logo

фарҳанг

СОМОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАНД, ЧАРО?

Сухан аз татбиқи сусти “ҳукумати электронӣ” дар Хатлон меравад
Надоранд, муваққатан фаъол нестанд, ба таври муассир истифода намешаванд. Аксар инсонҳои огоҳ бар инанд, ки дар мавриди сомонаҳои расмии хеш мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таваҷҷуҳи камтар медиҳанд.

13 сол гузашт, аммо...
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар ҳанӯз соли 2003 тибқи Фармони рақами 1174 - и Президенти Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифадор гардида буданд, ки сомонаи расмии худро таъсис диҳанд. Ин иқдом асосан ба хотири таъмини шаффофият дар кори шаҳрдорӣ ва густариши алоқаи мутақобила бо сокинон, яъне донистани пешниҳод, арзу дод ва ҳалли зудҳангоми ниёзҳои онҳо сурат пазируфт. Бо гузашти ҳашт сол Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар низоми муайян гунҷоиш додани ин сайтҳо “Тартиби талаботи ягона барои веб - сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ”-ро ба тасвиб расонд. Чун дар он шакли зарурии сомона ба таври бисёр сода фаҳмонда шуда буд,  дар ин самт бояд мушкилот пеш намеомад. Аммо...

...сомони кор аён нест
Дар асоси маълумоти Шӯрои машваратӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди раиси вилояти Хатлон, барои ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Муъминобод ва Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ тӯли солиёни зиёд боре ҳам сомонаи расмӣ боз нагардидааст. 10 шаҳру ноҳияи дигар кадом вақте сайт доштаанд, аммо ҳоло бастаанд. Бинобар ин, феълан аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон фақат 11-тояш сомонаи фаъол доранду бас. Ва, ҳангоме ки ин сомонаҳои дастрасро таҳлил кардем, ҳеҷ кадоме аз онҳоро ба талаботи дар қонунгузории кишвар муқарраршуда ва ҳам меъёрҳои муосири фаннию арзишҳои демократӣ сад дар сад мувофиқ дарнаёфтем.

Таҳия пурнуқс, тарроҳӣ хароб
Ба забони англисӣ ҳеҷ кадоме аз он сомонаҳо мавод нашр накарда истода, сайти шаҳру навоҳии Бохтар, Хуросон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Сарбанд, Темурмалик, Панҷ, Балҷувон ва Шаҳритуз ишораи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро тамоман надоранд. Тугмаи “Тамос”, ки барои баррасии арзи шаҳрвандон хеле муҳим аст, дар сомонаҳои Хуросон, Ховалинг ва Балҷувон дида намешавад. “Ҷустуҷӯ”, ки пайдо кардани маълумоти дилхоҳи дохили сайтро осон мегардонад, дар сомонаҳои Бохтар, Хуросон, Норак ва Абдураҳмони Ҷомӣ вуҷуд надорад. Сомонаҳои навоҳии Данғара, Бохтар, Шаҳритуз, Ховалинг ва Панҷ орӣ аз “Ҳисобкунакҳои электронии воридшавандаҳо”-янд. Дар саҳифаҳои тоҷикии сомонаҳои Балҷувон, Бохтар, Темурмалик номи ҳафтаҳо дар тақвими сол ва дар Хуросон вазъи ҳаво бидуни ҷой додани тарҷума  ба русӣ навишта шудаанд. Таърихи гузоштани хабар, табрикот ё дигар таълифот дар сомонаҳои Бохтар ва Панҷ дида намешавад. Ин аст, ки матлабҳои наву кӯҳнаро фарқ кардан мушкил ва гоҳе имконнопазир аст. Ҳамин ишораи лозимӣ, яъне санаи нашр дар саҳифаи тоҷикии сомонаи Шаҳритуз бо ҳуруфи хоси забони русӣ нигошта шудааст (июнь, июль ва ғайра). Махлутшавии забонҳои тоҷикию русӣ зимни вероиши сомонаҳои Балҷувон, Бохтар, Темурмалик ва Шаҳритуз низ дар мавриди дигар тугмаю ишораҳо бисёр дида мешавад. Ба гунаи мисол, онҳо дар сомонаи Балҷувон 10-то ҳисоб шуданд. Дар сайтҳои Бохтар, Норак, ва Панҷ дар радифи матн ягон дафъа акс гузошта нашудааст. Тугмаи “Видео” ва худи навори видеоӣ дар ягон сомонаи зимнан фаъол вуҷуд надорад. Аз ишораҳои иловагии “Асосӣ”, “Донистанӣ”, “Аксҳо”, “Сохтмон” ва ҳоказои сомонаи Бохтар 2-то, Хуросон – 3, Сарбанд – 2, Данғара – 3, Темурмалик – 2, Панҷ – 2, Балҷувон – 19, Абдураҳмони Ҷомӣ – 3, Ховалинг – 4 ва Шаҳритуз 8-тояш солҳо инҷониб аз ҳар гуна иттилоъ холиянд. Намоди аз ҳама нохушоянди сомона ба Бохтару Шаҳритуз мутааллиқ аст. Дар суратадреси Бохтар пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шакли нимторик дар заминаи ранги кабуди нозебое гузошта шуда, азони Шаҳритуз танҳо аз хатҳои амудию уфуқӣ иборат асту бас. Сомонаҳои шаҳру навоҳии Норак, Хуросон, Балҷувон, Бохтар, Ёвон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Шаҳритуз, мувофиқи маълумоти масъулони шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди раиси вилояти Хатлон дар домени tj почтаҳои электронии расмӣ надоранд. Ин ҳол барои амнияти рақамӣ таҳдидбарангез арзёбӣ мегардад.   

Сомонаи мақомот барои шаҳрванд нест?
Низоми машваратии on-line, ки барои суолуҷавоби иҷтимоию ҳуқуқии ҳарлаҳзаӣ миёни масъулону шаҳрвандон хеле зарур аст, барои ҳама сайтҳои шаҳру навоҳии вилоят мисли як чизи бегона мебошад. Гӯшаҳои иттилоотӣ оид ба бартариҳо, ҷуброн ва имтиёзҳои аз ҷониби шахсони мансабдор ва корхонаҳо ба шаҳрвандон пешниҳодшаванда дар ягон сомона ҷойгир нашудааст. Доир ба ҳаҷми буҷети шаҳр ё ноҳия ва бо кадом мақсад харҷ шудани он, ки инъикосгари шаффофияти кори мақомот аст, дар ягон сомона барои шаҳрвандон иттилоъ манзур нагардидааст. Қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ дар бобати ба кӣ дода шудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳам интишор намешудааст. 

Сайти холӣ ба кӣ лозим?
Сомона, қабл аз ҳама, манбаи ахбор аст, вале ба гумони ғолиб инро на ҳама мутасаддиён дарк мекунанд. Аз ин лиҳоз, махзани онҳо аз замони таъсисашон, бахусус дар гӯшаи “Асосӣ” яксон нест. Ҳамин тавр, Балҷувон – 4, Бохтар – 10, Темурмалик - 60, Норак – 37, Сарбанд – 0, Шаҳритуз – 27, Панҷ – 5, Ховалинг – 1, Абдураҳмони Ҷомӣ – 6 ва Хуросон 11 мавод доштааст. Ба ҳисоби камтарин, агар дар панҷ сол лоақал ҳафтае як мавод нашр мегардид, миқдори онҳо дар як сомона бояд ба 240 мерасид. 27 августи соли равон, соати 11:36, вақте мо аз ҳама сомонаҳои дастраси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру навоҳии вилоят дидан кардем, таърихи интишори охирин маводашон чунин буд: Балҷувон 3 августи соли 2016, Темурмалик 8 августи соли 2016, Норак 22 декабри соли 2015, Шаҳритуз 13 августи соли 2016, Ховалинг 30 октябри соли 2015, Абдураҳмони Ҷомӣ 12 январи соли 2016, Хуросон – 4 сентябри соли 2014. Азбаски дар сайтҳои Бохтар, Сарбанд, Панҷ ва Данғара санаи нашр нишон дода намешавад, дар хусуси онҳо ҳарфи дақиқ гуфтан мушкил аст.   

Хат ғалат, маънӣ ғалат...
Дар сомонаи Бохтар дар баъзе матлабҳо ҳарфҳоеро, ки алифбои тоҷикиро аз русӣ фарқ мегузоранд, сарфи назар кардаанд. Ҳатто дар адреси сомона ибораи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар бидуни “қ”, “ҷ” ва “ҳ” нигошта шудааст. Дар сайти Ховалинг дар ҳамон ҷо аз вожаи иҷроия ҳарфи “и” ҳангоми маротибаи дувум омадан афтидааст. Дар сомонаҳои Панҷ ва Бохтар аз сабаби мутобиқат накардану шинохта нашудани 6 ҳарфе, ки алифбои тоҷикиро аз русӣ фарқи куллӣ мегузорад, мутолиаи таълифоташон бо душворӣ даст медиҳад. Дар сайти Балҷувон низ эълони ҷойҳои кори холӣ бидуни истифода аз он 6 ҳарф оварда шуда, андозаи ҳуруфи дохили матн дар сомонаҳои Бохтар ва Панҷ гоҳе хурд ва гоҳе аз меъёр калон интихоб шудааст, ки ин саҳифаҳоро баднамо кардааст. Дар торнамои Норак дар гӯшаи “Маъмурияти шаҳр” номи раиси шаҳр ним русию ним тоҷикӣ – Ҳурматзода Фатҳулло Зарифович ва ҳамтои ӯ дар сайти Бохтар дар гӯшаи “Таърих” зери сарлавҳаи “Донистаниҳо дар бораи ноҳияи Бохтар” Ҷаббори Гаффор навишта шудааст. 

...Намуна мебуд, агар 10 ноқисӣ намедошт
Ба ҳайси манбаи ахбори суфтаношуда сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар қиёс бо торнамоҳои шаҳру навоҳии вилоят аз афзалияти нисбӣ бархӯрдор аст. Аммо дар бобати тартиби сохт ва дурустии тарроҳӣ он низ чанд камбудӣ дорад. Ҳамагӣ як видеое, ки дар сомона гузошта шудааст, хосияти ноҷунбон дошта, бо нохунзании такрорӣ ҳам ба ҳаракат намедарояд. Тақвими сол, вазъи ҳаво ва санаи нашри мавод дар саҳифаи тоҷикӣ ба англисӣ нишон дода шуда, тугмаҳои “Ҷустуҷӯ” ва “Ҳисобкунии электронии воридшавандаҳо” мавҷуд нест. Низоми машваратии on-line, архиви маводҳо, гӯшаи иттилоот оид ба бартарӣ, ҷуброн ва имтиёзе, ки аз ҷониби ашхоси мансабдору корхонаҳои алоҳида ба шаҳрвандон пешкаш мегарданд ва миқдори буҷети вилояту хароҷоти он низ дар сомонаи расмии вилояти Хатлон ҷой наёфтааст.

Иқроранд, аммо қароранд
Ҳангоми суҳбат бо мо раисони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра камбудиҳоро эътироф карда, изҳор доштанд, ки онҳоро ҳатман ислоҳ хоҳанд кард. “Дар ин шабу рӯз бояд тамоми ташкилоту муассисаҳо сомонаи худро дошта бошанд. Умуман, ҳар коре, ки дар ноҳия мегузарад, бояд дар сомона нашр шавад. Дилхоҳ шахсе, ки хоҳиши шинос шудан бо дастовардҳои ноҳияро дорад, метавонад аз он истифода барад. Ман боварӣ дорам, ки ин камбудиро дар рӯзҳои наздик ислоҳ мекунем”, - афзуд Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун.
Сабаби ба таври шоиста истифода нашудан аз имконоти интернет ё худ сомонаи расмиро масъулон аз норасоии мутахассиси ҳирфаӣ ва камбуди молиявӣ арзёбӣ карданд. Фақир Саъдуллоев, роҳбари шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон – ниҳоде, ки мудирияти воситаҳои ахбори оммаи вилоятии, ба истилоҳ давлатиро, бар зимма дорад, мавҷудияти ҳар ду омили болозикрро тасдиқ карда, афзуд: “Агар масъулияти нигоҳдории сомонаҳо ба зиммаи шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳҳои раисони шаҳру навоҳӣ вогузор гардад, мо ҳатман ба пешравӣ ноил мегардем. Баъдан, якнафарӣ не, балки дунафарӣ бояд ба омӯзиш ва кори сомонадорӣ фаро гирифта шаванд, то дар ҳолатҳои ғайримунтазира сайт беназорат намонад”.
Аммо, ба андешаи инҷониб баҳри татбиқи иқдоми мазкур боз ҳам маблағ зарур аст.

Мушкиле нест, ки осон нашавад
Зафар Ализода, котиби масъули шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди раиси вилояти Хатлон андеша дорад, ки мушкили меҳварӣ то ҳол дар сатҳи вилоят муқаррар нашудани харҷномаи алоҳида дар дохили буҷетҳои маҳаллист. “Азбаски заминаи молиявӣ барои татбиқи барномаю ташаббусҳои давлатии рушди технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ муайян нашудааст, масъулон зиёда аз 10 сол боз намедонанд барои сомонаҳо аз куҷо маблағ пайдо кунанд”.  Ин дар ҳолест, ки ба қавли мутахассиси соҳа, барои ифтитоҳи сомонаҳои монанд ба сайтҳои мавриди таҳлил пули зиёд даркор нест. “Барои сохтану ба истифода додани сомона, гирифтани домени tj ва ҷой кардани он дар хостинг (компютер) - и интенет-провайдерҳо соли аввал тақрибан 3-4 ҳазор сомонӣ лозим аст. Минбаъд соле як бор ҳамагӣ 200 - 300 сомонӣ харҷ мешавад” , - баён кард ӯ.

Ду нуктаи муҳим
Аввалан, агар раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва дигар масъулон фоидаи сомонаро ба хубӣ дарк накунанд, дар ин самт дигаргунии куллӣ ба амал омаданаш амрест маҳол. Баъдан, зарур аст, то бо ин мақсад ҳамасола аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои махсус зери сархати алоҳида ихтисос ёбад, то сарҳисоби кор пайдо гардад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 3126

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед