logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ВА САҲМИ ОНҲО ДАР МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар баҳои баланд дода, аз намояндагони ин қишри муҳими ҷомеа даъват ба амал меорад, ки ба донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, тарбияи маънавию варзишии худ машғул шаванд ва дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд.
Дар ин самт вазорату идораҳои дахлдор тамоми чораҳои заруриро андешида, имкониятҳои фаровонеро фароҳам овардаанд. Бавижа, Тоҷикистон барои дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, аз навгониҳои илмҳои муосир ва техникаву технология огоҳ шудани ҷавонон ҳамеша ҳавасманд аст. Ҳамсуҳбати мо, аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов Ризо Баҳромзода аз шумори он ҷавонон аст, ки ду сол инҷониб дар самти илми кайҳоншиносӣ пажӯҳиши илмӣ мебарад. Ӯ ҳамзамон ходими илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, дар Федератсияи Русия тариқи шартнома таҳсил мекунад.
- Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз карданд ва замина гузоштанд, ки онҳо дар рушду инкишофи кишвар саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Махсусан, ба фаъолият оғоз кардани расадхонаи «Санглох» мо - донишҷӯёни тоҷикро дар Русия сарафроз кард. Расадхона барои ноил шудан ба натиҷаҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам оварда, ба пешрафти илм дар кишварамон мусоидат менамояд. Ин расадхона бо оғози низоъҳои дохилӣ аз кор монда буд. Ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки маҳз осудагиву оромӣ барои рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илм мусоидат карда метавонад, - изҳор медорад Ризо Баҳромзода.
Ҳоло берун аз кишвар беш аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунанд. Онҳо чун мутахассисони ояндаи соҳаҳои худ таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҷлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мебаранд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ  фаъолона ширкат меварзанд. Инчунин, дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд.
Чанде пеш гурӯҳи устодон ва олимони варзидаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов пас аз озмуни «Интеллектуал»  Ризо Баҳромзодаро беҳтарин донишҷӯи риштаи физика эътироф карданд. Бино ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни тоҷик дар Русия ҳамеша аз ғамхориву дастгирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон бархӯрдор буда, дар навбати худ ҳамчун пешоҳангони миллат барои муаррифии Тоҷикистон мекӯшанд.
Моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои олии «Клуби ҷавонони бурунмарзии тоҷик» баргузор шуд. Дар он намояндаи кумита ва донишҷӯву унвонҷӯёни тоҷик иштирок намуда, нақша, нишони рамзӣ ва корҳову муаммоҳои дар оянда баррасишавандаи клубро тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи Ризо Баҳромзода, донишҷӯёни тоҷик дар Москва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ ва рӯзҳои гиромидошти забони тоҷикӣ ва Конститутсияро бошукӯҳ таҷлил мекунанд. Маҳфилу суҳбатҳои хоса ташкил намуда, доир ба пешрафти Тоҷикистон, вазъи иқтисодиву иҷтимоии он андешаву пешниҳодҳои худро дар шакли хативу шифоҳӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ва "Клуби ҷавонони бурунмарзии тоҷик" пешниҳод менамоянд.
Дар идомаи суҳбат афзуд, ки берун аз Ватан қадри соҳибистиқлоливу озодӣ бештар эҳсос мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии Москва ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷамъ омада, дар роҳи донишандӯзиву корҳои амалӣ дасти ҳамдигарро мегиранд. Ин ҷо намояндагони садҳо миллати дунё дар баробари мо мехонанд. Як нафар донишҷӯи тоҷик ба муваффақият ноил гардад ва ё дар ин ё он озмуни илмӣ ғолиб дониста шавад, назари омӯзгорон, олимон ва донишҷӯёни кишварҳои дигар нисбат ба даҳҳо ҷавонони дигари тоҷик ва дар умум ба миллати мо тағйир меёбад. Муносибату муоширати атрофиён боэҳтиромона сурат мегирад. Пас ваҳдат ва якдилии мардуми Тоҷикистон барои тамоми тоҷикони дунё аз мақому эътибор ва арзиши бузург бархӯрдор аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 2345

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед