logo

иқтисод

БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА НОҲИЯИ АГРАРИВУ САНОАТӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи калонтарини мамлакат, ки номи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро дорад, ободу шукуфо гашт. Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, ташаббускориву мустақилӣ, сари вақт андешидани тадбирҳои судманд имкон дод, ки солҳои охир ба нишондиҳандаҳои  назаррас ноил гардем.

Даромади Буҷети давлатӣ дар соли сипаришуда нисбат ба соли 2000 - ум афзуда, аз 1301,7 ҳазор сомонӣ ба 140324,0 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Ғанӣ гардидани буҷети ноҳия шароит фароҳам овард, ки  маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ тадриҷан  зиёд гардад. Солҳои 2008 -2015 дар сохтмони иншооти гуногуни ноҳия дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд. Тӯли ин солҳо ба маблағи 416,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар ҳаҷми 352,5 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ва 930,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои асосӣ азхуд карда шудааст. Дар  ин росто,  соли гузашта 190,5  ҳазор  метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки  нисбат ба соли 2008 - ум 1,2 маротиба зиёд аст. 
Дар  ин давра Қасри маданияти «Арбоб» ва  Амфитеатр дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, чойхонаи миллии «Боғи Ваҳдат» дар Ҷамоати деҳоти Исмоил, варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз, комплекси хизматрасонӣ ва толори қабули меҳмонон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, пул аз болои дарёи Сир дар Ҷамоати деҳоти Ёва  ба истифода дода шуданд. Ҳоло сохтмони иншооти ҳаётан муҳим, ба мисли   маркази фарҳангӣ дар шаҳраки Ғафуров, бинои иловагӣ дар беморхонаи марказӣ, бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Исфисор идома дорад.
 Тайи солҳои охир бинобар пурра истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар   соли 2015  нисбат  ба соли 2000 - ум 3,3 маротиба афзоиш ёфта,  ба 322,1 миллион сомонӣ расонда шуд. Таъсиси корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр  Суғд  семент» боиси ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. 
 Солҳои 2000 - 2015 дар   ноҳия 74 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз 1100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд, ки барои диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Байни коргоҳҳои навтаъсис ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди  «Алфа ПЭТ», «Зерновая Компания», «Ободкори Хуҷанд», «Юсуф Саркор», «Сахо», «Ғаллаи Суғд», «Ширкати Азизӣ» ва «Афзали Суғд» калонтарин маҳсуб ёфта, ба пешрафти соҳаи саноати ноҳия мусоидат карда истодаанд.
 Рушди инфрасохтори нақлиёт омили муҳими пешрафти иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад. Дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ имрӯзҳо 20 ширкат бо шаклҳои гуногуни моликият фаъолият дорад. Дар соли 2015 ҳаҷми  боркашонӣ нисбат ба соли 2000 - ум 6,6 маротиба афзуд. Бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 649,6 километр роҳҳои мошингард бунёд ва таъмиру таҷдид шуданд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои истиқлолият пахтакорон, ғаллакорон, боғу  токпарварон, чорводорон меҳнати шоиста намуданд. Таҳлили вазъи соҳаи ғаллакорӣ бозгӯи он аст, ки соли ҷорӣ  истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ ба 35,3 ҳазор тонна расонда мешавад, ки нисбат ба соли 2006 - ум 1,7 маротиба ё худ 14 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳамзамон, соли равон ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба  99,7 ҳазор тонна ва полизӣ 11,6 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд.
Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар  солҳои охир бевосита ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаҳои савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ таъсири мусбат расонда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бозори истеъмолии ноҳия аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, хизматрасонии пулакӣ, инчунин  афзоиши  ҳаҷми воридот рушд намуда, дар натиҷаи зиёд шудани даромадҳои пулии аҳолӣ, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум дар сохтори истеъмолот ҳиссаи маҳсулоти ғизонокиаш баланд сол ба сол меафзояд. Баҳри  таъмини аҳолӣ бо молҳои аввалиндараҷа дар ноҳия нуҳ бозор ва зиёда аз 500 маркази савдою хизматрасонӣ  фаъол аст. Бо назардошти ин, дар соли сипаришуда ҳаҷми гардиши моли чакана бо нархҳои муқоисавӣ ба маблағи 1022,3 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба соли 2000-ум 11 маротиба зиёд мебошад.
Гардиши савдои хориҷӣ  дар соли сипаришуда ба 654,1 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба соли  2008 - ум  419,7 миллион доллар зиёд аст. Робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Туркия сол ба сол тавсеа меёбанд. Тӯли ин солҳо ба иқтисодиёти ноҳия 120 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки он асосан ба соҳаҳои  саноати коркард, кишоварзӣ, роҳ, энергетика ихтисос дода шудааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати расидан ба зинаҳои баланди рушд, сарсабзу хуррам гардондани диёри арҷмандамон,  боз ҳам неруманд гаштани иқтидори иқтисодии Тоҷикистони азиз саъю талош хоҳанд кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 2054

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед