logo

иҷтимоиёт

ОИЛА. ДАР СИМОИ ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА ҶАВОНОНРО ТАРБИЯ НАМЕКУНЕМ, ЧАРО?

Оила. Ҷойи муқаддас, макони тарбияи инсонҳост, балки ҷоест, ки ҷомеаҳо дар замири он шакл мегиранд. Алалхусус вақте ин оила оилаи намунавӣ ва сарчашмаи камолоти инсонҳои комил аст. Оре, ин навбат аз оила хоҳем гуфт ва шахсонеро тавсиф хоҳем кард, ки ба қавле Инсонҳо бо ҳарфҳои калонанд. Сухан аз оилаи Бобомурод ва Гулчеҳра Солеҳовҳо меравад. Ки инак 50 сол боз якҷоя ба сар мебаранд. Қиссаи аҷиб дорад пайдоиши ин оила, ки воқеан ибратомӯз аст.
Аҷибаш ин ки ҳамсари Бобомурод тоҷик нест. Балки ӯро ҳангоми хизмат дар сафи артиши шӯравӣ аз ҷумҳурии бародари Украина пайдо кардаву бо ӯ аҳди меҳру муҳаббат бастааст. Номи аслии ин завҷаи меҳрубони модари шаш фарзанди хуштолеъ Валентина аст. Ӯро баъд аз тӯй Гулчеҳра гуфтанд, ки барояш бас маъқул афтод.
Имрӯз бобои Бобомурод Солеҳов 75 сол дорад, боре аз зиндагӣ ва оилаи худ шикоят накардааст. Тӯли 50 соли зиндагии якҷоя ҳамеша аз муваффақиятҳо мегӯяду нокомиҳоро ба боди фаромӯшӣ месупорад. Ҳар ду бо бовари том сирри хушбахтии худу пайвандонашонро дар боварии байниҳамӣ ва эҳтироми тарафайн мебинанд.
Солҳои аввали зиндагӣ, ки ба давраи баъдиҷангӣ рост омад, ниҳоят вазнин ва тақатфарсо буд. Бо вуҷуди ин ҳар ду якҷоя чун аз як имтиҳони бузурги зиндагӣ гузаштанд ва тамоми мушкилиҳоро пушти сар монданд. Валентинаапа аз рӯзҳои аввали ба Тоҷикистон омаданаш мафтуни табиати зебо ва урфу одатҳои инсондӯстонаи тоҷикон барои азхуд намудани таомули миллӣ талоши зиёд кард. Дар солҳои вазнини баъдиҷангӣ дар баробари кори саҳро дар хона ба бофандагӣ машғул шуд, то фарзандонаш азоби гуруснагӣ накашанд. Имрӯз овозаи ҳунармандии ин модари меҳрубон дар гирду атроф тантана дораду фарзандону пайвандонаш дар сояи давлати ӯ болфишонӣ мекунанд. Ҳама соҳиби маълумоти олӣ ва бо одобу ҳам рафтору гуфтор намунаи дигаронанд.
Вақте хушбахтии ин оиларо мушоҳида мекардам, барномаи телевизиони хориҷие ба хотирам расид, ки ҳозирини он вақте донистанд, ки қаҳрамонони барнома 28 сол зиндагии якҷоя доштанд, аз ҷо бархоста, ба ифтихорашон тӯлонӣ қарс заданд. Ва ровӣ низ аз ин амали аҳли нишаст илҳом гирифта, иқрор шуд, ки чунин таҷриба дар ҷомеаи имрӯз хеле нодир аст.
Пас, чаро дар бораи оилаҳое чун оилаи Бобомурод ва Гулчеҳра Солеҳовҳо, ки хушбахтона дар ҷомеаи мо хеле зиёданд, бештар нагӯем. Лоақал ба он хотир, ки насли ҷавони имрӯзро, ки ояндаи миллатанд, дар симои чунин пирони рӯзгор тарбия карда бошем.
Лола РИЗОЕВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 2292

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед