logo

маориф

КОЛЛЕҶИ РАССОМӢ. РОҲ БА СӮИ БЕҲТАРИН ДОНИШКАДАҲОИ ХОРИҶӢ БОЗ АСТ

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов фаъолияти худро аз соли 1936 оғоз намудааст. Он солҳои тӯлонӣ ягона маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ буд. Дар коллеҷ аз рӯи 11 ихтисос шуъбаҳо амал мекунанд. Яке аз онҳо  шуъбаи рассомӣ аст, ки бо ихтисоси омӯзгори санъати тасвирии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои бачагонаи рассомӣ ва студияҳо мутахассис тайёр менамояд. Инчунин, дар коллеҷ шуъбаҳои санъат ва зебоисозӣ (дизайн), ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, рассом - ороишгари театр, кулолгарии бадеӣ, коркарди бадеии чӯб, заргарӣ, ороиш ва расмҳои китоб (графика) ва бофандагии бадеӣ (габилен) амал менамоянд.
Се сол боз дар ҷумҳурӣ Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн кушода шудааст. Баъд аз хатм бисёри донишҷуёни коллеҷ дар он ҷо дониши худро такмил медиҳанд.
 «Сол то сол шумораи довталабони коллеҷи рассомӣ зиёд шуда истодааст, ки ин бисёр хуб мебошад. Аксарияти донишҷӯёне, ки коллеҷи моро хатм мекунанд, рафта дар театрҳо ҳамчун рассом кору фаъолият менамоянд. Имсол 3 донишҷӯи мо дар  театрҳои лӯхтак, опера ва балет ва ҷавонон бо кор таъмин шуданд. Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ ба коллеҷ дохил шуда буданд, онро хатм намуданд. Ҳамаи шаш нафари онҳо ба беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳои санъати тасвирии Федератсияи Русия қабул гардиданд. 
Бахшида ба Ҷашни  Истиқлолияти давлатӣ  тасмим гирифтем, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишеро бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони қоллеҷ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» ва «Осорхонаи миллӣ» иборат аз асарҳои рассомони ҷавон баргузор намуданд.  Пеш аз ҷамъбасти нимсолаи якум мувофиқи нақшаи таълимии коллеҷ якчанд намоиши иловагии корҳои донишҷӯён аз фанҳои қаламкашӣ, рангкашӣ, устухонпайвандӣ, устохона, пора ва дӯхти либосҳо, хаттотӣ, нақшакашӣ, меъморӣ ва анатомияи пластикӣ гузаронда шуд, ки ҳар яки онҳо аз тарафи ҳайати комиссияи имтиҳонӣ баҳогузорӣ гардид. Натиҷаи ҳамин намоишҳои иловагӣ буд, ки донишҷӯён нимсоларо бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст намуданд»,  - гуфт Сироҷиддин Ҷӯрахонов, директори коллеҷ.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 5558

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед