logo

иқтисод

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД. ОЁ МО ОМОДАЕМ?

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз   моҳи  апрел «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016– 2017» қарор ба тасвиб расонда, вазорату кумитаҳо, муассисаҳои  ҷумҳуриявии дахлдор, мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатиро вазифадор кард, ки ба зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ гиранд. Масъала  таҳти  назорат  қарор  гирифта, ситодҳои  доимоамалкунандаи  вижа дар  тамоми  сатҳҳо  ҷараёни  омодагӣ  ба  мавсимро  ҳар  сари  чанд  вақт санҷида,  баррасӣ  менамоянд.  Дар  ситоди Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон фаъолияти мақомоти   иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Роштқалъаро   барои омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017  нисбат  ба  солҳои пеш беҳтар  арзёбӣ  намуданд.  Ҷиҳати  таъмини  фаъолияти   бонизом дар давраи зимистон  барои  муассисаҳои   буҷетии  ноҳия   бештар  аз 1 миллион  сомонӣ  равона  шудааст.  Ғолибони озмуни  дастрас  намудани  ангишт  барои  муассисаҳои   маориф, фарҳанг  ва   тандурустии  ноҳия - ҶДММ “Орзу”  ва  ҷамъияти  матлуботи  ноҳия тавонистанд,  то  ҳол  барои   муассисаҳои  маориф ва  фарҳанг  баробари  94 ва  тандурустӣ  88  дарсади  миқдори  пешбинигардида  ангишт  захира  намоянд. Ҷамъоварӣ  ва  захира  намудани   ҳезум  низ  бо  маром  идома  дорад. Дар  деҳоти  дурдасти  ноҳия  бошад, ҷиҳати ҳалли мушкилот  дар  дастрасии  ангишт  то  ҳол   1260  метри  кубӣ  сӯзишвории дигар захира  шудааст.        
Ҳамзамон, дар  ин  самт  дар  ноҳия  камбудиву норасоиҳо ба  мушоҳида  мерасанд, ки ислоҳи худро  интизоранд. Тавре  санҷиши  гурӯҳи  корӣ  ошкор намуд, барои таъмини эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия 89  бухорӣ, 186 каҷак, 483 дудкаш ва 268 метри кубӣ шишаи тиреза даркор аст, ки то ба  имрӯз дастрас карда нашудаанд. Кашондани  ангишт  барои муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ  ва  тиббии  деҳоти  Барвозу  Сежд  тӯл  мекашад.
Ҳамчунин дар маркази ноҳия аз  ҷониби ҷамъияти матлуботи ноҳия  ягона нуқтаи  фурӯши  ангишт ташкил  шуда бошад  ҳам,  он то ҳол бо ангишт таъмин нест. Дар ноҳия  нуқтаи   фурӯши  гази моеъ ва ё нуқтаи  сайёри фурӯши газ низ вуҷуд надорад. Сокинони ноҳия  гази  моеъро аз  шаҳри  Хоруғ ва манотиқи  дигари ҷумҳурӣ дастрас  менамоянд.
Ба гуфтаи Сарадбек Раҷаббеков, мудири  шуъбаи  ташкилии дастгоҳи  раиси  вилоят, роҳбари  гурӯҳи корие, ки  масъалаи  омодагӣ  ба  зимистонро  дар  ноҳияи  Роштқалъа  санҷидааст, дар  деҳоти  дурдаст  масъулон   тӯл  кашидани  маъракаи  омодагӣ  ба  зимистонро  ба  вазъи  роҳҳо, аз  ҷумла  дар  ҳолати  садамавӣ  қарор  доштани  пул  дар  километри  42 - юми  роҳи  Хоруғ -  Ҷавшангоз,  нисбат  медиҳанд. Ин   пули  садамавӣ тамоми фаслҳои сол  ба  ҷамоатҳои дурдасти Барвозу Сежд, ки қариб 7  ҳазор  нафар аҳолӣ  доранд, хизмат мерасонад. Дар ҳудуди ин ҷамоатҳо 14 муассисаи таълимӣ, 10 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 касалхонаи минтақавӣ, 12 муассисаи фарҳангӣ фаъолият доранд.  Сохтмони  пули   нав  дар  ин  мавзеъ соли  2008   оғоз  шуда  бошад  ҳам, он  то  ҳол тӯл  мекашад, ки  ин  боиси   мушкилоти  зиёде, аз  ҷумла дар   кашондани  ангишт  ба  деҳоти  боло,  мегардад. Кормандони  муассисаҳои  таълимӣ, фарҳангиву тандурустии ин деҳот маҷбуранд, ки  дар  сари  кӯпрук  ангиштро  аз  мошинҳои  калонҳаҷм  ба   дигар  мошинҳои  боркаши  хурдтар  бор  карда, ба  манзил  расонанд. Ин  амал  ҳамчунин боиси   хароҷоти  иловагӣ  мегардад. Дар  кашондани   ҳезум  барои  муассисаҳои  поёни  кӯпрук  низ аҳвол ҳамин аст.  Мутаассифона,  ин  ҳолат  8  сол  боз  идома  дорад, вале роҳсозон ба  он  беэътиноӣ зоҳир  менамоянд. Аз  ин  рӯ,  ситоди  вилоятӣ  роҳбарияти  Муассисаи  давлатии  роҳҳои  автомобилгарди  вилоятро  вазифадор  кард, ки  дар  бобати тезондани  сохтмони  пули  номбурда  дар  назди  Вазорати  нақлиёти  ҷумҳурӣ  масъалагузорӣ  намояд. Роҳбарияти  ноҳия  бошад,  дар  ҷаласаи ситод  уҳдадор  шуд, ки  дар  бобати ҷоннок кардани фаъолияти  нуқтаи  фурӯши  ангишт  ва  ташкили  нуқтаи  сайёри  фурӯши  гази моеъ  ба  таври фаврӣ  чораҷӯӣ  намояд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 2043

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед