logo

сиёсат

Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

Субҳи 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сарвари давлатро сокинони шарафманду меҳнатқарини ин ноҳияи баландкӯҳ бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

МЕҲРОН ЧАРОҒОН ГАШТ
Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.
Хати барқ ба ин мавзеъ аз масофаи 2 км оварда шудааст. Айни замон барои чароғон кардани шаҳраки нав 12 Кв қувваи барқ сарф мешавад. Дар оянда пас аз сохта шудани дигар биноҳо талаботи шаҳрак ба 20 Кв қувваи барқ хоҳад афзуд. Корҳои васлу насби таҷҳизоти барқӣ ва равшанидиҳандаро дар шаҳраки навбунёд ҶДММ "Само" анҷом додааст.
Дар ин ҷо, инчунин, бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшиданӣ ва полизӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хати об ба шаҳраки навбунёди Меҳрон аз сойи Каллахона, ки дар масофаи 11 километр ҷойгир аст, оварда шудааст. Ин об барои обёрӣ намудани зиёда аз 50 гектар замин ва таъмин намудани бошандагони шаҳраки нав бо оби нӯшиданӣ кифоя аст.

ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАИ НАВИ МАРКАЗИ МАЪМУРИИ НОҲИЯ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардиданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки шаҳраки нав дар мавзеи дашти Рогиф, дар масоҳати  15 гектар бунёд мешавад. Дар сохтмони шаҳрак тамоми талаботи шаҳрсозии муосир ба эътибор гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа дар давоми даҳсолаҳои оянда дар шаҳрак 47 бинои  маъмурию маишӣ, ба монанди беморхона, мактаб, боғчаи бачагон,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, хонаҳои баландошёна ва маконҳои фароғатӣ сохта хоҳанд шуд. Фармоишгари сохтмони шаҳраки нав Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, лоиҳаи онро ҶДММ  «Суғдшаҳрофар» таҳия кардааст.
Пешвои миллат ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи нави шаҳраки Меҳрон   масъулону сохтмончиёнро барои бо сифати баланд анҷом додани ҳамаи корҳои сохтмонӣ муваззаф намуда, иброз доштанд, ки тамоми биноҳои маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бояд бо шаклу намои зебо сохта шуда, барои сокинони он тамоми шароитҳои будубош муҳайё гардад.

МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БО ТАРҲИ ЗАМОНАВӢ
Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - шаҳраки Меҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз 16 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои оилаҳои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пешбинӣ гардидааст. Дар ин манзилҳои истиқоматӣ, ки бо тарҳи замонавӣ оро ёфтаанд, барои бошандагон шароити лозимаи зисту зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки тавассути неруи барқ кор мекунад, гарм нигоҳ дошта мешавад.
Чуноне иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида буд. Фармоишгар - идораи сохтмони асосӣ ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корхонаи сайёри механиконидашудаи 101" - и ноҳия мебошанд ва замони сохтмон 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.
Маблағи лоиҳавии иншоот 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ бошад, аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ 1,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан калиди якчанд манзили истиқоматиро ба соҳибонашон супурданд ва барои зиндагии ободу осудаашон дар ин манзилҳо ба онҳо дуои хайр доданд. Дар навбати худ, сокинон барои ин гуна дастгириҳояшон ба Сарвари давлат арзи сипосу миннатдорӣ карданд ва инро намунаи қадрдонии кору фаъолияти худ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат арзёбӣ намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ туфайли дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии хизматчиёни давлатӣ беҳтар гардида, мушкилоти маишии онҳо зина ба зина ҳалли худро пайдо намуда истодааст. Мавриди истифода қарор гирифтани ин бинои нави истиқоматӣ далели воқеии ин гуфтаҳост. Роҳ ва майдони назди бино асфалтпӯш гардида, гирду атрофи он чароғон шудааст.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ аз корҳои анҷомшуда дар бинои нав, ба сифати он баҳои баланд доданд.
Масъулон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки оянда дар таҳхонаи ин бино як толори муосири варзишӣ ҳам бунёд карда мешавад. Ободонии гирду атроф ва бунёди майдонча барои бозии кӯдакон ҳам мувофиқи нақша амалӣ мегардад.


ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАҚОМОТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуданд.
Бинои собиқи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бар асари лағжиши қитъаи замин дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, аз истифода берун гардида буд. Масъулон бошанд, то ин дам дар бинои қасри фарҳанг фаъолият мекарданд.

Бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз таҳхона, ду ошёна, 26 утоқи корӣ, 11 ҳуҷраи ёрирасон ва ошхона иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, онҳо дар фасли сармо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки тариқи неруи барқ кор мекунанд, гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Масоҳати умумии иншоот 2 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди бино ду толори маҷлис, яке бо ғунҷоиши 50 ва дигаре бо 300 ҷойи нишаст бо ҷиҳози лозима таъмин мебошанд.
Арзиши лоиҳавии иншоот 9 миллион сомониро ташкил дода, он пурра аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардидааст.
Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Суғд ИНТИЗ" таҳия гардида, дар корҳои фармоишӣ идораи сохтмони асосӣ ва пудратчигӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Манзили Кӯҳистон" саҳм гирифтаанд.
Бо мақсади тобоварии иншоот ба иқлими маҳал аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода шудааст.
Сарвари давлат ба шарту шароити дар бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фароҳамгардида шинос шуда, аз аҳли кормандон даъват намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо сатҳу сифати коргузориро беҳтар ба роҳ монанд.


БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ АТЛАСУ АДРАСБОФӢ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан карданд.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам оварда  шудааст. Феълан дар коргоҳи дӯзандагӣ 20 адад мошинаҳои муосири дарздӯзӣ харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 20 нафар занону бонувони ҳунарманд бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мебошанд.
Дар сехи атласу адрасбофӣ, ки дар шафати коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир аст, 25 дастгоҳи бофандагӣ танзим карда шудааст ва дар он бонувони ноҳия ба омода кардани матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд, ки аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва ришта истеҳсол мешавад, машғул мебошанд.
Дар ин коргоҳ ҳамарӯза аз ҳар як дастгоҳ аз 10 то 15 метр матои аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад ва он чи дар бозорҳои дохилӣ ва чи берун аз ноҳия талабгорони зиёд доранд. Ҳамакнун дар ин марказ дилхоҳ нафароне, ки хоҳиши касбомӯзӣ доранд, ройгон ва дар асоси роҳхатҳои Агентии шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани ин тадбири хайр ба масъулон барору муваффақият хостанд.


МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз ду ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат нахуст ҳозиронро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба ҷашни бузурги миллиамон, 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода ва маҳсули даврони истиқлолият буда, дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат он ҳам аз файзу баракати ин неъмати бебаҳои таърихӣ баҳравар гардидааст. Аз ҷумла, назар ба чанд соли пеш, имрӯзҳо дар ин минтақаи дурдаст туфайли кӯшишҳои мардуми заҳматқаринаш корҳои зиёди созандагиву ободонӣ иҷро гардида, тарҳу симои он ба куллӣ дигаргун шудааст.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар навбати худ Ҳукумати мамлакат низ дар доираи ҳадафҳои созандааш ҷиҳати ба як гӯшаи ободу зебо табдил додани ин минтақа аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст. Бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки  ҷиҳати таъмини  рушди гуногунсоҳаи ноҳия дар 15 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Ин бошад, имкон фароҳам овард, ки соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ноҳия, аз қабили  муассисаҳои маорифу тандурустӣ таҷдиду навсозӣ гарданд ва соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ пешрафт намояд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки давоми панҷ соли охир майдони кишти картошка аз 230 ба 2000 гектар расонда шуд. Дар ин замина, соҳаи човодорӣ ҳам рушд ёфта, саршумори он ба маротиб зиёд гардид.
Сарвари давлат зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиронро ба рушди соҳаҳои даромаднок ва истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда равона намуда, ба масъулон дастур доданд, ки дар наздиктарин фурсат иҷрои амалии онҳоро ба роҳ монанд.
Дар фароварди суханронии худ Пешвои миллат мардуми маърифатпарвари ноҳияро ба посдории суннатҳои аҷдодӣ, гиромидошти анъанаҳои халқӣ ва тарбияи насли ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

ОҒОЗИ ЧИНИШИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ВАЛИҒУНД»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳамзамон, дар хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» - и Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оғози чиниши картошка иштирок ва бо дастовардҳои кишоварзон шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони бештар аз 2 ҳазор гектар картошка кишт намуданд. Чиниши картошка нахуст бо истифода аз техникаи соҳавӣ дар хоҷаги деҳқонии «Валиғунд» оғоз шуд.
Майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» 173 гектарро ташкил медиҳад ва имсол аъзои он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 80 гектар кишти картошка гузаронданд.
Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2016 барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам овард. Агар дар соли 1991 майдони кишти картошка дар ноҳия 283 гектар бошад, имрӯз майдони кишт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба бештар аз 2 ҳазор гектар расонда шудааст, ки ин нишондоди баланд ва муваффақияти комили мардуми заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.
Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия навъҳои тухмии «Тоҷикистон», «Мастчоҳ-1», «Овчӣ», «Биг - роза», «Манатоу», «Романсе», «Кардинал», «Алладин» ва дигар намудҳо кишт карда шудааст. Интихоби тухмиҳои ба иқлими ноҳия мувофиқ ва заҳмати пайвастаи кишоварзон барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам оварда, тибқи дурнамо соли равон аз ҳар гектар аз 350 то 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд.
Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» бори аввал тухмии навъи «Биг - роза» - ро кишт карданд ва ҳосили интизории кишоварзон аз ҳар гектар 450 сентнерро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ҳосили интизории картошкаи аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли равон бештар аз 70 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Зимни шиносои бо шароити ҷойҳои нигоҳдории картошка иттилоъ дода шуд, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулотро то фасли зимистон нигоҳ медоранд ва иқтидори ҳар яки он то 15 тонна картошкаро ташкил медиҳад. Баъдан маҳсулот дар фасли сармо ва аввали баҳор ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.  
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия шинос шуданд. Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни картошка, гандум, ҷав, беда, себу зардолу ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар ҳудуди ноҳия саршумори қутос ба 883 сар, чорвои майда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бошад, наздик ба 113  ҳазор ва саршумори чорвои калон ба 14616 сар расидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мувофиқ будани иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зиёд намудани саршумори қутос, моли майда ва дар маҷмӯъ тараққӣ додани соҳаро аз ҳисоби зотҳои сермаҳсул мувофиқ арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти картошкапарварон ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои васеъ намудани майдони кишт ва зиёд кардани истеҳсоли он дастур дода буданд. Маҳз иҷрои дастуру супоришҳои саривақтии Пешвои миллат ва татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012 - 2016 имкон фароҳам овард, ки майдони кишт ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан зиёд шавад.

ИСТИҚБОЛ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД
12 сентябри соли равон дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.
Дар Варзишгоҳи марказии ноҳия наздик ба 3 ҳазор нафар сокинони ноҳия Пешвои миллатро бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Аҳли ҳунару толибилмон ба хотири ташрифи Президенти мамлакат барномаи зебову рангинро манзур намуданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАКТАБ ДАР МАҲАЛЛАИ «БАХТ»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20, воқеъ дар маҳаллаи «Бахт» - и Ҷамоати шаҳраки Зафаробод  иштирок карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорону хонандагони муассиса бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол намуданд.
Пешвои миллат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нав аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, бо шароити таълиму тадрис дар муассисаи мазкур шинос шуданд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, биное, ки то имрӯз хонандагон дар он ба таълим фаро гирифта мешуданд, соли 2006 дар заминаи озмоишгоҳи хоҷагии давлатии ба номи Рифъат Ҳоҷиев ба истифода дода шудааст ва дар соли хониши 2015 - 2016 дар муассиса 460 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил менамуданд. Бо назардошти он, ки сол то сол шумораи хонандагон дар ин муассиса зиёд шуда, эҳтиёҷ барои синфхонаҳои иловагӣ ба вуҷуд омад, моҳи марти соли 2016 сохтмони бинои нави он оғоз гардид.
Бояд зикр кард, ки дар баробари бунёди бинои нав, инчунин бинои пешинаи муассиса низ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Бинои нав барои 360 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва он аз 12 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи фанҳои дақиқ, китобхона, хонаи омӯзгорон ва ҳуҷраҳо барои гузарондани маҳфилҳои рӯзғордорӣ иборат буда, ҳамзамон дорои толори варзишии иборат аз 240 ҷойи нишаст ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамакнун баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави бо тарҳи замонавӣ ва дорои тамоми шароити тадрис бунёдёфта дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар ду баст имкон аст то 700 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шавад.
Маблағи умумии бунёди бино 7 миллион сомонӣ дар он корҳои сохтмони моҳи марти соли 2016 оғоз гардидааст ва дар муддати 6 моҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёру талаботҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хонаи дониш» - и шаҳри Хуҷанд сохта шудааст. Фармоишгари бинои мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Дар рафти сохтмон аз 50 то 70 нафар сохтмончиён бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Зимни боздид аз синфхонаҳо, толори варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасони муассиса Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки акнун омӯзгоронро мебояд дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳамаҷониба кӯшиш намоянд ва вазифаи пуршарафи омӯзгориро аз самими қалб иҷро кунанд. Зеро дар сурати дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас мо метавонем дар оянда ба дастовардҳои аз имрӯза ҳам зиёдтар ноил гардем. Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон дар муассиса 37 нафар омӯзгорони соҳибтахассус ва бо таҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд.
Муассиса дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 830 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва масоҳати иншоот бошад, ба 1 ҳазору 660 метри мураббаъ баробар аст.
Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маорифи мамлакат аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар  таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, дар давоми 25 сол ин соҳаи афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуд ва мо дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Гуфта шуд, ки дар оянда низ дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи давлату Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш роҳандозӣ мегардад.

ИШТИРОК ДАР НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Баъди ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» бо ҷараёни оғози ғунучини пахта ва фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуданд.
Тавре аён гардид, дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ҷамъоварии ҳосили пахта тавассути мошинҳои махсуси пахтачинӣ сурат мегирад. Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бахт» дар майдони 10 гектар кишти пахта гузаронда шудааст ва ҳосилғундорӣ дар ин хоҷагӣ пурра бо истифода аз техникаҳои пахтачинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Зафаробод бошад, имсол хоҷагидорон дар майдони 9 ҳазору 325 гектар пумбадона кишт намудаанд, ки ҳосили қариб 300 гектари он тавассути техникаҳои махсуси пахтачинӣ ҷамъоварӣ мегардад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки маҷмӯъан кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол дар майдони 6 ҳазору 600 гектар ғалладонагиҳо, 8 гектар картошка, 416 гектар  сабзавот, 1 ҳазору 300 гектар полизиҳо ва 9 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд ва масоҳати умумии боғу токзор дар ноҳия бошад, 976 гектарро ташкил медиҳад.
Аз рафти ҷамъоварӣ ва ба андешаи мутахассисон дар назар аст, ки имсол хоҷагиҳои пахтакории ноҳия то 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд мебошад.
 Сипас, Сарвари давлат дар намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод, ки дар ҳамин хоҷагӣ ташкил гардида буд, иштирок намуданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти самарабахш ва натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия бештар аз 40 номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полизиҳо, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, мевагиҳо, хушкмевагиҳо, маҳсулотҳои нонӣ ва асалро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии 5 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия истеҳсол мешавад ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳс бо меҳнати пайваста ва фидокорона мо метавонем ба амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардем ва дар ин замина сатҳи зиндагии мардуми кишвар беҳтару хубтар шавад. Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Зафаробод 3 ҳазору 786 хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 639 ададаш хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ мебошад. Имсол дар маҷмӯъ аҳли заҳмати ноҳия дар масоҳати 28 ҳазору 255 гектар кишти зироати гуногуни кишоварзӣ гузаронда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд.

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ҲУНАРОМӮЗИИ “АЗИЗА”
12 сентябр дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии  “Азиза” расман оғоз бахшиданд.
Сохтмони бинои коргоҳи мазкур дар маркази ноҳия 1 солу 6 моҳ  идома ёфта, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар коргарони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Бинои ин коргоҳ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 724 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Манучеҳр Сангинов ва Умед Шарифов сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат бо шароити меҳнатии фароҳамовардашуда дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо доданд.
Дар коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” 40 нафар занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, имконияти гирифтани беш аз 1000 сомонӣ маошро доранд. Иттилоъ дод шуд, ки дар коргоҳи мазкур дӯхти сарулибоси мактабӣ ва рахти хоб роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми бино  атласу адрасбофӣ ба роҳ монда шудааст, ки феълан на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ ҳадаф доранд, дар оянда дар таҳхонаи ин бино сехи қаннодӣ бунёд намуда, ба ин васила ҳам талаботи сокинони ноҳияро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин кунанд ва ҳам барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкоронро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонданд.

ИФТИТОҲИ МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА БАРАФРОХТАНИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ
Дар маркази шаҳраки Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро гирифта, Парчами миллиро боло бардоштанд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову дигар муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.
  Лоиҳаи маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ аз тарафи Корхонаи фаръии давлатии «Лоиҳакаши вилояти Суғд» таҳия гардида, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Само», «Ҳафтранг» ва «Манора - 2014» мебошанд.
 Маҷмаа бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст. Аз ин маблағ барои сохтани муҷассама 2, 4 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Баландии мақбара 16 метр ва баландии муҷассама 6 метрро ташкил медиҳад.
 Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев, Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.
 Корҳои сохтмонӣ аз моҳи июли соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Дар паҳлуи муҷассама дар маркази шаҳраки Зафаробод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Парчами миллиро баланд бардоштанд, ки пояи он 26 метр баландӣ ва андозаи матои парчам 3,5 ба 7 метрро ташкил медиҳад. Пояи парчам аз ҷониби сохтмончиёни ноҳияи Зафаробод сохта шуд. Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Зафаробод суханронӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ба истиқболи биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Зафаробод, ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми буҷети ноҳия аз 380 ҳазор сомонии соли 1992 то 18 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст. Дар ин давра барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия танҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри пешрафти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз  250 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Имсол сокинони ноҳияи Зафаробод дар баробари таҷлили ҷашни истиқлолият, инчунин, барои ҷашнгирии ду санаи барои ноҳия муҳим, яъне 55 - солагии азхудкунии заминҳои Мирзочӯл ва 50 - солагии таъсисёбии ноҳия омодагӣ дида, хеле корҳои ободониро анҷом додаанд.
Дар охири суханронӣ бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ ва вусъати корҳои ободонӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони ноҳия барои ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи  Ҳукумати кишвар ва идомаи корҳои созандагӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.
Маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмааи навро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ барномаи рангини консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва ҳаваскорони ноҳия идома дод.

ИСТИҚБОЛ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳия Сарвари давлатро бо самимияти хоса, изҳори ҷонибдорию пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва умеду эътимоди боварибахш ба фардои дурахшони Ватан истиқбол гирифтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 2525

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед