logo

фарҳанг

САМАР

СУХАН АЗ СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕРАВАД
Яке аз иншоотҳое, ки чанде пеш зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор гирифт, ин Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мебошад. Бунёди ин иншооти муҳими фарҳангӣ дар остонаи Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки барои аҳли ҳунар ва мардуми вилояти Хатлон туҳфаи арзанда аст. Онро аҳли фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа хуб пазируфтанд. Зеро театр барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёташон мусоидат менамояд.
Қаблан ҳунармандони театр аз сабаби кам будани утоқҳои пардозгарӣ мушкилӣ мекашиданд. Барои наздики 50 нафар ҳунармандон ҳамагӣ 4 утоқи пардозгарӣ мавҷуд буд.  Бо мавриди истифода додани бинои нави театр ин ва дигар мушкилоти мавҷуда ҳалли пурраи худро ёфтанд. Зеро дар сохтани бинои нав ҳама талаботи театри замонавӣ ба назар гирифта шудааст.
Ҳоло ҳунармандон аз рӯи асари Темур Зулфиқоров намоиши «Бозгашти Хоҷа Насриддин»- ро омода намуда истодаанд.
Намоишномаи дигаре, ки рӯи он кор карда истодаем,  «Қорӣ Ишкамба» мебошад. Он аз рӯи асари Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» ва дар таҳияи  Бурҳониддин Раҷабов рӯи саҳна меояд.
Инҳо аввалин асарҳое мебошанд, ки дар саҳнаи театр  намоиш дода мешаванд.
Бунёди театри наву замонавии ҷавобгӯи талаботи рӯз шаҳодати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон аст. Ва ин ободиву созандагӣ самараи истиқлоли кишвар мебошад.
Аловиддин АБДУЛЛОЕВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 2995

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед