logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва Фарҳод Тоиров, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Дар манзили истиқоматии ба шавҳарам тааллуқдошта 15 сол боз зиндагӣ мекунам. Дар ин муддат манзили зистро аз ҳисоби маблағҳои муштарак якчанд маротиба таъмир намуда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардондем. Ҳоло муносибатҳои ҳамсариамон барҳам хӯрда, оилаамон пароканда гаштааст. Оё баъди бекор гардидани ақди никоҳ ман ҳуқуқ дорам, ки  ҳиссаи худро талаб намоям?
Шаҳноза Атоева,  шаҳри Хуҷанд

- Молу мулке, ки то бастани ақди никоҳ ба ҳамсарон тааллуқ дошт, моликияти ҳар кадоми онҳо дониста мешавад. Зеро, мувофиқи моддаи 36 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулке, ки ба зану шавҳар тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя  ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо маҳсуб меёбад.
Дар сурате ки манзили истиқоматии то ақди никоҳ ба шавҳаратон тааллуқдошта аз ҳисоби маблағҳои якҷоя якчанд маротиба таъмир ва арзиши он аз нархи пештарааш афзунтар гардида бошад, пас шумо ҳуқуқ доред, новобаста аз ин муқаррароти қонунгузорӣ, дар хусуси амволи муштарак донистани ин манзили истиқоматӣ ба суди маҳали ҷойгиршавии он бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоед. Зеро моддаи 37 Кодекси оила пешбинӣ намудааст, ки молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст.
***
- Чор сол аст, ки ба нигоҳубини пиронсолон машғулам. Вақтҳои охир нозири минтақавӣ аз ман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолиятамро пурсон мешавад. Онро аз куҷо дастрас намоям?
Зебӣ, шаҳри Қӯрғонтеппа

- Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 августи соли 2012, таҳти № 451 номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешавад, тасдиқ карда шудааст. Мувофиқи банди 39 - и ин номгӯ шумо барои хизматрасонӣ оид ба иҷрои корҳо дар хонаҳо, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон бояд аз мақомоти андози маҳали зистатон патент дастрас намуда, худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гиред.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2905

10.12.2018


МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед