logo

иҷтимоиёт

БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ. КӮДАКОН НАБОЯД БЕНАЗОРАТ БОШАНД!

Бозӣ дар ҳаёти ҳар як бача аҳамияти калон дорад. Гарчанде ки дар назари аввал бозӣ шуғли кӯдакона, ҳамчун фаъолияти ташаккулнаёфтаи онҳо намояд ҳам, дар ҳолати бодиққат мушоҳида намудан бовар мекунем, ки ин тавр нест. Бозӣ ин фаъолияти мақсаднок ва ташаккулдиҳандаи шахсият мебошад. Константин Ушинский дар бозӣ машғулияти ҷиддиро дида, қайд менамояд: «Кӯдакон мавҷудоте мебошанд, ки ягон мустақилият надоранд. Маҳз дар бозӣ онҳо ҳамчун шахсияти ташаккулёбанда қувваи худро месанҷанд ва самти офаринишашонро мустақилона интихоб менамоянд».

Дар ҳақиқат, кӯдак тавассути бозӣ меомӯзад, худро дар нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ месанҷад ва моҳияти онҳоро дармеёбад.  Тавассути бозӣ бача метавонад қобилияти худро дарк намояд, дониш малака ва маҳораташро сайқал дода, ояндаашро муайян созад.  
Барои бачаҳо бозӣ, пеш аз ҳама, машғулияти ҷалбкунанда мебошад. Дар бозӣ ҳама бачаҳо баробаранд ва имкониятҳои худашонро зоҳир мукунанд.
Дар ҷомеаи мо  тағйиротҳои бузурге рӯйи кор омада истодаанд. Имрӯзҳо имкониятҳои истифода бурда тавонистани компютер ҳар чӣ бештар зарур гашта истодааст. Тағйирёбии мазмун, мундариҷа ва моҳияти бозии бачаҳо аз инкишофи ҷамъият низ вобастагӣ дорад. Дар ҷомеа мақоми арзандаро сазовор шудан бе истифода аз технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ: компютер, шабакаи интернет ва технологияҳои чандрасонаӣ (мултимедӣ) ғайриимкон аст. 
Имрӯз дар ҳар оила компютер мавҷуд буда, барои кӯдакон дастрас мебошад. Онро на танҳо барои кор ва таълим истифода бурдан мумкин аст, инчунин он воситаи саргармӣ низ шуда метавонад. Яке аз воситаҳои муҳимтарин ва паҳнгардидатарин бозиҳои компютерӣ маҳсуб меёбанд.   Дар ин ягон хавфу хатар ниҳон нест, зеро ҳар як бозии компютерӣ метавонад воситаи самарабахши таълим ва тарбияи кӯдак гардад.
Бозиҳои компютерӣ нисбат ба бозиҳои телефонӣ бештар фаъоланд. Онҳо танзими ҳаракати дастҳо, инкишофи хотираи биноӣ, таҳлили вазъият ва қабули қарордодро тақозо менамоянд. Бозиҳои компютерӣ диққатро тақвият бахшида, фаъолиятро ташаккул, худтанзимкунӣ ва устувориро таъмин менамоянд. Бозии хуб метавонад ба бача ёрӣ расонад, ки ноустуворӣ ва дудилагиашро бартараф намуда, малакаи муоширатӣ (коммуникативӣ) ҳосил  намояд. Мутахассисони хориҷӣ чунин меҳисобанд, ки таҷрибаи бозии бошууронаи компютерӣ метавонад имкониятҳои дарккунии бачагонро баланд бардорад.
Равоншиноси машҳури фаронсавӣ  Серж Тиссерон тасдиқ менамояд, ки бо шарофати бозиҳои компютерӣ тез одат кардан ба муҳити ивазшавандаи берунӣ, талаботи ҷамъиятӣ ва тартибот дар  бачаҳо рух медиҳад. 
Ҳангоми бозӣ дар компютер нутқи кӯдак инкишоф ёфта, танзими фаъолияти чашму дасташ муттамарказ мегардад, тавоноии банақшагирӣ ва пешбинии амал ташаккул меёбад, тафаккури эҷодии бача инкишоф ёфта, ба такрор намудани амалҳо ва  мушоҳидаҳо омода мегардад,  тавоноии тамоми диққатро муттамарказ намудан ба ашёҳои мушаххас инкишоф меёбад, ба ҳодисаҳо тез сарфаҳм меравад,  дар аксари ҳолатҳо шиддатро дар рафтори бача бартараф намуда, оромӣ ва фараҳ мебахшад, дар ниҳоди бачагон сабурӣ, пуртоқатиро бедор менамояд.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки баробари бартариҳои бозиҳои компютерӣ мо  ба паҳлуҳои зараровари он низ диққат диҳем.  Воқеъияти тахайюлотӣ - олами офаридаи компютерҳо - инсонро зуд ба одаткунӣ моил менамояд. Чунин майлпайдокунӣ бештар дар байни кӯдакон ва ҷавонон мушоҳида карда мешавад.  Ҳамин тавр, иваз намудани воқеияти ҳақиқӣ ба тахайюлотӣ рӯй медиҳад. Технологияҳои тахайюлотиро бо маводҳои сахттаъсир муқобил гузоштан мумкин аст.   Чунки объекти охирини таъсиррасонии ин система низ мағзи сари инсон мебошад.  Онҳое, ки қудрати одаткунӣ ва зиндагӣ дар олами воқеӣ надоранд, асабонианд ва зуд ба олами тахайюлотӣ мегузаранд. Ба онҳо маъқул аст, ки андешаи онҳоро ба  инобат  гиранд ва ба онҳо тобеъ бошанду итоат кунанд. 
Дар муқоиса бо наврасони одӣ наврасоне, ки дар зери таъсири тобеияти компютерӣ мебошанд, қуллаи шиддат ва тарсашон чандин карат баланд мебошад. Барои онҳо тамос дар доираи «танг» характернок мебошад. Онҳо бештар гирифтори дар худ нигоҳ доштани асрор, гурехтан аз робитаҳои иҷтимоӣ мешаванд.  Решаҳои тобеияти бозиҳои компютерӣ дар зери хосиятҳои инфиродӣ - равонии бачаҳо пинҳонанд. Ин амал дар илми равоншиносӣ ҳамчун мушкилоти муносибатҳои байнишахсиятӣ дониста мешавад.  
Бинобар ин, бояд дар хотир дошт, ки бача ҳатман дар зери назорат ва роҳбарии калонсолон дар компютер бозӣ кунад. Ӯ бояд сарҳади байни воқеият ва хаёлотро гум накунад. Танҳо дар ин ҳолат бозиҳои компютерӣ метавонанд ба воситаи самараноки таълим ва тарбияи кӯдакон табдил ёбанд.  Бачаҳоро бо компютер бе назорат нагузоред. Ҳамчунин, набояд гузошт, ки нишастан бо компютер ба одат табдил ёфта, ба саломатии онҳо осеб ворид созад.
Дастам МАҲКАМОВ,
мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф,
Зебо НУРИДДИНОВА,
директори МТМУ № 9 – и
ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 2534

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед