logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: ДАР ПАРТАВИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлолияти комили иқтисодӣ аз ҳадафҳои муқаддастарин ва олии истиқлолияти  давлатии кишварҳои ҷаҳон аст. Хушбахтона, ба шарофати  неъмати бузург – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 25 – умин солгарди онро ботантана ҷашн мегирем, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии иқтисодӣ даст ёфт.
Иқтисод, қабл аз ҳама, ободию шукуфоии кишвар, серию пурӣ, итминон ба фардои хушбахтонаи фарзандон ва зиндагии хушу осудаю шоиста аст. Ва ин орзую ниятҳои ширин танҳо дар партави хуршеди истиқлолият, сулҳу ваҳдати пойдор ва талошу пайкор бо эҳсоси бузурги ватандорӣ имкони ҷомаи амал пӯшидан пайдо карданд. Мардуми шарифи заҳматпешаи Тоҷикистон амиқ дарк намудаанд, ки ободии Ватан ва зиндагии осудаю хуши мардуми он танҳо дар фазои ягонагию  муттаҳидӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ муяссар мегардад. Дар шароити хавфу хатари экстремизму терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, бесуботию ошуфтагии геополитикии ҷаҳон ва шиддат ёфтани буҳронҳои азими иқтисодӣ зарурати боз ҳам мустаҳкам  намудани ваҳдату муттаҳидӣ барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, ки шукуфоии кишвар ва зиндагии осуда танҳо ба шарофати он  имконпазир аст, дучанд меафзояд.
Мардуми шарафманди тоҷик, ки аз имтиҳонҳои  мушкилтарини таърих гузаштааст, ба талошу пайкор, рӯҳи бузурги  шикастнопазири  озодипарастӣ, бо шукргузорӣ аз неъмати деринтизори истиқлолият ва амонӣ, дар тӯли 25 сол тавонист Тоҷикистонро ба як кишвари ободон мубаддал созад. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ - 25 сол Тоҷикистон дар  бахшҳои бунёдии иқтисодӣ, назири расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти  ғизоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии  шоистаи ҳар фарди Ватан ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалию дохилии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб - Қулма, Душанбе – Шаҳристон – Хуҷанд – Чанак, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе – Нуробод – Лахш – марзи Қирғизистон, Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – марзи Афғонистон, Айнӣ – Панҷакент – марзи Ӯзбекистон, роҳҳои оҳани Кӯлоб – Қӯрғонтеппа, Ваҳдат – Ёвон, нақбҳои азими «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Дӯстӣ», шаш пули байналмилалии болои дарёи Панҷ ва иншооти дигар имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон пурра аз бунбасти  коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад. Ҳоло бунёди шоҳроҳҳои нави байналмилалии роҳи оҳан ва мошингард ба сӯи Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Қирғизистон, Чин ва  кишварҳои дигар тарҳрезӣ шуда, дар  марҳилаи оғоз қарор дорад.
Тайи 25 сол ҷиҳати  расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ дар ҳамкорӣ  бо кишварҳои дӯст, шарикони иқтисодӣ, тиҷоратӣ, рушд ва стратегӣ дар мамлакат неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», садҳо неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ бунёд гардида,  сохтмони бузургтарин дар Осиёи  Марказӣ НБО Роғун, ки кафолати  комили даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ ва содироти неруи барқи арзону тозаи экологӣ ба давлатҳои  ҳамсоя аст, ба марҳилаи нав ворид гардид.
Соли равон татбиқи фарохтарин  дар Осиёи Марказӣ барномаи  минтақавии интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба  Афғонистону Покистон (CASA – 1000) оғоз гардид. Татбиқи ин барнома имкон  фароҳам меорад, ки аз ҳисоби фурӯши неруи барқи зиёдатии  мавсимӣ ба буҷети миллӣ садҳо миллион сомонӣ ворид шавад.
Тадбирҳои сари вақт  андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон фароҳам  оварданд, ки мамлакат дар самти   таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, меваю ангур, полизӣ ва маҳсулоти дигар бамаротиб афзуда, татбиқи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб  замин самари нек медиҳанд. Дар пайи ба боғистон табдил додани Тоҷикистон истеҳсоли  меваю ангур ва содироти он ба кишварҳои наздику  дур то чор  баробар афзуд. Ҳоло зиёд намудани истеҳсоли молҳои дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва воридотивазкунанда бахши таркибии сиёсати  давлатӣ дар самти  рушди иқтисод аст. Тайи  ду – се  соли охир тавассути ба кор даромадани иқтидорҳои  бузурги истеҳсолӣ воридоти  семент ва масолеҳи дигари  бинокорӣ батамом қатъ ва марҳилаи  содироти онҳо ба кишварҳои  хориҷа шурӯъ гардидааст. Бо бунёди  корхонаҳои азими  саноатӣ, ки  дар Душанбе, Хуҷанд, Ёвон, Данғара, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва шаҳру навоҳии дигари  ҷумҳурӣ пайи  ҳам ба фаъолият  мепардозанд, рушди  босуботи иқтисодӣ таъмин гардида, иқтидори содиротии мамлакат бамаротиб меафзояд.
Нишондиҳандаҳои макроиқти-содӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти  дохилӣ, устувории  асъори миллӣ, бахши  воқеии иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, сарфи назар аз буҳрони  шадиди  ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, меафзоянд, рушд мекунанд ва зиндагии сокинони мамлакат рӯз то рӯз беҳтару хубтар мешавад. Саромад ва пояи бунёдии тамоми дастовардҳои иқтисодӣ неъмати бузургу  арзиши олии  миллии мо – Истиқлол аст, ки ҳамеша, ҷовидонӣ поянда бод!

С. АЗИЗӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 1967

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед