logo

иқтисод

ШУҒНОН ҲАЁТИ НАВ

Дар интиҳои асри XX миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки мо 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни муқаддастарини  умумимиллӣ таҷлил мекунем.

Ба шарофати Истиқлолияти миллӣ, таҳкими ваҳдат, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон назаррас аст. Дар соли 2015 даромади буҷети ноҳия  аз 98 ҳазор сомонии соли 2000 ба 25, 7 миллион сомонӣ расид, ки ин  26, 2 маротиба зиёд аст.
Бо мақсади таъмини рушди босуботи ноҳия дар замони истиқлолият аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳои ноҳия зиёда аз 268 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Cоҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат мунтазам рушд ёфта истодааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми солҳои 1997-2016 ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 15 дарсад афзоиш ёфта, даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ва барқарор шуданд. Дар соли  2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар  ноҳия  31, 9 миллион  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2009 - ум 2, 9 баробар зиёдтар аст.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016 - 2020 татбиқи 148 лоиҳа ба маблағи умумии 263 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди маҳсулот рушди саноат чун  роҳи беҳтарини ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ ва бозори истеҳсолӣ диққати бештар дода шуд.
Дар ноҳия корхонаи сангкоркунии «Лаъл», фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёти Нав» корхонаҳои коркарди пилла, дуредгарӣ,  бофандагӣ, коркарди меваю сабзавот, мӯина ва шир фаъолият доранд.
Дар  ин минтақа Неругоҳи барқи обии калонтарини вилоят “Помир -1” бо иқтидори 28 мВт фаъолият дошта, ҳамасола зиёда аз 112 миллион кВт соат неруи барқ истеҳсол мекунад.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2010 ба  ноҳияи Шуғнон  ба раванди корҳои  ободонию  созандагӣ, беҳтар гардидани  авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ,  илмию фарҳангӣ такони тоза бахшид.  Ноҳияи Шуғнон, ки дар давоми солҳои зиёд маркази маъмурӣ надошт, соҳиби марказ гардид ва он шаҳраки Ваҳдат номгузорӣ шуд.
Тибқи  маълумоти оморӣ аз  ҳисоби  сарчашмаҳои  маблағгузори давлатӣ зиёда аз 140 миллион сомонӣ  ҷудо гардида,  дар давоми 5 соли охир  дар  қаламрави ноҳия  сохтмону  азнавсозии  75  иншооти гуногуни таъйиноти  иқтисодию  иҷтимоӣ  анҷом дода  шуданд. 
Яке аз  дастовардҳои  бузурги  истиқлолият  аз буҳрони иттилоотӣ  раҳо  гардидани сокинони ноҳия мебошад. Тамоми  таҷҳизоти  алоқаи  телефонии ноҳия  бо техникаи навтарини рақамӣ иваз  гардид.
Соли 2015 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 116, 1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2008 (39,1 миллион сомонӣ) 4,8 маротиба зиёд аст.
Бо иштироки  Президенти мамлакат соли 2015 дар деҳаи Боғеви ноҳия ба маблағи 13 миллион сомонӣ аввалин корхонаи коркарди орд дар вилоят бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ва ду анбор барои нигоҳдории шаш ҳазор тонна ғалла ва ҳазор тонна орд ба истифода дода шуд.
Соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар рушди иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим мебозад. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бештар ба рустанипарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ шуғл доранд. Зиёда аз 90 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.
Баҳри амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 542 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Соли 2015   саршумори кутосҳо ба 2582 расид, ки нисбат ба соли 2007 (1142 сар) 2, 3 маротиба  зиёд  аст.  
Маблағгузории соҳаи маориф сол то сол меафзояд. Барои рушди  ин соҳа фақат  дар шаш соли охир  танҳо  аз манбаҳои  маблағгузории давлатӣ 44 миллион  сомонӣ ҷудо  карда шудааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 33 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 4600 нафар хонанда сохта, ба истифода супорида шудаанд. Соли ҷорӣ ифтитоҳи боз чор муассисаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар партави сиёсати бунёдкорона имсол ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон чун армуғони ҷашнӣ мактаби наву замонавӣ барои 464 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.
Тибқи квотаи президентӣ аз ноҳия дар маҷмӯъ 275 нафар ба таҳсил фиристонда шуда, имсол боз 21 нафар довталаб  ба донишгоҳҳо дохил шуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии  кишвар  ба рушди соҳаи  тандурустӣ,  беҳтар намудани заминаи  моддии он, таъминот  бо кадрҳои  баландихтисос  таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Марҳилаи  аввали  ислоҳоти  соҳа  дар қаламрави ноҳия  муваффақона анҷом  ёфт. Дар давоми  солҳои  2000 - 2015 дар ноҳия зиёда аз 45 муассисаи тандурустӣ сохта, таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин  шудааст.
Рушди  соҳаи  фарҳанг, варзиш, тақвияти ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ  аз доираи назари мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  дар канор намондаанд. Соли ҷорӣ дар ҷашни 19 - солагии Ваҳдати миллӣ дар  маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат хишти аввали Кохи фарҳанги ноҳия аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Бо мақсади  бо ҷои кори муносиб таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, имрӯз вазъ дар бозори меҳнат рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар давоми 15 соли охир қариб 18,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Бояд таъкид сохт, ки дар доираи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба зиёда аз 1495 шаҳрванди бекор барои ташкили фаъолияти инфиродии меҳнатӣ дар ҳаҷми 2,7 миллион сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудаанд, ки ин яке аз тадбирҳои муҳими сиёсати давлат дар самти паст намудани шиддати бекорӣ мебошад.
Мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Шуғнон чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осудаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд ва диёри худро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд.
Гиёзода Азиз ҚОДИР, раиси ноҳияи Шуғнон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2240

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед