logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ КӮДАК ТАЪМИНИ ОН ТАЪМИНИ НУФУЗИ КИШВАР НИЗ МАҲСУБ МЕЁБАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин кишварҳои пасошӯравист, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонда, як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи он ба зимма гирифт. Баҳри таҳкими таъмини ҳуқуқи кӯдакон, таҳти ғамхории махсуси давлат қарор додан, дар муҳити оилавӣ таълим ва тарбия ёфтани онҳо барномаҳои вижа роҳандозӣ гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонда шуданд.

Дар доираи  уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар сохтори Вазорати адлияи кишвар шуъбаи адлияи ювеналӣ ва дар сохтори дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак таъсис ёфта, фаъолият намуда истодаанд. Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди демографӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак зарурати таъсис додани мақоми махсус - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба миён омад.  Бо назардошти ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин якчанд лоиҳаи вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунандаро вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд. Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои амалӣ гардондани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак кафолатҳои ҳуқуқӣ ва моддию иҷтимоӣ пешбинӣ шуданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз нигоҳи ташкилӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи салоҳиятҳои хоси омбудсмен амал мекунад.
Ҳукумати мамлакат  барои ташаккули ҳамаи зинаҳои таҳсилот тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз қабили марказҳои инкишофи кӯдакон, боғчаҳои бачагонаи хонагӣ ва монанди инҳо ба роҳ монда шуда, мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд ва мавриди истифода қарор доранд.
Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо дар маркази диққати  Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Барои бо сатҳи шоистаи зиндагӣ  таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин мегарданд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.
Дар низоми мақомоти давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пешравии назаррас аст. Таъсис додани чунин ниҳод хоси давлатҳои демократӣ мебошад.
Раҷабмо БАДРИДИНОВА,
муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи кӯдак


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2898

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед