logo

иқтисод

ТУТУ МАВИЗ АКНУН АЗ ЯЗГУЛОМ ҲАМ СОДИРОТ МЕШАВАД

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи  кишоварзӣ, дар минтақаҳои поёнии Бадахшон - ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз боғу тутзорҳои зиёде доман паҳн кардаанд, ки  меваи шаҳдбор медиҳанд, вале туту мавизи деҳоти водии Язгулом аз ҳама беҳтарин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба Ҷамоати деҳоти Язгулом 25 июни соли 2016  ёдовар шуданд, ки  ноҳияи Ванҷ, аз он ҷумла водии Язгулом бо меваҳои шаҳдбор, алалхусус туту мавиз ва тутписи худ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур аст. Аз ин ҷост, ки рушди самти хеле ҳам афзалиятноки боғдорӣ,  аз ҷумла зиёд кардани майдони тутзорҳоро дар деҳоти соҳилҳои  Язгуломоб  ва минтақаҳои дигари ноҳияи  Ванҷ то деҳоти домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон  баҳри содироти  мева ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла себу нок, чормағз ва туту мавиз  ҳарчи зиёдтар роҳандозӣ кардан тақозои замон аст.
Тибқи иттилои  сармутахассиси бахши кишоварзии ноҳияи Ванҷ Ғайратшо Нафратов,  дар ин рӯзҳои фарорасии фасли тирамоҳ дар минтақаҳои Вотхуду Пайшанбеобод, Мотравну Андарбак, Рохарву  Жамаг, Бунайю Техарв ва дигар   деҳаҳо мардуми рустонишин, пеш аз ҳама бонувон,   аз субҳ то шом ба ҷамъоварии   ҳосили боғоти пурмева, хушконидани туту мавиз  машғуланд. Аҳли деҳот ба талафи  меваи боғҳо ва тутзорҳо роҳ намедиҳанд. Онҳо то охири фасли тирамоҳ  бештар аз 4500 тонна мева, аз ҷумла 200 тонна чормағз ва туту мавиз  истеҳсол менамоянд.
Харидорон аз шаҳру навоҳии мамлакат себу нок, туту мавиз ва чормағзи аълосифату овозадори Ванҷро дар худи рустоҳои ин мулки кӯҳистон мехаранд ва  сокинони деҳот аз ташвиши нақлиёт пайдо кардан ва ба бозорҳо бурдани маҳсулот, ки боиси сарфи маблағҳои зиёд мегардад, озоданд. Ҳамчунин, яқ қисми туту мавизи аълосифати ҷамъоварикардаи бонувони  рустоҳои Ҷамоати деҳоти Язгуломро дар баробари себу нок ва чормағзи деҳоти водии Ванҷи Боло дар қуттиҳои махсус ҷойгир карда, ба хориҷи кишвар  содирот менамоянд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 1960

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед