logo

иҷтимоиёт

БЕМОРИИ ТАВФУН. МОДАРОН БОЯД ЭҲТИЁТКОР БОШАНД!

Абдураҳмон Норов, мудири шуъбаи бемориҳои кӯдаконаи Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ иброз медорад, ки  солҳои охир гирифторони бемории тавфун торафт зиёд шуда истодаанд. «Ин на танҳо падару модарон, балки мо табибонро низ ба ташвиш овардааст. Теъдоди кӯдакони гирифтори ин дард  соли ҷорӣ 2,3 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст.

Бемории тавфун (заҳролудшавии хун)  ду намуд мешавад: септикопиемӣ ва септикасимӣ. Беморони септикопиемӣ манбаъҳои пинемикӣ (манбаъҳои сироятӣ дар организм) доранд, ба монанди пневмания, инфрокалид, менингит ва ғайра. Намуди  септикасимӣ ҳамин аст, ки  микроб дар хун гардиш мекунад, лекин мавқеъҳои  пинемикӣ дар худи организм ҷой надорад, фақат ҳароратбаландӣ, лоғаршавӣ дида мешаванду мавқеъҳои илтиҳобӣ нест. Ин асосан дар кӯдакони навзод пайдо мешавад, ба навъи септикопиемӣ кӯдакони синнашон  калонтар гирифтор мешаванд. Сабабҳои пайдо шудани беморӣ бениҳоят зиёданд.  Аз модар тавфун  таваллуд шудани кӯдакро тавфуни  дохилибатнӣ мегӯянд. Дар ин ҳолат модари бемор ба кӯдак сироят мекунад. Ё ин ки  баъзе вирусҳое  ҳастанд, ки дар организми модаранд,  ба монанди стамегариус, хламинер ва тахфеплороза. Агар иммунитет паст бошад,   микробҳо тавассути ноф  ба ҷисми кӯдак роҳ меёбанд. Бемавқеъ истифода бурдани доруҳо  низ ба ин ҳолат оварда мерасонад.  Яъне аз табобати нодуруст низ кӯдак бемор мешавад», - мегӯяд А. Норов. 
Модароне, ки фосилаи байни таваллудро  риоя намекунанд, камшир мешаванд.  Вақти ҳаштмоҳа будани кӯдак боз ҳомила мешаванду  шир доданро қатъ мекунанд. Ин боис мегардад, ки кӯдак ғизоҳои заруриро  нагирад ва гирифтори бемории тавфун  гардад.  Яке аз сабабҳои асосии гирифторӣ ба тавфун  аз шири модар ҷудо кардани кӯдакон ва ба онҳо хӯрондани шири сунъӣ мебошад.
Омилҳои пешгирии он модаронро омода намудан ба ҳомиладорӣ ва сари вақт гузаштан аз эмкуниҳо мебошад. Бемориҳои сулфакабудак ва гулӯзиндонак  организмро бениҳоят лоғар мекунанд ва дар ботини кӯдак барои тавфун  замина тайёр мешавад. Мувофиқи нишондодҳо 70 дарсади ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории тавфун оқибати хатарнок дорад. Баъзе микробҳое  ҳастанд, ки ба зудӣ нобуд  намешаванд.  Ин микробҳо  қудрати худро муҳофизат  намуданро доранд. Дар ин ҳолат барои бартараф намудани беморӣ табибон заҳмати зиёд мекашанд.
 Сарвиноз  ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2436

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед