logo

иҷтимоиёт

МЕҲР ДАР ЧАШМ АСТ. БАРДОШТ АЗ САФАРИ ҶАВОНОН БА РАШТ

Як гурӯҳи 60 - нафараи ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба минтақаи Рашт рафтанд. Сафари ҷавонон  ба ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳудуди 5 рӯз идома ёфт.
Ҷавононро нахуст сокинони ноҳияи Файзобод бо нону намак пешвоз гирифтанд. Дар шаҳри Роғун гурӯҳ рафти сохтмони иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқи обии Роғунро тамошо кард. Нисфирӯзӣ гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Нуробод расиданд. Ба пешвози онҳо ҷавонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баромаданд.
Дар рафти сафар дар ноҳияи Рашт ҷавонони фаъол бо сокинони маҳаллӣ як қатор мулоқот анҷом дода, чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор карданд. Ҷавонони фаъол дар МТМУ № 12, воқеъ дар деҳаи Шулонаки ноҳияи Рашт, дар мавзӯъҳои “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ” ва ғайра бо ҷавонону наврасон мулоқот карданд. Чунин вохӯрӣ дар МТМУ № 6 - и деҳаи Сангималикии ноҳия низ доир гашт.
Гурӯҳи ҷавонон, инчунин ба аёдати собиқадори меҳнат, соҳибкори ботаҷриба Муҳиб Бобоҷонов, ки дар озмуни ноҳиявии “Оилаи намунавӣ” ҷойи аввалро ишғол намудааст, рафтанд. Пас аз нисфирӯзӣ гурӯҳ аз қисми низомии  воқеъ дар шаҳраки Навобод дидан намуда, бо тарзи зиндагӣ ва адои хизмати сарбозон ошно шуд. Шоми ҳамон рӯз дар деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт бо иштироки зиёда аз 1000 нафар сокинон ва ҷавонони фаъол шоми фарҳангӣ доир гардид. Чунин чорабиниҳо дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш низ доир гаштанд.
15 сентябр дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Ҳамоишро Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт ифтитоҳ бахшида, дар хусуси нақши ҷавонон дар рушду нумӯи минтақа ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир, инчунин дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон гузориши муфассал ироа намуд.  Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуд, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар ва бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат сафари ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба минтақаи Рашт роҳандозӣ гардидааст, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ояндасози кишвар дарак медиҳад. Зимни мулоқот Зубайдулло Маҳмадуллоев, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зикр кард, ки меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳо бо мақсади  устувор гардидани дӯстиву рафоқати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Ба ин васила ҷавонон бо зиндагиву фаъолияти ҳамсолонашон аз ноҳияҳои гуногуни кишвар ошно мегарданд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 2499

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед