logo

иҷтимоиёт

САХОВАТИ ЯК МАРД

Дар Рашт, ки имрӯз тамоми сокинонаш ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ мегиранд, соҳибкорон дар сафи пеши ташаббускоронанд. Яке аз чунин соҳибкорони ватандӯст, ки дар маҷмӯъ дар ободӣ ва пешрафти ноҳия саҳми чашмрас дорад, Муҳиб Бобоҷонов мебошад.

Чанд соли охир аст, ки мавсуф  ҳамроҳ бо фарзандонаш дар ҳудуди ноҳияи Рашт аз ҳисоби даромадҳои шахсии худ корҳои зиёди бунёдкориро анҷом медиҳад. Таъмиру навсозии зиёда аз 50 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Оби Меҳнат ва мавзеи Самсолиқ ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 33 ҳазор сомонӣ аз зумраи аввалин корҳоест, ки ин марди бонангу номус аз ҳисоби даромадҳои шахсии худ анҷом додааст. Муҳиб Бобоҷонов  ҳамчунин барои сохтмону барқарорсозии канал ҷиҳати обёрии 70 гектар замин дар мавзеи Поҷеи Поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва сохтмони хати оби нӯшиданӣ бо дарозии зиёда аз 10 километр барои ҳамин деҳа 100 ҳазор сомонӣ сарф намудааст. Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 - и ноҳия бо сарфи беш аз 65 ҳазор сомонӣ аз ташаббусҳои дигари  Муҳиб Бобоҷонов  аст, ки эътиборашро дар миёни мардум беш аз пеш боло мебарад.
Сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳияро дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромадҳои шахсӣ  Муҳиб Бобоҷонов ҳадяи худу фарзандонаш ба Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ меҳисобад. – Зеро мегӯяд ӯ, - ҳарчӣ имрӯз дорем, аз баракати осоиш аст. Бароям боиси ифтихор аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар соҳибкорони саховатпеша дар ободии як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳм гирифта метавонам. Корҳои аз ин бузургтар ҳанӯз дар пешанд. Мо соҳибкорон ба ояндаи дурахшони ин Ватани маҳбуб ва сиёсати миллатдӯстонаи Сарвари муаззами худ итминони комил дорем. Ва ҳамин боварӣ моро дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созанда неру бахшида, ҳидоят мекунад. 
Лола РИЗОЕВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 2436

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед