logo

иқтисод

РИСОЛАТИ МО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИСТ

Мардуми Исфара  аз он шукргузоранд, ки ин шаҳри куҳанбунёду тозаҷавон низ дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар пайваста рушду инкишоф меёбад. Дар ин росто метавон гуфт, ки меҳнаткашони шаҳр маҳз аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу субот имкон пайдо намуданд, то раванди пешрафти иқтисодиро ҳадафмандона вусъат бахшида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагиашон муваффақ гарданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, агар дар давоми солҳои 1995 - 2011 барои тараққиёти шаҳри Исфара аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ  беш аз 160 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас танҳо барои амалӣ гардидани 338 лоиҳаи дар “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017” муайянгардида, қариб якуним миллиард сомонӣ пешбинӣ ва ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин барнома  то ин давра аз ҳамаи манбаъҳо дар ҳаҷми  109 миллиону 195 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расида, зимнан сохтмони як силсила иншооти муҳими иҷтимоӣ ва корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсоливу коркард, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёду навсозии муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, таҷдиди роҳҳо ва пулҳои мавҷуда амалӣ гардонда шуданд.
Дар ин радиф, моҳи марти соли равон сохтмони бинои маъмурии прокуратура ба маблағи 3 миллиону  370 ҳазор сомонӣ, инчунин маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонии навбунёд воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо арзиши лоиҳавии беш аз 6 миллион сомонӣ ба анҷом расида, дар ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ифтитоҳ ёфтанд. Тибқи барномаи мазкур дар остонаи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ бинои мутобиқ ба талаботи меъморию сохтмонии муосир сохташудаи Маркази адлия барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариус, судиҷрочиён ва Маркази ҷавонони шаҳри Исфара, ки арзиши корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо беш аз 5 миллиону 850 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Агар дар соли 1990 дар шаҳри Исфара 23 корхона, аз ҷумла 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони истиқлолият  30 корхонаи нави хурду калон сохта шуд.  Дар пешбурди соҳаи саноат ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»- и шаҳри Исфара, ки маҳсулоташ ҳанӯз соли 1999 бо ҷоизаи “Арки Аврупо барои сифати баланд” сазовор дониста шудааст, нақши калидӣ дорад. Айни замон навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳазгардонии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия “Баракат-Исфара”, ки дар самти коркард ва банду басти меваи хушк муваффақ аст, инчунин корхонаҳои консерв тибқи нақша сурат мегиранд. Дар Исфара дар давоми солҳои истиқлолият беш аз 3 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд ва зимнан майдони боғу токзор ба масоҳати 2000 гектар зиёд гардида, ҳамасола истеҳсол ва содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар таъмин шуда истодааст.
Дар давоми солҳои истиқлолият дар шаҳри Исфара ва деҳоти он сохтмону навсозии зиёда аз 300 иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоӣ сурат гирифта, даҳҳо мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ, муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву тиҷоратӣ қомат афрохтаанд. Айни замон ба зиёда аз 3000 нафар эҳтиёҷмандон аз мавзеъи Моҳпарӣ, ки дар ояндаи наздик дар заминаи он ду шаҳраки нав бунёд хоҳад гашт, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва бунёди инфрасохторҳои ин маҳали нави аҳолинишин оғоз шудаанд. Дар ин давра, дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 85 иншооти навбунёди соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои наву синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 15 миллиону 956 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Табиист, ки дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои инкишофи ҷисмониву маънавии ҷавонон корҳои зиёде ба ҷо оварда шудаанд. Дар ин росто, дар сатҳи меъёрҳои замонавӣ бунёд намудани Варзишгоҳи марказии Исфараро метавон хосатан ёдовар гашт, ки бо иқдоми Пешвои миллат барои 20 ҳазор нафар бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ соли 2013 анҷом дода шудааст. Инчунин, ба истифода додани се варзишгоҳи нави замонавӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Сурху Чоркӯҳ ва Чилгазӣ, ки ҳар яке аз 4 то 5 ҳазор ҷойи нишаст доранд, ба оммавигардонии варзиш мусоидат мекунанд.
Соли равон барои мардуми Исфара  боз аз он ҷиҳат хушу хотирмон аст, ки аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ 830 - солагии зодрӯзи шоири маъруфи тоҷику форс Мавлоно Сайфи Исфарангӣ дар сатҳи шоиста таҷлил мегардад. Бо мақсади арҷгузорӣ ва гиромидошти хотираи ин адиби маъруфу зиндаёд, дар баробари баргузории нишасту ҳамоишҳои илмиву адабӣ баҳри азнавсозии гулбоғи марказии шаҳр ва бунёди муҷассамаи Сайфи Исфарангӣ корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва меҳнаткашони Исфара баҳри вусъату тавсеаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ободу зебо гардондани шаҳр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ҷидду ҷаҳд менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2356

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед