logo

иқтисод

ГУМРУК: НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситондани пардохтҳои гумрукӣ аз воридоти мол мавқеи асосӣ дорад. Бар асари буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки ба воридоту содироти молу маҳсулот дар тамоми дунё таъсири манфӣ расонда истодааст, дар нимсолаи аввал нақшаи ситондани пардохтҳои гумрукӣ ба  андозаи 1956,9 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст. Ба  Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад 1696,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки баробари 86,7 дарсади нақша мебошад. Ин камбуд дар самти гардиши тиҷорати хориҷӣ, махсусан коҳишёбии воридоти моли андозбандишаванда, мушоҳида мешавад.

- Дар нимсолаи аввали соли 2016 имтиёзҳои гумрукию андозии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳодшуда аз 67 дарсади ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии “иҷозат барoи муомилоти озод” воридшуда, танҳо 33 дарсади он (413,1 миллион доллар) мавриди андозбандӣ қарор гирифтааст, - мегӯяд Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Арзиши гумрукии молҳои ба тариқи имтиёзнок ба расмиёти гумрукӣ даровардашуда 843,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Мушкилот дар самти низоми андозбандии мавҷуда, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳо ва кам ворид шудани пардохтҳои гумрукӣ ба қисми даромади Буҷети давлатӣ масъулони мақомоти гумрукро водор намуд, ки барои пурзӯр кардани назорати гумрукӣ аз рӯйи молҳои интиқолёбанда бо истифодаи фишангҳои ҳуқуқӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар натиҷаи фаъол сохтани корҳои санҷишӣ ва назоратӣ 1027 ҳолати нодуруст ситондани пардохтҳои гумрукӣ ошкор шуда, аз ин ҳисоб 41905,4 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян гардиданд.
Кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ 2704 ҳолати қонуншиканиро ошкор карданд, ки  аз онҳо 13 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 2 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 5 ҳолат ба ҷиноятҳои дигар марбутанд. Дар  ду ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 10 килограмму 226 грамм маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” мусодира гашт. Баъди баррасии 2682 парванда  2449 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба маблағи  2967,8 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 4068,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронсозиҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳо, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои муштарак гузаронда, воридоти ғайриқонунии ангишт, нуриҳои маъданӣ, семент, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, орд, меваи тар, доруворӣ, матоъ, атриёт, гул ва хӯроки паранда ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавқеъ ва обрӯйи кишвари мо дар байни давлатҳои ҷаҳон афзудааст. Ҳоло ҷумҳурӣ бо 104 кишвари дуру наздик  робитаҳои тиҷоратӣ дорад, аммо дар ин бахш ҳиссаи Русия, Чин, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон, Эрон, Швейтсария, Ӯзбекистон, Покистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бештар назаррас аст.  Дар амалиёти содиротӣ алюминийи аввалия, маъдани оҳан, консентрат, филизот, сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва меваю сабзавот, дар воридот таҷҳизоти технологӣ, таҷҳизоти барқӣ, оҳан, маҳсулоти нафтию пластикӣ, гандум, оксиди алюминий (глинозем), гази моеъ, равғани рустанӣ, чӯбу тахта, нуриҳо, шакар ва гӯшти паранда  мавқеи асосӣ доранд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 1976

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед