logo

сиёсат

Владимир Путин: "Тоҷикистон, бешубҳа, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи баланд аст"

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ
Ба муносибати фарорасии Ҷашни умумимиллӣ – биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар барқияи Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тӯли чоряк асри гузашта мамлакати Шумо дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Тоҷикистон, бешубҳа, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи баланд мебошад.
Бо изҳори қаноатмандӣ зикр менамоям, ки муносибот миёни давлатҳои мо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ ба таври муназзам рушд меёбад.
Муколамаи сиёсии созанда тавсеа ёфта, ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун ва шарикии мутақобил дар чаҳорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои гуногунпаҳлӯ самараи хуб медиҳад.
Бовар дорам, ки дар оянда вусъат додани тамоми маҷмӯи робитаҳои Русияву Тоҷикистон ба манфиатҳои асосии мардумони бо ҳам дӯсти мо ҷавобгӯ буда, ба маҷрои таҳкими суботу амнияти минтақавӣ нигаронда шудааст.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, тансиҳатии комил ва дар фаъолияти давлатиатон барор, ба кулли мардуми Тоҷикистон сулҳу рафоҳатро орзумандам”.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,
Иҷозат диҳед ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми бародари тоҷик табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманиётро изҳор намоям.
Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Шумо Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо хусусияти миллии кишвари худ мувофиқ аст, ки ба он ҷониби Чин баҳои баланд медиҳад.
Солҳои охир мо равобити наздикро дар сатҳи олӣ нигоҳ дошта, пешрафти стратегии муносибатҳои дуҷонибаро амалӣ намуда, дурнамои васеи ҳамкории Чину Тоҷикистонро боз намудем. Ман ба вусъати муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти муҳим медиҳам ва мақсад дорам, ки ҳамроҳ бо Шумо ин равобити мутақобили ҳамкории стратегиро ба манфиати мардумони ду кишвар ба сатҳи нав мебардорем.
Ба Тоҷикистони бародар шукуфоӣ таманно дорам”.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар барқияаш гуфтааст:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи мардуми Амрико Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрик ва муборакбод менамоям. Имсол 9 - уми сентябр 25 - солагии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр таҷлил хоҳем кард ва изҳори умед менамоем, ки соли оянда ба халқи ин кишвар сулҳу осоиштагӣ ва ривоҷу равнақи минбаъдаро хоҳад овард.
Инчунин, зимистони соли ҷорӣ 25 - солагии ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки миёни ду кишварамон дар асоси эҳтироми мутақобил, манофеи муштарак ба таври мунтазам суръат гирифта, ба рушди демократия, таъмини сулҳу субот ва бехатарӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, ҷашн мегирем. Мутмаин аз онам, ки муносибатҳоямон минбаъд низ вусъат хоҳанд ёфт”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Олланд, чунин омадааст:
“Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон, ки Ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолиятро ҷашн мегирад, ман мехоҳам ба Шумо ва ба халқи Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ва хонаи обод таманно намоям.
Ман ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим аҳсан гуфта, шахсан ба Шумо барои сафаратон ба Порис барои иштирок дар COP21 ташаккур баён менамоям.
Ман, инчунин, мехоҳам то рушду муносибатҳои дуҷониба ва дӯстиву эътимод байни ду кишварамон идома дошта бошад. Ман махсусан умедвори ҳамкории иқтисодии дурнамо миёни Фаронса ва Тоҷикистон мебошам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро қабул намоед”.

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:
“Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Худованд ҳифзатон кунад.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,
Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам”.

Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – Елизаветаи II, чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Барои ман ҷои ифтихор аст, ки Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи миллӣ, яъне 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба Шумо беҳтарин орзуҳоро таманно дорам”.

Дар табрикномаи Императори Ҷопон Акихито чунин омадааст:
“Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми кишвари Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Табрикоти самимиро ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи халқи Беларус ва шахсан аз номи худам қабул фармоед.
Тоҷикистони муосир ислоҳоти ҷиддиеро, ки ба таъмини соҳибистиқлолии кишвар ва боло рафтани некуаҳволии шаҳрвандони он равона шудааст, муваффақона мегузаронад.
Беларус муносибатҳои анъанавии дӯстона бо Тоҷикистонро, ки дар асоси эҳтиром ва дастгирии мутақобил бунёд ёфтаанд, баланд арзёбӣ мекунад. Ман ба устуворӣ ва ояндадор будани онҳо бовар дорам.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар мақоми масъул фаъолияти босамар, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

Дар волотарин табрикоту таманниёти Амири Давлати Кувайт  Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Боиси хурсандии ман аст, ки табрикоти холисона ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари дӯст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо иброз намоям.
Ин фурсати муносибро ғанимат дониста, нияти худро ба пайванд намудани ҷидду ҷаҳдам дар роҳи мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва халқҳоямон бори дигар таъкид менамоям.
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо Ҷаноби Олӣ сиҳатию саодатмандӣ ва барои кишвари дӯст рушду нумӯ ва гулгулшукуфоиҳоро таманно менамоям.
Беҳтарин таманниёти маро қабул намоед”

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия  Йоаҳим Гаук, дар барқияаш навиштааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шуморо аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам самимона табрик менамоям.
Кишвари Шумо дар Осиёи Марказӣ барои Олмон шарики муҳим мебошад. Дар давоми 25 сол, аз рӯзи расидан ба Истиқлолият, миёни кишварҳои мо муносиботи қавӣ ба роҳ монда шудааст. Мо рушди кишвари Шуморо, ки дар минтақае мустақар асту таҳдидҳои зиёдеро дар пеш дорад, бо таваҷҷуҳи зиёд мушоҳида мекунем. Мо минбаъд низ кишвари Шуморо дар раванди рушди демократия, волоияти қонун, инчунин эҳтироми ҳуқуқи инсон, дастгирӣ мекунем.
Дар табрикоти худ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо комёбӣ ва ба кишвари Шумо дар вазъи минбаъдаи ҷаҳон озодӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 25-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Мо саҳми Шуморо дар таҳкими ваҳдати халқи тоҷик, рушди кишвар, ҳамчунин дар рушди сиёсиву иқтисодӣ, баланд арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт.
Мутмаинам, ки муносиботи бар анъанаҳои дӯстии бисёрасра асосёфта ва муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои мо минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон рушд мекунад.
Бо истифода аз ин фурсат, Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо саломатии бардавом, ба мақоми масъули Шумо муваффақият ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Пранаб Мукерҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худам, бо хушнудии бузург паёми гарми табрикии худро ба Шумо - Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон, вобаста бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мерасонам.
Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар тӯли солҳои зиёд, таҳкурсии қавиро барои муносибатҳои зич, дар асоси таърих ва робитаҳои фарҳангии муштараки мо гузоштаанд. Ман хушбахтам аз он, ки мубодилаи боздидҳои сатҳи олӣ ба таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои мо мусоидат намуд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо минбаъд низ дар солҳои оянда ба таҳкими сулҳу субот, амният ва шукуфоии минтақа ва кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард".
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешравӣ ва шукуфоиро таманно менамоям.
Ин фурсатро ҷиҳати изҳори эҳтироми худ ба Шумо - Ҷаноби Олӣ ғанимат медонам”.

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман, дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат фармоед табрикоти самимии худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дорам.
Бароям зикр намудан гуворост, ки муносибот миёни Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамгироӣ ва эҳтироми мутақобила, ки ман имкон дорам зимни сафари худ ба кишвари зебоманзари Шумо шахсан мушоҳида намоям, рушд мекунанд.
Умедворам, ки меҳмоннавозии муқарраротиро зимни сафари Шумо ба Ҷумҳурии Чехия фароҳам орам.
Ба Шумо - Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар корҳои созанда баҳри шукуфоии кишвар муваффақият орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Шумо ва дар шахси Шумо халқи дӯсти Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик менамоям.
Озарбойҷону Тоҷикистонро дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии зич ба ҳам мепайванданд. Мутмаинам, ки муносиботи дуҷониба, ки ба анъанаҳои неки бисёрасра асос ёфтаанд, минбаъд низ таҳким ёфта, мунтазам рушд мекунанд.
Ба Шумо - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавӣ, дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:
“Ҷаноби Олӣ!
Барои ман камоли хушнудӣ аст, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи 25 - солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимонатарин табрикотамонро арз намоям.
Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои ахир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Шумо мебошад. Тавсеи муносибатҳои дуҷонибаи Покистону Тоҷикистон низ бозтоби дидгоҳу ҳадафҳои муштараки мо ҷиҳати таъмини сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ на танҳо дар ду кишвари мо, балки дар тамоми минтақа мебошад. Ман бовари комил дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи мо беш аз пеш дар ростои манфиати муштараки мардумон ва кишварҳои мо тавсеа хоҳанд ёфт.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил, хушнудӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукуфоиро орзумандам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, волотарин эҳтироми маро бипазиред”.

Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда, дар барқияаш гуфтааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Полша ва шахсан аз номи худам табрикоти самимии худро ба Шумо - Ҷаноби Президент ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ирсол медорам.
Полша омодааст талошҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими соҳибистиқлолии худ, ба хотири навсозии кишвар ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, дастгирӣ намояд.
Ба кишвари Шумо ва тамоми сокинони он дар роҳи таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ шукуфоиву муваффақият таманно дорам».

Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев, дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 25-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қабул фармоед.
Мутмаинам, муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ва ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи мо бунёд ёфтааст, минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавӣ, дар фаъолияти масъули давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоии минбаъда таманно дорам”.

Амири Давлати Қатар  Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Барои ман боиси сарфарозист, ки дар робита ба ҷашни Рӯзи Истиқлоли кишваратон бо камоли масаррат ба Ҷаноби Олӣ ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худ самимонатарин табрикоту таманниётамонро ирсол дорам.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу хушрӯзиҳо, ба мардуми бародари Шумо шукуфоиву рифоҳияти доманадор ва, инчунин, ба муносибатҳои дуҷонибаи миёни кишварҳоямон таҳкиму тавсеаи бештарро дар солҳои оянда орзумандам.”

Президенти Ҷумҳурии Индонезия  Ҷоко Видодо, зимни табрикоти худ овардааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли майл табрику таҳнияти гарму самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, табрику таҳнияти гарму самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон арз менамоям.
 Бо ёдоварӣ аз вохӯрии ахири мо, зимни сафаратон ба Ҷакарта, ман ба ояндаи ҳамкориҳои байни кишварҳоямон ба назари нек менигарам. Ман бовари комил дорам, ки Индонезия ва Тоҷикистон бояд якҷоя пешрафт кунанд ва барои пешбурди манфиатҳои миллии кишварҳоямон беш аз пеш талош варзанд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, сипосу эҳтироми маро бипазиред. Шахсан ба Шумо сиҳатмандии комил ва ба мардуми Тоҷикистон хушнудию некуаҳволиро орзумандам”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 2422

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед