  миёна  табдил    ёфта буд,  гирам. Нағз  мехондам, вале аз  он  дар  андеша будам, ки  оё  баъди  хатми  мактаби  миёна   таҳсиламро  идома  дода  метавонам, ё не. “Чӣ  хел  модарамро  дар  деҳа  монда, ба   Душанбе, ё ягон  шаҳр рафта хонам”, - фикр  мекардам. Соли  2010, вақте ки    мактаби  миёнаро  бомуваффақият   хатм  карда  будам,  дар  ҳаётам  воқеаи  фараҳбахше  рух  дод. Сарвари  мактаб Маҳбатшо  Гулбеков  маро  назди  худ  даъват  кард  ва  дар  ҷараёни  суҳбат  гуфт:  “Писарам, ту  аз  дохил  шудан  ба  мактаби  олӣ  ташвиш накаш. Донишат  кифоя аст. Ба  назарам, дар  фанҳои  гуманитарӣ  бештар  қобилият  дорӣ. Агар  ба  факултаҳои   таърих, ё  забону  адабиёти  тоҷик  ҳуҷҷат  супорӣ бе  мушкилӣ  дохил  мешавӣ. Ба  бахти   шумо,  Президенти   кишварамон  Эмомалӣ  Раҳмон  барои  бачаҳои  болаёқат    квотаи президентӣ ташкил кардааст. Агар  маслиҳати  маро  гирӣ,  як  қувваатро  санҷ,  ба  назарам  комёб  мешавӣ”.
Ҳамин  тариқ ман  дар қатори  чандин  довталабон  дар  озмун  барои  гирифтани  квотаи  президентӣ ширкат  варзида, комёб  шудам. Солҳои  2010 - 2014  дар  факултаи   забон  ва  адабиёти  тоҷики  Донишгоҳи  давлатии  Хоруғ соҳиби  маълумоти  бакалаврӣ  ва  пасон   соҳиби  маълумоти  магистрӣ  ҳам  гардидам. Азбаски  дар  тамоми  чорабиниҳои    донишгоҳ ширкати  фаъолона  доштам, баъди  хатми  донишгоҳ  маро  ба   Маркази  ҷавонони   ВМКБ  ба  кор  даъват  карданд. Аз  бахти   баландам   мефахрам, ки   дар  чунин  даврон зиндагӣ  мекунам. Ҳар  рӯз  шоҳиди   созандагиву  бунёдкориҳои  халқамон   мегардам. Дар фазои   сулҳу  оромӣ  кишварамон  рӯз  ба  рӯз  ободтару  зеботар  мегардаду  зиндагии  мардум  осудатар.  Дар  чунин  фазо ҳам   андӯхтани  илму  дониш  ва  ҳам   меҳнати пурмаҳсул  гуворост. Мефахрам, ки  ҳамсоли истиқлолияти  кишварам ҳастам ва баҳри ободии он талош меварзам.
Кишвар АМИРШОЕВ,
муовини сардори Маркази
ҷавонони ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 2171

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед