logo

сиёсат

Пешвои миллат – Асосгузори мустақилияти ягонаи молиявии миллӣ

Тибқи сарчашмаҳои илмӣ низоми молияи давлатӣ таърихи тӯлонӣ дошта, ҳанӯз дар аҳди ҳахоманишиниёну сосониён сохтори марказонидашудаи молиявӣ тартиб дода шуда, усули марказонидашудаву мураттаби мубодилоти молию пулӣ дар империяҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду корбурди нави давлатдорӣ, такя ба анъаноти идории пешиниён такмил ва идома ёфт. Баъдтар боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, аз нигоҳи ҳуқуқию молиявӣ ҷиддан мукаммал гардид.

Даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ сохтори замонавии молиявӣ ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд ва ба ташаккули сохтори нави давлатдорӣ мусоидат кард. Шакл ва сохторе, ки дар ин давра фаъолият менамуд, ба талабот, вазифаҳои гузошташуда ва интегратсияи молияи давлатию иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқат намекард. Аз ин рӯ, иқтисодиёт то соли 1991 ба таврӣ кофӣ рушд наёфт.
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ мамлакат ба мушкилиҳои зиёд, аз қабили канда шудани муносибатҳои молиявӣ, нагузаштани амалиётҳои байниҳамдигарии молиявӣ, набудани пули миллӣ, захираҳои зарурии асъорӣ ва тилло, ба миён омадани низоъҳои шадиди шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи ин коҳиш ёфтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991 ба андозаи то 60 фоиз, касри тавозуни пардохт ба андозаи то 30 фоиз аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва садҳо маротиба боло рафтани сатҳи таваррум то ба дараҷаи аз ҳама баланд (гиперинфлятсия) 2100 фоиз ва сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар зиёда аз 80 фоиз ба амал омад. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти хӯрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум ниҳоят дастнорасу камчин шуданд.
Сипас, таҳия ва иҷрои Буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузории соҳаҳои буҷетӣ, танзими истифодабарии самараноки маблағҳои Буҷети давлатӣ ва ташкили самараноки идоракунии низоми молияи давлатӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ мебошад, ба роҳ монда шуд. Бо оғози Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мақсаду вазифаҳо дар ин самт тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯи сохтори нав ташаккул ва такмил дода шуд.
Маҳз бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мамлакат, бахусус баъди дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуд. Дар ин давра раванди ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид, ки ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат мусоидат намуд.
Новобаста аз низоъҳои дохилии шаҳрвандӣ, бори аввал соли 1994 дар ҷумҳурӣ Бонки ҷаҳонӣ дафтари муваққатии саҳроии худро ифтитоҳ намуд. Соли 1996 раванди амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати гузариши иқтисодиёти кишвар ба муносибатҳои бозаргонӣ оғоз гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи якуми ислоҳоти иқтисодиро қабул намуд, ки он аз тарафи Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, муқаррароти он бомуваффақият татбиқ гардид.
Яке аз унсурҳои асосии Истиқлолияти миллӣ аз мавҷудияти низоми ягонаи пулӣ, ки бевосита ба пули миллӣ такя мекунад, иборат аст. Ворид намудани рубли тоҷикӣ соли 1995 ба барпо гардидани низоми мустақили пули миллӣ дар Тоҷикистон асос гузошт, ки барои пеш бурдани сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва асъор шароит фароҳам овард.

Аз соли 1997, яъне баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ иқтисодиёти ҷумҳурӣ рушд ёфт. Ҳатто дар соли 2009, ки буҳрони иқтисодию молиявӣ авҷ гирифт ва коҳишёбӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон мушоҳида мешуд, ба ҷумҳурии мо муяссар гардид, ки тамоюли мусбати рушди иқтисодиётро нигоҳ дорад.
Бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 10 соли оғози ислоҳоти иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист ба пешравии воқеию назаррас ноил гардида, иқтисодиёти миллиро муътадил ва барқарор намояд. Рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна дар як сол 7 фоиз ва ҷамъоварии қисми даромади буҷет аз 14,1 фоизи нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000 то 19,9 фоизро дар соли 2005 ташкил дод. Бо роҳи гузаронидани сиёсати қатъии андозу буҷет, мутавозинии буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 81,0 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003 ва 45,0 фоиз дар соли 2010 поён шуд ва дар назар аст, ки дар соли 2020 то 20 фоиз коҳиш дода шавад.
Қобили қайд аст, ки соли 1997 ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 миллион сомониро ташкил мекард, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 88,2 сомонӣ рост меомад. Дар натиҷаи самаранок ҷорӣ намудани ислоҳоти сохторӣ дар ҳама бахши иқтисодии кишвар, ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум 24704,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 3243,6 сомонӣ ё 740,7 доллари амрикоӣ ва дар соли 2015 ба ҳар сари аҳолӣ 5662,7 сомонӣ ё 918,6 доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар 10 соли охир ҳаҷми даромадҳои Буҷети давлатӣ зиёда аз 11,2 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2016 ба 18305,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки он 31,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Хароҷоти Буҷети давлатӣ аз соли 2000 зиёда 60,1 маротиба афзоиш ёфта, аз 14,7 фоиз нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2000 то ба 32,5 фоизи Маҷмӯи  маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 баробар гардид.
Агар дар соли 2001 ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ аз рӯи захираҳои молиявӣ 380,0 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас он дар соли 2005 ба 1,4 миллиард сомонӣ, дар соли 2011 ба 8,5 миллиард сомонӣ ва дар соли 2016 то ба 18,6 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2001-ум 48,9 маротиба зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ соли 2009 ба 5,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 864,0 миллион сомонӣ зиёд буда, вазни қиёсии он нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,6 фоизро ташкил намуд, ки он нисбат ба соли 2008-ум 0,3 банди фоизӣ зиёд аст. Дар ин робита, пеш аз ҳама, маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооти муҳими давлатӣ новобаста аз вазъи бамиёномада пурра таъмин карда шуданд.
Соли 2001 барои соҳаҳои иҷтимоӣ бе дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 148,1 миллион сомонӣ ё ин ки 39,0 фоизи Буҷети давлатӣ равона шуда бошад, ин рақам дар соли 2016 ба 8333,5 миллион сомонӣ ё 45,0 фоизи хароҷоти Буҷети давлатӣ хоҳад расид, ки нисбат ба соли 2001-ум 48,9 маротиба зиёд мебошад. Аз ҷумла, маблағгузории соҳаҳои маориф 51,7 маротиба, соҳаи тандурустӣ - 52,0, ҳифзи иҷтимоӣ - 64,5, фарҳанг ва варзиш 55,4 маротиба ва дигар соҳаҳо зиёд гардидааст.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки аз соли 2001 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна қариб 12 баробар зиёд шуданд, аз ҷумла, дар солҳои 2001-ум  40 фоиз, 2002 - 40, 2003 - 20, 2004 - 25, 2005 ба ҳисоби миёна - 80, 2006 ба ҳисоби миёна - 50, 2007 ба ҳисоби миёна - 60 фоиз, 2008 мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2 маротиба, тандурустӣ 70 фоиз, илм, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ – 50, маориф - 40, 2009 - 15, 2010 - то 10 фоиз ва соли 2013-ум 15 фоиз зиёд шудааст.
Ин иқдом новобаста ба шиддати буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳон соли 2016 низ идома ёфта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016 таҳти №697 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июл ҳадди ақали музди меҳнат барои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст, музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ 20 фоиз ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 230 сомонӣ муқаррар карда шуд. Маоши вазифавии кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 20 фоиз ва музди меҳнати дигар сохторҳо тибқи фармони мазкур тақвият дода шуданд.
Соли 2000 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 105,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, баъди ҷаҳду талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то 1 январи соли 2006 бо дарназардошти муътадил гардидани вазъи иқтисодӣ, баъди гуфтушунидҳои тӯлонии самаранок бо қарздиҳандагон ва ба расмиятдарории як қисми қарзҳо ба грант, қарзи давлатии берунии ҷумҳурӣ то 30,6 фоиз коҳиш дода шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтори идоракунии молиявӣ дар ҷумҳурӣ такмил ёфта, воҳидҳои сохтории хазинадорӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, кор бо металлу сангҳои қиматбаҳо, хазинаи дороиҳои давлатӣ, мониторинги корхонаҳои азим, аудити дохилӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ таъсис шуда, шуъбаҳои молияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба раёсат, департамент ва минбаъд ба сарраёсату раёсатҳо табдил дода шуданд.
Дар самти такмили низоми молияи давлатӣ, бо дарназардошти хароҷоти давлатӣ, хариди давлатӣ, ҳисоботи молиявӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ислоҳоти хазинадорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори аудиторӣ, ҳисобдорӣ ва ҳисобот ва татбиқи стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии бухгалтерӣ корҳои зиёд амалӣ карда шуд.
Нимаи дуюми соли 2000 барои сиёсати молия ва андоз соли оғози пешравӣ ва амалигардии тадбирҳои нав дар самти татбиқи ислоҳоти молиявӣ буд. Яке аз воқеаҳои хеле муҳим ва фараҳбахше, ки дар даврони истиқлол ба вуқӯъ пайваст, ин бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ - сомонӣ буд, ки ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ, инчунин беҳдошти ҳолати молиявии он таъсири мусбат расонида, дар самти муътадил гардонидани Буҷети ҷумҳурӣ ва вазъи иқтисодиву молиявии он, беҳдошти вазъияти байналхалқиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.
Қадами мазкур бо маҷмӯи дигар чорабиниҳои иқтисодӣ-молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрӣ ҷиҳати таъмини сирри бонкӣ ва ҳифзи амонатҳо ва як зумра тадбирҳои дигар имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва заминаи заруриро барои соли 2000  дар таърихи давлатдории тоҷикон баъд аз ҳазор сол ҷорӣ намудани пули миллии нав - сомонӣ фароҳам оварад.
Пули миллӣ - сомонӣ дорои ҳама унсури замонавии муҳофизатӣ ва нишонаҳои воқеан миллӣ буда, чун таҷассумкунандаи сиёсати нави молиявию иқтисодӣ барои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ такони нав бахшид. Фаъолияти бонкҳои ватанӣ таҳким ёфта, эътидоли қурби мубодилавии сомонӣ ба даст омад, озодкунии фаъо­лияти бозори асъори хориҷӣ анҷом дода шуд, ки ин омилҳо дар маҷмӯъ ба баланд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, афзудани сармояи бонкҳо ва ҳаҷми амонатҳо мусоидат намуд.
Дар ин давра ҷиҳати таҳкими сиёсати молиявию иқтисодии мамлакат як қатор қонунҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи суғуртаи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», Кодексҳои андозу гумрук, инчунин «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», «Стратегияи миллии рушд», «Стратегияи рушди назорати давлатии молиявии дохилӣ», «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ», стратегияҳои рушди бозори қоғазҳои қимматнок, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит, идоракунии қарзи давлатӣ ва барномаҳо оид ба механизми нави маблағгузории соҳавӣ (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия) қабул шуданд ва амалӣ гардидани ин стратегияҳо имрӯз ҳам идома доранд. Таҳия ва иҷрои буҷет аз рӯи гурӯҳбандии нави буҷетии даромад ва хароҷот амалӣ гардид, ки он сохтори буҷетро аз рӯи принсипҳои иқтисодӣ ва вазифавӣ муайян намуда, ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ гардонид.
Дар маҷмӯъ, дар давраи Истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд, ки татбиқи амалии онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Санади дигари муҳим «Барномаи давлатии инвеститсионӣ бо назардошти сармоягузории хориҷӣ аз ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва мамлакатҳои донор» буд, ки барои солҳои 2005-2007 қабул гардида, ба татбиқи амалии Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардид.
Бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани маблағгузории хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла шаҳрҳои Токио, Париж, Вена ва Душанбе ҷаласаҳои гурӯҳи донорҳои маблағгузори Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар як ҳамоиш, ки соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз тарафи донорҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ 900 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод шуд, ки 700 миллион доллари онро грантҳо, кумакҳои техникӣ ва дигар маблағҳо ташкил намуда, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона карда шуданд.
Соли 2006 дар ҷумҳурӣ бори аввал Буҷети давлатии миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се соли оянда таҳия гардид, ки дар асоси он татбиқи ислоҳоти молиявӣ дар соҳаи сиёсати андозу буҷети ҷумҳурӣ давом дода шуда, амалӣ намудани Барномаи миёнамуҳлати хароҷот, Стратегияи кам кардани қарзи хориҷӣ ва татбиқи Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳар сол зиёд намудани хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд.
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳониён ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид. Фақат дар 25 соли охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз қабили Хазинаи байналхалқии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Фонди саъудии рушд, Фонди қувайтии рушди иқтисоди Араб, Бонки рушди Олмон, Фонди Абу Даби, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди ОПЕК, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд, «Эксимбонк»-и Хитой, Агентии шветсиягии байналмилалии рушд, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Намояндагии рушд ва ҳамкории Швейтсария, Комиссияи Аврупо, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд, ки натиҷаҳои он хеле назаррас мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна яке аз аввалин давлатест, ки соли 2014 расман ба узвияти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ пазируфта шуд ва ҳамкориҳои худро оғоз бахшид.
Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки дар давраи Истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ зиёда аз 239 лоиҳаи муштараки инвес­титсиониро ба маблағи зиёда аз 5,5 миллиард доллари амрикоӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба имзо расонида, онро дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт татбиқ намуд, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 24 лоиҳа ба маблағи умумии 467,4 миллион доллари амрикоӣ, маориф - 18 лоиҳа ба маблағи 254 миллион доллари амрикоӣ, тандурустӣ - 20 лоиҳа ба маб­лағи 124 миллион доллари амрикоӣ, ҳифзи иҷтимоӣ - 5 лоиҳа ба маблағи 54,9 миллион доллари амрикоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 39 лоиҳа ба маблағи 286 миллион доллари амрикоӣ, кишоварзӣ - 43 лоиҳа ба маблағи 524 миллион доллари амрикоӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 35 лоиҳа ба маблағи 1,9 миллиард доллари амрикоӣ, нақлиёт - 47 лоиҳа ба маблағи 1,7 миллард доллари амрикоӣ ва 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 101,3 миллион доллари амрикоӣ. Инчунин 10 Созишнома ба маблағи 230,4 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки барои дастгирии Буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ равона шуданд.
Бо шарикии Бонки ҷаҳонӣ 55 лоиҳа, Бонки осиёии рушд – 38, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд - 29, Агентии Ҷопон оиди ҳамкориҳои байналмилалӣ - 24, Бонки исломии рушд - 22, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд - 22, «Эксимбонк»-и Хитой - 14, Фонди саъудии рушд - 8, Фонди ОПЕК - 8, Фонди қувайтии рушди иқтисоди Араб - 4, Бонки рушди Олмон - 3,  Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ - 2 лоиҳа ва бо бисёр инс­титутҳои молиявии байналмилалии дигар лоиҳаи инвеститсионӣ ба имзо расида амалӣ шудааст (ба истиснои маълумоти соли 2016).
Соли 2006 бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳои муфид ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз гардид, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Хуб дар ёд дорам, вақте ки созишномаҳои молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок, сохтмони хатҳои баландшиддати барқи «Ҷануб - Шимол» ва «Лолазор – Хатлон» баррасӣ мешуданд, баъзе «мутахассисони соҳа» ва «коршиносон» ба амалишавии онҳо шубҳа доштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалию дурандешии хеш, қатъӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти имтиёзҳо, яъне ҷалби қарзҳои дарозмуҳлат, паст кардани меъёрҳои қарзӣ, зиёд намудани давраи имтиёзӣ ва элементҳои грантӣ маблағҳои мазкур ҳатман ба иқтисодиёти кишвар ҷалб карда шаванд.
Вақте ки кишварҳои ҳамсоя бо мақсади ба миён овардани буҳрони энергетикию коммуникатсионӣ, ғайричашмдошт яктарафа аз системаи ягонаи энергетикии Осиёси Миёна баромаданд, Лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати барқии «Ҷануб - Шимол» ва баъдтар таҷдиду барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок анҷом ёфт, бори аввал дар таърихи навини кишвари тозаистиқлоламон Ҷанубу Шимоли кишвар аз нигоҳи энергетикӣ ва коммуникатсионӣ пайваст гардида, чун боду ҳаво зарур будани лоиҳаҳои мазкур исбот гардид.
Дар охири соли 2008 ва аввали соли 2009 соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳонро буҳрони иқтисодию молиявӣ фаро гирифт. Дар охири соли 2008 аввалин нишонаҳои буҳрони молиявӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ аён гардиданд. Суръати афзоиши интиқоли пулӣ коҳиш ёфта, нархи маҳсулоти содиротии кишвар батад­риҷ поён рафт, бонкҳои тиҷоратӣ бо сабаби кам гардидани пасандозу воситаҳои фаъол дар асъори хориҷӣ бо мушкилоти ба пардохтпазирӣ алоқаманд рӯ ба рӯ шуданд.
Баланд гардидани меъёри таваррум, коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ, зиёд гардидани касри Буҷети давлатӣ, коҳиш ёфтани нархи молу маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ва кам гардидани талабот нисбат ба онҳо, ки ба содирот таъсири манфӣ мерасонанд, кам гардидани талабот нисбат ба қувваи корӣ дар давлатҳои хориҷи кишвар, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёд гардидани шумораи бекорон дар дохили кишвар, зиёдшавии маблағгузории буҷет, ҷиҳати таъминоти иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ, сафарбаркунӣ ба омӯзиши касбӣ, хизматрасонии тиббӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, аз ҷумла калонсолон, дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ тавассути зиёд намудани қарзҳои хурд, кам гардидани интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар, талаботи иловагӣ оиди ҷалби қарзҳои берунӣ барои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, баланд гардидани нархи хизматрасониҳои коммуналӣ, рух додани офатҳои табиӣ, коҳиш ёфтани депозитҳо дар бонкҳо аз ҳисоби аҳолӣ ва дигар омилҳои мавҷуда хавфҳои зиёди фискалиро ба миён оварданд.
Дар солҳои 2009, 2015 ва 2016 буҳрони молиявӣ боз ҳам шиддат гирифт ва қурби асъори миллӣ (сомонӣ) коҳиш ёфта, воридоти пулӣ нисбат ба январи соли 2008 то 3 маротиба кам гардид.
Бо мақсади паст намудани шиддатнокии буҳрони молиявӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дар ин замина таъмин намудани даромади Буҷети давлатӣ, дастгирии молиявии давлатӣ ва ҳавасмандкунии соҳибкории хурду миёна ва роҳ надодан ба коҳиш ёфтани ҳолати молиявии корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ қабул гардид, ки дар доираи он дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини иҷрои пурраи уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ, афзоиши барномаҳои касбомӯзӣ ва таъсиси марказҳои бозомӯзии калонсолон дар ҷумҳурӣ, дастгирии корхонаҳои молистеҳсолкунандаи ватанӣ ва бо кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самарабахши захираҳои дохилӣ ва омӯзиши воқеии талаботи дохилии давлат (сармоягузорӣ ва хариди мол аз тарафи давлат), афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, истифодаи техника ва технологияи навтарин, маҳдуд намудани фишорҳои маъмурӣ ба тиҷорат ва соҳибкорӣ, таҳияи буҷети хусусияти зиддибуҳронидошта ва чорабиниҳои дигар пешбинӣ шуда, давра ба давра мавриди амал қарор дода шуданд. Барои дастгирии Буҷети давлатӣ аз ташкилоти байналмилалии молиявӣ аз соли 2009 то соли 2015 ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ ҷалб гардида, дар буҷети соли 2016 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 100,0 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона гардидаанд.
Бо мақсади ба соҳаҳои афзалиятнок равона намудани захираҳои молиявӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ секвестори Буҷети давлатӣ гузаронида шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва инчунин барои солҳои 2015 ва 2016» қабул карда шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ аз рӯи даромад ва хароҷот нисбат ба буҷети тасдиқшуда, аз рӯи хароҷоти дуюмдараҷа ба миқдори муайян кам карда шуд. Вале, новобаста аз тағйироти ба буҷет воридгардида хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш дар доираи буҷети тасдиқшуда нигоҳ дошта шуда, ҳатто хароҷоти соҳаҳои мазкур нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда шудаанд.
Ба ғайр аз ин, новобаста аз буҳрони шадиди молиявӣ дар соли 2008 ва солҳои минбаъда рушди иқтисодиёти кишвар таъмин гардида, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия, нисбатан бо афзоиши зиёдтар, ба ҳисоби миёна 80 фоиз ва дар давраи минбаъдаи буҳрони молиявии солҳои 2009, 2010, 2013 ва соли 2016 ин иқдом идома ёфта, зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия ба андозаҳои муайян таъмин карда  шуд.
Солҳои охир Буҷети давлатӣ новобаста аз хусусияти иҷтимоӣ доштан характери тараққиёт, яъне маблағгузории рушди иқтисодиёти воқеӣ ва сармоягузории асосиро касб намуда истодааст, ки дар се соли охир маблағгузорӣ ба ин мақсад зиёда аз 25 фоизи ҳаҷми умумии Буҷети давлатиро ташкил намуд.
Дар 25 соли Истиқлолият дар ҷумҳурӣ иншооти муҳими дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавидошта, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», азнавсозии фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, сохтмони хатти роҳҳои оҳани «Қӯрғонтеппа-Кӯлоб», «Душанбе – Ёвон – Қӯрғонтеппа», кони гази «Хоҷасартез», таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара - Кӯлоб, Кӯлоб – Қалъаи - Хумб - Мурғоб –Қулма - шоҳроҳи Қароқум, қитъаҳои Шкев - Зиғар, Шоғун - Зиғар (марҳилаҳои 1, 2 ва 3), Душанбе – сарҳади Қирғизистон (марҳилаҳои 1, 2 ва 3), Душанбе –Чанок - сарҳади Ӯзбекис­тон, Душанбе - Қулма, марҳилаи 1 –и давраи 2 қитъаи Душанбе –Данғара, Қӯрғонтеппа - Панҷи Поён, Душанбе - Турсунзода, Айнӣ - Панҷакент, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Шар-шар», сохтмони хатҳои баландшиддати «Лолазор -Хатлон», «Ҷануб -Шимол», «Хуҷанд - Айнӣ», Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе марҳилаи 1, литсейҳои президентӣ дар маркази маъмурии вилоятҳо ва Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ва садҳо иншооти муҳими давлатию иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Танҳо дар як самти комплекси агросаноатӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузории садҳо барномаи соҳавӣ, аз қабили барномаҳои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ, хариди заҳрхимикатҳо ва маводҳои зарурӣ, мубориза бар зидди малах, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, боғу токпарварӣ, хариди тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва картошка, моҳипарварӣ, қутоспарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, минтақаҳои чарогоҳ, беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани онҳо, асппарварӣ, тариқи лизинг харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ ва ғайра амалӣ шуданд.
Инчунин, айни замон сохтмони иншооти ҳаётан муҳиму стратегии аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавидошта, аз қабили иншооти неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Шӯроб» (корҳои лоиҳакашӣ), сохтмону азнавсозии шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Мурғоб - Қулма Қароқум (қитъаи Кӯлоб – Шӯрообод - Қалъаи Хумб), татбиқи сохтмони хатти Лулаи гази Осиёи Марказӣ - Хитой, сохтмони хатти интиқоли барқи Қирғизис­тон - Тоҷикистон – Афғонистон - Покистон дар доираи лоиҳаи CASA -1000, сохтмони масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе, оғози сохтмони қитъаи роҳ аз хиёбони ҳайкали Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон», сохтмони бинои замонавии «Театри миллӣ», Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе (марҳилаи 2), сохтмони иншооти замонавии варзишгоҳ барои 50 ҳазор ҷойи нишаст ва даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоию фарҳангӣ босуръат идома доранд.
Мавҷуд будани суботи макроиқтисодӣ ва иродаи сиёсӣ имконият дод, ки марҳилаи навбатии ислоҳоти молияи давлатӣ дар доираи Фармони Президенти мамлакат аз 20 марти соли 2009 таҳти №639 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2018» оғоз шуда, он босуботӣ, эътимоднокӣ, мукаммалӣ, шаффофияти буҷет, дурнамои макроиқтисодӣ ва молиявӣ, сиёсати қарзӣ, тағйири методологияи ҳисобу китоб, маъмурикунонии даромадҳо, якҷоякунии буҷетҳои сармоягузорӣ, ҳисоботи бухгалтерӣ дар бахши буҷет, алоқамандгардонии нақшаи суратҳисобҳо бо гурӯҳбандии буҷетӣ, автоматикунонӣ, мониторинги хавфҳои молиявӣ, ташкили базаи иттилоот оид ба хароҷот барои беҳсозии раванди банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ғайраро фаро гирифт.
Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, гузаштан ба таҳияи Буҷети миёнамуҳлат (сесола) бо дарназардошти маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таҳлили муфассали ҳармоҳаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва омори молиявӣ, даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, таҳия ва татбиқи стратегияҳои ҳукуматӣ, барномаҳои соҳавию минтақавӣ оид ба рушди иқтисодиёт, инчунин хизматрасониҳои хазинадории марказӣ ва шуъбаҳои хазинадории мақомоти маҳаллии молия, аудити дохилӣ ва назорат, амалӣ намудани стратегия ва барномаи давлатии қарзгирии беруна ва хизматрасониҳои қарзҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифт.
Умуман, Буҷети давлатӣ сохтори даромад ва хароҷоти буҷет, дар ҳама сатҳ (буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ), гурӯҳбандии Буҷети давлатӣ аз рӯи намудҳои он, аз ҷумла гурӯҳбандии даромади буҷетӣ (даромади андозӣ, ғайриандозӣ, грантҳо, манбаҳои маблағгузории касри буҷет) ва гурӯҳбандии хароҷоти буҷетҳо (вазифавӣ, иқтисодӣ, идоравӣ, барномавӣ, манбаҳои маблағгузорӣ), касри васеъ ва ҷории Буҷети давлатӣ, марҳилаҳои ҷараёни буҷет (таҳия, баррасӣ, тасдиқ, иҷроиш, ҳисобот ва аудит), иштирокчиёни ҷараёни буҷетӣ (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  субъектони танзими пулию қарзӣ ва асъорӣ, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ, тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ, ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ташкилоти қарзӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ фаъолият мекунанд), низоми буҷетӣ (ягонагӣ, мустақилият, инъикоси пурра, мувозинат, самаранокӣ ва натиҷанокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, пурра пӯшонидани хароҷоти буҷет, ошкоро, эътиборнокии буҷетҳо, суроғавӣ ва мақсаднок будани таъиноти маблағҳои буҷетӣ, асоснок будани буҷетҳо, ки маънои банақшагирии буҷет, иҷрои саривақтии буҷет, ки маънои ворид кардани даромадҳоро дорад), марҳилаҳои ҷараёни таҳияи Буҷети давлатӣ, Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ, ҳолатҳои истифода бурдани секвестори Буҷети давлатӣ ва барои дигар вазифаю чорабиниҳои идоракунии молияи давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дастурҳои методӣ, низомномаю дастурамалҳои методӣ дар муддати кӯтоҳ мавриди амал қарор дода шуданд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар доираи талаботи стратегияи мазкур даври дуюми ислоҳоти андоз оғоз гардида, соли 2012 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси як Комиссияи муштараки давлатӣ бо ҷалби доираи васеи мутахассисони соҳавӣ, олимон, коршиносони мустақил ва байналмилалӣ таҳия гардида, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шуд.
Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав як қатор сабукиҳо, аз қабили номгӯи андозҳо то 50 фоиз кам карда шуда, андоз аз фурӯши чакана ҳамчун андози такроркунандаи андоз аз арзиши иловашуда, пурра хориҷ карда шуд.
Боҷи гумрукӣ, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз номгӯи андозҳои Кодекси андози амалкунанда хориҷ карда шуда, онҳо бо Кодекси гумрук ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба танзим дароварда мешаванд.
Андозҳои моҳиятан ба ҳам наз­дику монанд, аз ҷумла андози замин бо андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз коркарди молҳо бо андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия, роялти барои об бо андозҳои истифодабарии захираҳои табиӣ бо низоми махсуси содакардашуда ба танзим дароварда шуданд, андози низоми содакардашуда барои соҳибкорони хурд, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, низоми андозбандӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, низоми андозбандӣ барои тиҷорати бозӣ, низоми имтиёзноки андоз (сохтмони неругоҳҳои барқӣ, коркарди нахи пахта, тақсими маҳсулот, минтақаи озоди иқтисодӣ) муқаррар карда шуд.
Воридоти таҷҳизоти технологияи ҳозиразамон ва чорвои хушзот аз ҳамаи намуди андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян менамояд ва ин имтиёз барои соҳибкорони инфиродӣ низ муқаррар гардид.
Бо мақсади такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути сода ва сабук намудани расмиёти андоз­супорӣ шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 фоиз, ба расмиёт даровардани ҳуҷҷатҳои гумрукӣ то 30 фоиз кам карда шуд.
Дар баробари ин, имтиёзҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки корхонаҳои навро доир ба коркарди пӯст, пашм, абрешими хом то маҳсулоти ниҳоӣ таъсис медиҳанд, дар муҳлати 5 сол аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда шуданд. Барои дастгирии соҳибкории хурд ҳаҷми ҳадди ақали даромад барои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 200 ҳазор сомонӣ 500 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд, муҳлати сармоягузориҳо барои пурра намудани фонди оинномавӣ, ки ҳуқуқи ба муҳлати то 5 сол аз андоз аз фоида озод буданро пешбинӣ менамояд, ба ҷойи рӯзи бақайдгирии давлатӣ, 12 моҳ муайян гардид. Механизми андозбандии андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард тағйир дода шуда, унсурҳои андозбандии дукаратаи он аз байн рафт.
Барои содатар намудани тартиби ҳисоб ва пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул коэффитсиентҳои ба хонаҳои бисёрошёна ва баландии шифти хона пешбинишуда хориҷ ва меъёрҳои андоз барои таҳхона ва биноҳои ёрирасони шаҳрвандон мушаххас карда шуданд.
Меъёри андоз аз фоида барои истеҳсолкунандагон аз соли 2017 аз 15 фоиз то 13 фоиз паст карда мешавад ва барои андозсупорандагони дигар аз 25 фоиз то 23 фоиз ҷорӣ карда шуда,  давра ба давра андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то соли 2017 пурра бекор карда мешавад. Андози ҳадди ақал аз даромадҳо ба андоз аз фоида ҳамроҳ гардида, дар номгӯи андозҳо танҳо 10 намуди он боқӣ мемонад.
Меъёри андоз тибқи низоми сода­кардашуда барои истеҳсолкунандагони мол 5 фоиз ва барои дигар фаъолият 6 фоиз муқаррар шуд. Меъёри андоз аз объектҳои молу мулки ғайриманқул пурра тағйир ёфта, бо истифода аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид. Андозбандии андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ аз рӯи музди меҳнати номиналӣ (оморӣ) хориҷ ва имтиёз аз андоз аз фоида барои Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои аҳолӣ ва суди саҳмияҳо илова шуда, нигоҳдории ҳиссаҷудокунӣ аз даромади андозбандишавандаи бонкҳо ба захираи қарзҳои беэътимод аз 1 сол то 2 сол тамдид гардид, ҳадди ниҳоии даромади умумӣ барои соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд.
Ҳабси андози моликияти ташкилоти давлатӣ манъ шуда, барои ҳабси иншооти иҷтимоию маишӣ маҳдудият ворид шуд, ҳадди ниҳоии даромади умумӣ барои супорандагони андози ягона бекор ва имтиёз барои истеҳсолкунандагони пахта барқарор гардид ва муҳлати пардохтҳои ҷории андози ягона тағйир дода шуд.
Дар баробари ин, бо мақсади такмил додани сиёсати андозу буҷет, дастгирии молиявии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкории хурду миёна санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёд таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардиданд, ки мутобиқи онҳо меъёри андоз аз фоида аз 25 то 15 фоиз ва меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои соҳаи иқтисодиёт аз 20 то 18 фоиз паст карда шуд. Барои андозсупорандагоне, ки тибқи низоми содакардашуда фаъолият мекунанд, ҳадди ниҳоии даромад аз 600 ба 800 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Яке аз дастовардҳои назарраси дигар дар доираи «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон», ки назираш дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе аз кишварҳои Аврупо дида намешавад, ташкили низоми иттилоотии (автоматикунонии) равандҳои иҷрои хазинавии буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад. Ба ин комёбиҳо, инчунин таъсиси КВД «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ», таъмини он бо таҷҳизоту технологияи пешқадами муосир ва мутахассисони сатҳи баланди касбӣ шомил мебошад, ки татбиқи ниҳоии босифату саривақтии қисматҳои автоматикунонии стратегияи мазкур то соли 2018 пешбинӣ шуда, пурра амалӣ гардидани он иштироки шахсони мансабдорро дар амалиётҳои молиявии гуногун, аз ҷумла дар системаи хазинадорӣ ҳамчун омили коррупсионӣ маҳдуд менамояд.
Дар баробари ин, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шабакаи ягонаи электронии иттилоотӣ байни Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки фаъолияти системаи хазинадорӣ, андозу буҷет ва умуман идоракунии самараноки молияи давлатиро таъмин менамояд, амалӣ карда шуд.
Мустақилияти ягонаи молиявии миллӣ мавзӯи густурда аст ва ин ҷо дар бобати сиёсати монитарӣ, назорати давлатии молиявӣ, назорати олии молиявӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ, ҷавонон, саноат, кишоварзӣ, амнияту иқтидорҳои мудофиавии кишвар ва ғайра ёдовар нашудем ва албатта, наметавон дар як мақола тамоми он дастовардро ҷой дод. Аз ин лиҳоз, мутахассисони вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳайати омӯзгорону профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, академияву институтҳои илмию тадқиқотӣ, докторанту аспирант, магистру донишҷӯ ва дигар коршиносонро зарур аст, ки оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият ва мустақилияти ягонаи молиявии ҷумҳурӣ фаъол бошанд ва ҳар чӣ бештар омӯзишҳои илмию тадқиқотии дахлдор анҷом диҳанд.

Аъламхон НАИМӢ,
корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Садои мардум», 9 сентябри соли 2016, № 116-117


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2714

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед