logo

фарҳанг

ИСТИҚЛОЛ ВА ОЗОДИИ МАТБУОТ

Дар таърихи журналистикаи тоҷик системаи ахбори оммавии аз нигоҳи тааллуқоти молӣ ва сиёсӣ, дараҷаи мақоми расмӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, шахсӣ гуногун, ки ҳар кадом хислати ба худ хос дорад ва ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҳамдигар тобеъ нест танҳо дар замони истиқлолият ба вуҷуд омад, ки нишони демократия ва гуногунфикриву гуногунандешӣ аст. Дар давраҳои собиқи инкишофи журналистикаи тоҷик чунин система вуҷуд надошт, балки барои давраи аввал хусусияти шахсию хусусӣ ва дар марҳилаи дуюм хислати ҳизбӣ асосан хос буд.
Яъне, бешак, метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик вазифаҳои худро дар замони истиқлол ба талаботи рӯҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мувофиқ кунонидааст.
Дар ин марҳила на танҳо матбуоти даврӣ, балки воситаҳои электронии ахбор низ рушд кард, радио ва телевизионҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Дар баробари нашрияҳои расмиву ҳукуматӣ матбуоти хусусиву тиҷоратӣ пурқувват гардид, бозори иттилоот ба вуҷуд омад, воситаҳои ахбори омма бо техника ва технологияи инноватсионӣ тадриҷан таъмин гардиданд, сифати нашрияҳо беҳтар шуд, дар фазои иттилоотӣ рақобати касбӣ  ба вуҷуд омад, ки зери «фишори» он баъзе нашрияҳо майдони матбуотро тарк намуданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон типҳои гуногуни матбуоти даврӣ: ҳукумативу ғайриҳукуматӣ, соҳавию иттиҳодиявӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, хусусиву тиҷоратӣ, маънавию фароғатӣ, ҳизбиву ҷамъиятӣ ва амсоли ин нашр мешаванд. Гуногунтипии матбуот агар, аз як тараф, ба талаботи ҷомеа ва ҳолати қабули аудитория мувофиқ шудани мундариҷаи нашрияҳоро фаҳмонад, аз сӯи дигар, нишони тамоми соҳа ва мавзӯоти ҳаёти иҷтимоиро фаро гирифтани он аст.
Дар замони истиқлол матбуоти даврӣ аз ҷиҳати фосилаи чоп, сатҳи пахшу интишор, доманаи мавзӯот, шаклу шеваи нигориш, тарзи муносибат ба воқеиёти иҷтимоӣ тадриҷан  пеш рафт. Имрӯз нашрияи расмии кишвар “Ҷумҳурият”воқеан ба талаботи рӯзнома ҳаматарафа мувофиқ гардидааст. Ин нашрия ҳам аз ҷиҳати фосилаи чоп, ҳам аз ҷиҳати мундариҷаву муҳтаво ва ҳам шаклу ороиш ҷавобгӯи талаботи рӯзнома мебошад. Алҳол он ҳафтае панҷ маротиба интишор мешавад ва имкон дорад, ки аз як тараф, муҳимтарин рӯйдод ва ҳаводиси рӯзро дар гармогармиаш фаро гирад, аз ҷониби дигар, талаботи хонандагонро ҷиҳати инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар қонеъ гардонад. Ҳамчунин дар инъикоси ин ва амсоли ин масъалаҳо нафарони касбу кори гуногун - рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадору ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулини мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд. Чунин усули фаъолият ҳам барои нашрия ва ҳам барои хонандагони он аз чанд ҷиҳат манфиатбор шудааст. Аввалан, доманаи мавзӯоти рӯзнома васеътару рангинтар гардида, ба ҳолати қабули аудиторияи умумӣ мувофиқ шудааст. Баъдан, инъикоси воқеияти рӯз ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз диду назари гуногун ва фарогирии ҷанбаҳои мухталиф сурат гирифтааст. Солисан, мундариҷаи нашрия аз ҷиҳати шакли жанрӣ рангоранг ва нисбатан ҷаззобу ҷолиб шудааст. Ниҳоятан, муносибат ба мавзӯву масъалаҳои инъикосшуда то андозае демократӣ гардида оммавияти рӯзнома вусъат пайдо кардааст.
Ин хусусиятро дар нашрияҳои дигар, ба хусус матбуоти мустақил низ мушоҳида мекунем. Ин типи нашрияҳо дар интихоби мавзӯъ ва муносибат ба он шеваи ба худ хос доранд, бештар мавзӯъ ва масъалаҳои муҳими аҳамияти умумииҷтимоӣ ва умумимиллӣ доштаро матраҳ менамоянд, дар ифшои камбудиҳо ва собит сохтани онҳо боҷуръатона сухан меронанд, дар баррасии қазияҳои байналхалқӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал мегузоранд. Онҳо дар инъикоси раванди ҳаёти иҷтимоии муосир ва муваффақияту камбудиҳои он ошкоро ва холисона муносибат менамоянд, ки омили хуб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» барҳақ таъкид намуд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». 
Воқеан, дар ҷомеаи имрӯз, ки ғояи ваҳдатсозӣ, муттаҳидӣ, якмаромиву якмаслакӣ рӯҳияи тоза пайдо кардааст, рисолати ВАО, минҷумла матбуоти давриро дар ин раванд боз ҳам бештар мегардонад. ВАО - ро мебояд ин ғояро маслаки асоси худ қарор диҳад ва дар фаҳми моҳият ва манфиати он ба мардум, хоса ҷавонон ёрӣ расонад. Ин имконро матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма доранд, зеро дар онҳо ҳам минбар, ҳам неруи эҷодӣ ва ҳам шароит муҳайёст. Танҳо рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва иродаи қавӣ мебояд.
Мурод МУРОДӢ,
доктори илмҳои филология,профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 3117

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед