logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳазанзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қароргоҳи ҳукуматии Ала - Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ Президенти ҷумҳуриҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Федератсияи Русия Владимир Путин, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд. Инчунин, дар ин ҳамоиш Сарвазири Молдова Павел Филип, муовини якуми раиси Девони Вазирони Туркманистон Бяшиммурод Хоҷамамедов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Қирғизистон Николай Дорошенко ширкат варзиданд.
Роҳбарони кишварҳо нахуст рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳоро, ки масъалаҳои марбут ба ҳамгироии сиёсӣ, таъмини амнияту субот дар қаламрави иттиҳод ва ҳамкориҳои гуманитариро фарогир буд, дар нишасти хосаи худ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар оғози суханронии хеш дар ҷаласаи хосаи ҳайатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар вобаста ба марги бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов изҳори ҳамдардию тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти ӯзбек расонданд. Пеш аз оғози кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар ҳайати васеъ ба хотири гиромидошти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Зимни суханронии худ дар нишасти ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон барои раёсат дар иттиҳод ва ташкили кори бонизоми ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар чоряк асри гузашта ИДМ нақши боризи худро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлатҳои аъзо гузошта, ҳамгироии манфиатбахши байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот нигоҳ доштааст.
Дар ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои узви ИДМ масъалаҳои мутобиқсозии иттиҳод ба шароити имрӯзи ҷаҳони муосир, тақвияти ҳамгироии минтақавии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои гуногун, таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 25 - солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Изҳороти муштараки роҳбарони ҳайатҳо қабул гардид.
Дар ҷаласа сарони кишварҳои иттиҳод дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои умумии байнидавлатӣ доир ба иҷрои минбаъдаи масъалаҳои рӯзномаи корӣ мавқеи худро муайян намуда, барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар қаламрави иттиҳод, коҳиши таъсири омилҳои номатлуб ба иқтисодиёти давлатҳо ва дигар масъалаҳои мубрам омодагию ҳавасманадии хешро таъкид намуданд.
Ҳамин тавр, баъди анҷоми раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2017 -  ум раёсат ба ҷониби Федератсияи Русия ва ҳамраисии он бошад, ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2016    №: 187    Мутолиа карданд: 2279

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед