logo

иҷтимоиёт

МО ШОҲИДЕМ ШОҲИДИ ТАЛОШҲОИ ҶАВОНМАРДОНАИ Ӯ

Ҳар гоҳ ба шогирдон дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбубамон сухан мегӯям, беихтиёр дар чашмҳоям ашк пайдо мешавад.  Он рӯзгори вазнину даҳшатбори рафта пеши назар меояд. Ба хотир меояд ҷанги шаҳрвандӣ ва асари бади он. Ҳолиё ифтихор мекунам, худро сарфароз мебинам, ки шоҳиди таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мегардам. Фарзандонам дар ин  муддат ба воя расиданд.
Бисту панҷ сол қабл фарзанди чаҳорум чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ман ин вақт дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино омӯзгор будам. Шодии маро ҳадду интиҳо набуд. Охир ба истиқлол расидем.
Кишвар аз ворастагиҳо раҳид. Магар метавонам он лаҳзаҳои фараҳбахшро аз ёд бибарорам. Не. Ҳаргиз! Ҳамдигарро ба ин бузургтарин дастоварду неъмат ба шодмонӣ табрику таҳният мегуфтем. Мегуфтем, ки ояндаи кишварамон дурахшон мегардад. Аммо ҷанг сар зад, ҷанги шаҳрвандӣ. Умедҳои неки моро он ба якборагӣ барбод дод. Бо ин ҳама таълиму тарбияи шогирдонро бар канор нагузоштем. Меомадаму дарс мегузаштам. Пас аз он ба бозор мерафтам. Ба савдои маҳсулоти алафию гиёҳӣ машғул мешудам. Мақсад сарватманд шудан, пул ҷамъ овардан набуд. Мақсад аз гуруснагӣ худ ва аҳли оилаамро наҷот додан буд. Шод, бисёр шод мешудам, рӯзе, ки алафу гиёҳҳоям ба савдо мерафт. Ба пули он чанд нон харида метавонистам. Ҳанӯз ҳам нигоҳҳои он чор кӯдаки маъсумам дар пеши назаранд. Чашм ба роҳи омаданам доштанд. Аз тиреза менигаристанд, ки ба хона дасти холӣ меоям ё пур. Чун дар дастам нонро медиданд, хушҳолӣ мекарданд.
Шукр, сад бор шукр, имрӯз нон фаровон аст ва зиндагӣ чун он рӯзҳои мудҳиш вазнин нест. Тоҷикистонро марди хирадманду дурандеш ва ғамхори мардум сарвар гардид. Бар кишвари ғам бо омадани ӯ базму тарабу умед ҳам омад. Имрӯз ҳар кадоми мо бо ӯ ифтихор мекунем. Рушду нумӯ, пешрафту тараққиёт, ободию зебоии ин сарзамини аҷдодӣ туфайли роҳбарӣ, ташаббус ва донишу хиради Пешвои миллат аст.
Мо шоҳидем, шоҳиди талошҳои ҷавонмардонаи ӯ баҳри хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, пойдории сулҳ ва амну осоиштагӣ.
Тоҷикистон ҳоло кишвари маҳбубу маъруф маҳсуб мешавад. Ояндаи он боз дурахшонтару дурахшонтар аст.

Озода МИРЗОХОҶАЕВА,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№ 95-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 2337

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед