logo

иҷтимоиёт

ДИҚҚАТ, «ТИЛЛОИ САФЕД» - РО ҲИФЗ КУНЕМ!

Дар ҷумҳурӣ мавсими ҷамъоварии пахта фаро расид. Чун «тиллои сафед» боигарии давлат аст, онро бояд аз сӯхтор ва ҳар гуна офатҳо ҳифз намоем. Ҳар сол кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози мавсими ғунучини ҳосил дар хирманҳо, нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта корҳои профилактикӣ гузаронда, ба роҳбарону шахсони мутасаддӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида амрнома ва маслиҳату пешниҳодҳои муфид медиҳанд.
Мутаассифона, бинобар хунукназарӣ, сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ ва риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ, сӯхтор ба амал омада, боигарии халқ - пахта нобуд мегардад. Соли гузашта бо ҳамин сабабҳо наздик ба як тонна пахта нобуд гашт.
Тавре аз таҳлили ҳодисаҳои сӯхтор бар меояд, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани васоити оташнишонӣ ва ё дуруст набудани дудбарои трактору автомашинаҳо пахтаи дар хирманҳо ва наздикии роҳҳои мошингард паҳнкардашуда оташ мегирад. Ҳамчунин, аз шарораи гулхан, беэҳтиётона дар гирондани гӯгирд, шамъ ва боқимондаи сигор сӯхтор ба амал меояд. Бинобар ин, дар наздикии хирманҳо ва ҷои нигоҳдории пахта оташ афрӯхтан қатъиян манъ аст.
Пахтаи дар мошин ва ё трактор боркардашударо бо брезент пӯшондан ба мақсад мувофиқ аст. Техникаи барои ҷамъоварӣ ва кашондани ҳосили пахта сафарбаршуда бояд ба воситаи оташнишонии тамғаи ОП-5 ва бел таъмин гарданд. Истгоҳи тракторҳо, автомобилҳо, мошинҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмир, равғанмолӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бояд аз хирман дар масофаи 100 метр дуртар воқеъ гардида бошанд. Хирманҳо бо воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ, мотопомпаи обкашии зиддисӯхторӣ, дастурамали махсус таъмин шаванд.
Дар заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳое, ки дар масофаи то 150 метр гидрантҳои оташнишонӣ надоранд, ҳавзҳои об ташкил намудан зарур аст. Коргоҳҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо бояд бо насосҳои обдиҳӣ, мотопомпа, рӯда ва милҳо таъмин бошанд.
Нозимҷон ИБРОҲИМЗОДА,
сардори Сарраёсати Хадамоти
давлатии оташнишонии ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори хизмати дохилӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2314

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед