logo

иқтисод

ТАДҚИҚОТ: АЗ БЕЗАРАР ГАРДОНДАНИ ОБ ТО КОРКАРДИ ПАРТОВ

Ҷангӣ Назаров номзади илмҳои техникӣ, аз  зумраи олимонест, ки дар тӯли фаъолияти илмиаш, аз ҷумла дар Муассисаи давлатии илмӣ «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии саноат», бо ҳамкорон чандин тадқиқот  ва лоиҳаҳои барои рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ муҳимро пешниҳод намудааст.
- Аз соли 2003 чанд лоиҳаи инвеститсионӣ таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардем, - мегӯяд ӯ. - Аз он ҷумла соли 2005 пешниҳод ба Ҳукумати кишвар дар хусуси сохтани корхонаи коксу кимиёвӣ дар минтақаи кони ангишти Фон - Яғноби ноҳияи Айнӣ, ки 1 миллиард тонна захира дорад, яке аз ин лоиҳаҳо буд. Тибқи нишондоди лоиҳа корхона  ба маблағи 140 миллион доллар  сохта шуда, 3 ҳазор  нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардид. Мувофиқи ҳисобҳо коргоҳ дар ҳолати як сол бо иқтидори пурра  фаъолият кардан маблағи сарфшударо бармегардонд ва фоидаовар мешуд. Аз  ангишт имкони кокс ҳосил кардан мавҷуд аст. Ҳозир арзиши як тонна кокс дар ҷаҳон тахмин 600 – 700 доллар мебошад. Дар баробари ангишт аз таркиби он чандин маҳсулоти дигар гирифтан имкон дорад, ки онҳо бе хароҷоти зиёд ба даст меоянд. Аз ҷумла газ, ки саноат ба он хеле эҳтиёҷманд аст. Агар 3 миллион тонна ангиштро ба шакли кокс коркард кунем, тахмин 1 миллиард метри мукааб газ ҳосил мешавад. Агар ин лоиҳа амалӣ мешуд,  метавонистем газро ба воситаи лӯлаҳо ба ҷануби кишвар ва шаҳри Душанбе биёрему корхонаҳои зиёди саноатӣ аз он истифода баранд.
Лоиҳаи дигар барои гирифтани доруи минералии суперфосфат, амофос омода шуда буд. Суперфосфату амофос заминро мулоим мекунанд. Дар минтақаи Қаратоғ кони фосфорит дорем. Дар таркиби маъдани ин кон 8 – 12 дарсад фосфорит  мавҷуд аст. Бояд онро коркард карда аз таркибаш фосфоритро ҷудо созем. Агар дар таркибаш кислота, масалан, аммиак ҳамроҳ кунем, суперфосфат ҳосил мешавад. Агар сулфат ҳамроҳ кунем, амофос мешавад. Як хусусияти фосфорит он  аст, ки вай дар об ҳал намешавад. Амофос се баробар аз суперфосфат қимату фоидаовартар аст.
Як лоиҳаамон аз санги базалт  сохтани лӯлаи об аст. Аз он дар шароити озмоишгоҳ барои истифода дар шаҳри Душанбе лӯлаи обгузар истеҳсол кардем, ки онро на занг мехӯрад, на кислота таъсир дорад. Ин ҷо мо бояд пече дошта бошем, ки то 2 – 3 ҳазор дараҷа гармӣ диҳад. Ин санг аз дигар сангҳо  ба мисли маъдан об шуданаш фарқ мекунад. Кӯҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дараи Харангон, саропо санги базалт аст. Аз ин санг арматура истеҳсол мекунанд, ки дар биноҳои то дуошёна истифода бурдан  мумкин аст. Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо ташрифи Президенти мамлакат як корхона ба истеҳсоли нах аз санг оғоз намуда буд. Ин маҳсулот дар оташ намесӯзад. Онро, ки мисли стекловат аст, дар боми биноҳо ва дохили он барои гармиро нигоҳ доштан истифода мебаранд.
Тадқиқоти дигар ин тарзи соф ва безарар гардондани оби ҷӯю дарёҳо дар ҷумҳурист. Асосан таркиби обҳои шаҳри Душанбе, дарёи Варзобу обҳои зеризаминиро меомӯзам. Мақсад ин обҳоро  софу безарар гардондан аст. Таҷрибаҳо дар як дастгоҳи хурд сурат гирифта, натиҷаҳо умедбахшанд. Оби софи нӯшиданӣ дар таркибаш моддаҳои зараровар ҳам дорад. Оби зеризаминӣ ҳам чандон тоза нест. Усули тоза кардани об истифода аз неруи барқ аст. Ба об бо ҷараёни электрикӣ таъсир мерасонем ва об тозаю  безарар  мешавад. Масалан, 100 литр обро  бо ин усул дар як соат  тоза ва безарар мегардонем. Ҳоло ин корро дар шароити хонагӣ  анҷом дода истодаем.
Як кори дигар, ки ба он муваффақ шудем, ин коркарди партов дар  партовгоҳи километри 9 – уми шаҳри Душанбе аст. Се элак сохтам, ки поруро ба хока, нимхока ва калонтар ҷудо мекунанд. Барои  фаъолияти як ширкат патент гирифта, ба истеҳсоли пору оғоз намудем. Поруи беҳтарин аст. Метавонем тамоми гулу гулгаштҳои пойтахтро бо пору таъмин намоем. Имкони дар як рӯз то 40 – 50 тонна пору баровардан ҳаст.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 1974

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед