logo

иҷтимоиёт

BENETTON - БРЕНДЕ, КИ БА ТАВРИ НОГАҲОНӢ РӮИ КОР ОМАД

Дар ибтидои солҳои 40 - уми асри гузашта оилаи Бенеттон чандон камбағал ҳам набуд, вале таъминоти оилааш хуб буд гуфта ҳам намешуд. Падар саъй мекард, ки бештар ба тиҷорат машғул шавад. Вай автомобилҳоро ба иҷора медод, аммо кораш чандон омад намекард. Вақте ки соли 1944 ӯ вафот кард, вазъияти оила боз ҳам сангинтар гардид. Нигоҳубини оила ба дӯши фарзанди калонӣ - Лучиано афтод, ки ҳамон вақт ҳамагӣ 10 сол дошт.
Бенеттони наврас аз баҳри мактаб гузашта, дар яке аз мағозаҳои либосфурӯшии Италия ба кор даромад. Дар синни 14 - солагӣ ӯ ёрдамчии фурӯшанда гардид. Соҳиби ду бародар буду ягона хоҳараш Ҷулиана ном дошт, ки ба ҳунарҳои дастӣ машғул буд. Маҳорати либос дӯхтани Ҷулиана дар ҳаёти бародараш лаҳзаи калидӣ гардид. Боре ӯ ба бародари худ свитери одиеро туҳфа кард, ки дар байни бознишастагон хеле маъмул маҳсуб меёфт. Ранги свитери дӯхтаи Ҷулиана зард буд, ки бо ин хеле фарқ мекард. Вақте Лучиано свитерро ба тан пӯшида ба кор омад, маҷбур шуд, ки ба пурсишҳои бисёри ҳамкорон ҷавоб гӯяд. Маҳз ҳамон замон Бенеттон дарк намуд, ки свитер ҳам  метавонад манбаи даромад бошад.
То ин вақт онҳо пасандози начандон калоне доштанд. Бинобар ин, бо ҳамроҳии хоҳараш тасмим гирифт, ки аз имконияти фарорасида истифода бурда, кори худро ба роҳ монад. Кор аз он шурӯъ шуд, ки хоҳар свитер мебофту Лучиано онро дар ҳамон мағозае, ки ёрдамчӣ буд, мефурӯхт. Барои вусъати савдо ӯро зарурияти бо дигар мағозаҳои шаҳр муомила барқарор кардан пеш омад. Бенеттони ҷавон маҳсулотро бо дучархаи худ ба мағозаҳо мекашонд. Бо гузашти вақт свитерҳои оилаи Бенеттон соҳибшуҳрат гаштанд. Бенеттонҳо ранги свитери пашминро иваз карда, бо ҳамин васила чорчӯбаи маъмулиро шикастанд.
Соли 1962 либосҳои Бенеттон дар Рим низ фурӯхта мешуданд. Тиҷорати онҳо рӯз то рӯз не, балки соат ба соат рушд мекард ва барои Бенеттон масъалаи таъсиси ширкати худ ба миён омад. Ӯ фаҳмид, ки барои вусъат додани тиҷораташ донишҳояш намерасанд ва танҳо ба василаи азхуд кардани донишҳои нав оила метавонад дар Италия соҳиби афзалият шавад. Лучиано тасмим гирифт, ки ба Шотландия равад, зеро ки ин кишвар бо малакаву маҳорати истеҳсоли молҳои пашмин шуҳратманд гардида буд. Бенеттон маҳз дар Шотландия аз сирру асрори истеҳсоли матоъҳои пашмӣ огаҳии пурра пайдо кард, ки  ин барои минбаъд баланд бардоштани сифати маҳсулот ба онҳо кумак расонд.
Баъд аз се сол ширкати «Benetton Group» таъсис дода шуд. Сарварии ширкатро худи Лучиано ба зимма гирифт. Масъулияти бахши истеҳсолот ва ороиш ба зиммаи хоҳараш гузошта шуд. Бародарони хурдӣ Ҷулберто ва Карло низ дар ширкат вазифаҳои масъулро иҷро мекарданд: аввалӣ масъулияти фаъолияти молии ширкатро ба уҳда дошт, дувумӣ ба кори интихоб ва идоракунии ҳайати кормандон машғул буд.
Дар муддати кӯтоҳ либосҳои навъи «Benetton» мӯд шуд. Ин либосҳо нархи гарон надоштанд, аммо ин ба онҳо халал намерасонд, ки дар байни мардуми сарватманд низ шуҳрат касб кунанд. Ба ҳама маълум аст, ки ҳатто шоҳзодахонум Диана ҳаводори ин навъ либос буд. Ӯ ба бачаҳои худ низ либосҳои «Benetton» - ро мепӯшонд. Дар ибтидои солҳои 70 - уми асри гузашта дар ҷаҳон аллакай бештар аз 1000 мағозаҳои ширкат мавҷуд буд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 2249

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед