logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон, шаҳри Душанбе, 11 сентябри соли 2016

Ҳамватанони гиромӣ!
Фардо барои мусулмонони кишварамон Иди саиди Қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон ҷашни бузургу муқаддаси 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд ва тантанаҳои он ҳоло ҳам дар гӯшаву канори мамлакат идома доранд.
Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонии халқамон мебошад, шукрона карда, онро чун неъмати қиматтарини ҳаётамон эҳтиёт ва ҳифз намоем. Зеро аз баракати Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз сокинони мамлакатамон ҳамаи расму ойинҳои милливу динии худ, аз ҷумла фаризаҳои Иди саиди Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд.
Ҳикмати ин иди бузург, тибқи таълимоти дини мубини ислом, самимияту садоқат ба Худои таоло, ростиву растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ мебошад. Вале ҳангоми ба ҷо овардани анъанаҳои ид фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти молӣ воҷиб аст. Касоне, ки чунин имкониятро надоранд, метавонанд бо рафтору гуфтор ва кирдори нек аз савоб бархӯрдор шаванд. Зеро Худои мутаол дар Қуръони маҷид мефармояд, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад». Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар асоси  ҳадисҳои Пайғамбари ислом  ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону тангдастон, дода мешавад.
Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст. Дар ин хусус тамоми бузургони пешини мо низ дар таълимоти ахлоқиашон ишораҳо кардаанд ва маънии дину дунёро дар накукорӣ ва саховату покназарӣ дидаанд. Имрӯз дар баробари ба ҷо овардани ин аҳкоми ид ба аёдату табрики пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва, муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон намудан, ба анъанаи неки мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар замони муосир, ки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ҷангҳои хунин идома доранд ва гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо амалҳои ваҳшиёнаи худ ба номи ислом иснод меоранд, идомаи корҳои неку хайр аз тарафи мусулмонон, аз ҷумла мардуми мо, ба таҳкими ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар байни афроди ҷомеа ва тақвияти сулҳу субот дар кишвар мусоидат мекунад.
Хотиррасон месозам, ки дар ин рӯзи муборак ва, умуман, дар  ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мо набояд ба исрофкориву зиёдаравӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ роҳ диҳем. Агар ҳамватанони мо ба ҷои чунин амалҳо бештар ба некиву накукорӣ, дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда  машғул шаванд, соҳиби савоби бештар мегарданд. Бо дарназардошти ин масъалаи муҳим, мо нуҳ сол қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул намудем. Мақсади мо аз он иборат аст, ки расму ойинҳои милливу динӣ бояд дар доираи ин қонун баргузор гардида, барои ҳимояи манфиатҳои молии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намоянд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки риояи қонуни мазкур барои тамоми шаҳрвандони мамлакат ҳатмӣ буда, он бояд ба як рукни таркибӣ ва доимии фарҳанги мардуми мо табдил ёбад.
Рукни дигари Иди қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо иддае аз ҳамватанони мо бо нияти адои маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар кардаанд ва дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас барои сулҳу оромӣ ва суботи пояндаи кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуо карда, баъди бозгашт дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, дар байни мардум, алалхусус миёни наврасону ҷавонон, саҳми ватандӯстонаву инсонпарваронаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 12291

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед