logo

иқтисод

РАШТ ДАР ИНТИЗОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Сокинони ноҳияи Рашт ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизоранд.
Тавре ки Ҷӯраҷон Зулфиқаҳҳоров, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ҳар сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияҳои ин минтақа дигаргуниҳои куллиеро дар ҷодаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар пай дорад. Ба истифода додани иншооти муҳим  ҳусни шаҳраку деҳаҳо ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро зебо мегардонад. Соли ҷорӣ бо шарофати таҷлили ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар дар ноҳия  дар 37 иншооти муҳими маъмурию ҷамъиятӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 иншоот, аз ҳисоби маблағҳои ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 2 иншоот, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 6 иншоот, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 7 иншоот ва аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ 12 иншоот ва дигар корҳои таъмирию сохтмонӣ ба анҷом расида, онҳо дар арафаи баҳрабардорӣ қарор доранд.
Барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз соли 2015 тасдиқ гардида, тибқи он дар давоми солҳои 2015 - 2016 дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта, ба истифода супурдани 51 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора, дар соли сипаришуда 25 иншоот ва шашмоҳаи соли ҷорӣ 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло дар 19 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Бо қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ, коллеҷи тиббӣ, хобгоҳи духтарона,  таълимӣ, китобхонаҳо,  марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои савдо,  маҷмааи варзишӣ, дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, меҳмонхона,  нуқтаҳои таъмири техникӣ, фурӯши сӯзишворӣ  ва дигар биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳусни дигар гирифтаанд. Саҳми соҳибкорон низ дар корҳои ободонию  созандагии ноҳия зиёд аст. Аз ҷониби онҳо  дар давоми солҳои  2014  - 2015 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия  ба маблағи зиёда аз 6 миллиону 700  ҳазор сомонӣ  биноҳои хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.  Сохтмони 8 иншооти дигар аз ҷониби онҳо идома дорад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Исфандиёр" тайи 2 соли фаъолияти хеш дар доираи корҳои  хайриявӣ ва бунёдкорӣ  беш  аз 50 километр роҳро дар ҷамоатҳои деҳоти Боқӣ  Раҳимзода, Оби Меҳнат ва мавзеи Самсолиқ ба маблағи 1 миллиону 34 ҳазор сомонӣ таъмир намуд.  «Исфандиёр» барои барқарорсозии канали мавзеи Поҷеи дараи Камароб  50 ҳазор сомонӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба деҳаи Поҷе  50 ҳазор сомонӣ ва сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ масраф намуд. Инчунин, ҷиҳати сохтмони  ду синфхона  ва  биноҳои ёрирасон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 - и ноҳия 65 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кард. Соҳибкор Мирзошоҳи Акобир аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш дар ноҳия осорхона сохт. 
Боғи фарҳангии маркази ноҳия - шаҳраки Ғарм бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонда шуда, дили бинандагонро мерабояд.  Ҳамчунин, дар саҳни поёнӣ ва шафати он 2 бинои меҳмонхонаи замонавӣ ва маркази хизматрасонии маишӣ қомат афрохтаанд.
Бинои бахши фарҳанг,  ки дар кӯчаи марказии шаҳрак воқеъ мебошад,  хеле зебо ва замонавӣ таъмир ва азнавсозӣ гардидааст. Биноҳои маъмурию  истиқоматӣ ва дигар иншооти хизматрасонии ноҳия низ бо сифати баланд таъмир гардидаанд, ки ба ҳусни шаҳраки Ғарм ва марказҳои ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ҳусни дигаре афзудаанд.
- Дигаргуниҳо на танҳо дар соҳаи сохтмон, балки  дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия назаррасанд. Сокинони ноҳия дастовардҳо ва рушди босуръати соҳаҳои мухталифро аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат арзёбӣ намуда, сафари навбатии Пешвои миллатро ба ноҳия бесаброна интизоранд,  - гуфт дар хотимаи суҳбат Ҷӯраҷон Зулфиқаҳҳоров.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2016    №: 188    Мутолиа карданд: 2420

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед