logo

иҷтимоиёт

АЗ ХУДСАРӢ ТО ХУНУКНАЗАРӢ. АЗ ҲОЛИ ТАБОҲИ ФУРУДГОҲИ ОВОЗАДОРИ ХОВАЛИНГ

Замоне мардуми минтақаи Кӯлоб аз фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг бо таърифу тавсиф ёдовар мешуданд. Овозаи покизагӣ, тарзи хизматрасонию шароити хуби он дар ҷумҳурӣ паҳн гардида буд. Васеии масоҳати заминаш бинандаро дар ҳайрат мегузошт. Мутаассифона, тайи чанд соли ахир ҳеҷ ҳарфи хубе дар бобати ин фурудгоҳ намешунавед. Ба гӯшаи нобудию фаромӯшӣ рафтааст. Баҳри воқиф гардидан аз вазъи он ба ноҳия сафар намудем. Вақте аз сокинон дар куҷо ҷойгир будани фурудгоҳро пурсидем,  як мавзеи биёбонмонандро нишон доданд.  «Ана он тараф даромадгоҳаш аст», - гуфтанду як дари бо сими зангзада печону солҳо рангуборнадида ва миёни хору алафзор ҷойгиршударо нишон доданд. Даромадан баробар нимпайкараи Восеи паҳлавону қаҳрамон бо ранги паридаю фарсуда касро пешвоз мегирад. Он ҳам дар иҳотаи ҳар гуна буттаҳои хушкшуда мондааст. Тааҷҷубовар ин аст, ки марде омада, худро на посбони фурудгоҳ, балки корманди мактаби муттаҳидаи техникии ноҳия муаррифӣ кард.
- Солҳост, ки дигар ин макон фурудгоҳ нест. Ҳатто аз он осоре намондааст. Ба мактаби муттаҳидаи техникӣ табдил ёфтааст. 8 сол мешавад, ки дар ин ҷо ба ҳайси посбон кор мекунам. То соли 2014 ёздаҳ нафар дар мактаб кор мекарду ҳар моҳ ҳаққи хизматамонро мепардохтанд. Ду сол боз муассиса худмаблағгузор шудаасту бе маош мондаем. Ҳозир бошад, як роҳбар дорему халос, боқӣ кормандон аз бемуздӣ тарки кор кардаанд. Банда дар дигар ҷойҳо меҳнат карда, зиндагӣ пеш мебарам, - тазаккур дод Диловар Бобохонови посбон.
Аз он фурудгоҳи собиқи маъруфу машҳур ҳеҷ нишоне намондааст. Заминҳояш, ки масоҳати бениҳоят васеъро фаро мегиранд, феълан ба майдони киштукори гандум мубаддал гаштаанд. Масъулон мегӯянд, ки сардори ММТ-и ноҳия қисмате аз заминҳоро ба сокинон иҷора додааст. Ягон гӯшаи замини тозаи мумфарш ба чашм намерасад. Гиёҳҳои худрӯй асфалтро шикофта, рӯи он паҳн гаштаанд. Биноҳои кориаш бошанд, кӯҳнаю бетаъмиранд.
Роҷеъ ба масъала бо раиси ноҳия Нурулло Мирзозода мусоҳиб шудем. Ӯ низ аҳволи фурудгоҳро (кунун ММТ - ро) таассуфовар арзёбӣ кард.
- Соли 2005 фурудгоҳи ноҳия, ки дар масоҳати 67 гектар замин доман густурдааст, ба тавозуни Вазорати мудофиаи кишвар гузаронда шуд. Бо ташаббуси вазорати мазкур дар ҷойи он мактаби муттаҳидаи техникӣ ташкил гардид, ки рисолати асосиаш ронандатайёркунӣ буд. Мактаб торафт рӯ ба харобӣ овард. Сардораш кӣ ҳасту ба чӣ кор машғул аст, то кунун хабардор нестам, чунки ӯ тамоман дар ҷойи кораш нест. Аз ҷиҳати дигар, бидуни мувофиқа бо раиси ноҳия ӯро ба ҳайси роҳбари ташкилоти номбаршуда таъйин карданд, - изҳор дошт раиси ноҳия. - Вақте фаҳмидам, ки курси ронандагиро барҳам медиҳанд, ба онҳо фаҳмондам, ки Ховалинг ноҳияи кӯҳистон асту сокинонаш ба чунин таълимгоҳ эҳтиёҷ доранд ва на ҳамаи онҳо имкони рафта дар шаҳри Кӯлоб курси ронандагӣ хонданро доранд. Вале ба мо эътибор надода, фаъолияти мактабро қатъ карданд. Ташкилот куллан рӯ ба харобӣ овардан дорад, мутасаддиёнаш бошанд, заминҳояшро ба иҷора додаю маблағашро гирифта мегарданд. Худ қазоват кунед, 67  гектар замин, ки қисми зиёдаш обӣ аст,  дар маркази ноҳия бекор хобидааст. Касе онро дуруст соҳибӣ намекунад. Ба кадом тарзе ки хоҳанд, онро кор мефармоянд. Мо бошем, ягон таъсир расонда наметавонем. Ҳатто соли рафта, барои ташкили макони ниҳолпарварӣ 1  гектар замин лозим шуд, таассуф, ки натавонистем, ки аз заминҳои ин мактаб бигирем, - мегӯяд Н. Мирзозода. 
Ҳарчанд кӯшиши бо сардори мактаби муттаҳидаи ноҳия ҳамсуҳбат шуданро кардем, аммо ӯро пайдо карда натавонистем. Зимни як тамоси телефонӣ бо сардори мактаби муттаҳидаи техникии минтақаи Кӯлоб Амирҷон Абдураҳмонов маълум гардид, ки роҳбарии ММТ - и Ховалингро Ғанӣ Лақаев ба уҳда доштааст. Ӯ гуфт, ки заминҳои корами ҳудуди мактаб ҳамагӣ 9 - 10 гектарро дарбар мегиранд. Рӯзҳои наздик сардораш аз вазифа сабукдӯш мешудааст. Вале Абдураҳмонов, дар хусуси ба иҷора додани заминҳо ҳарфе нагуфт. Танҳо ваъда дод, ки омада аз наздик мусоҳиб мешавад. Ҳайҳот, қавлашро «фаромӯш» кард. 
Фурудгоҳ ба адам рафт, аммо заминҳояш вуҷуд доранд ва бояд ба нафъи аҳли ҷомеа истифода шаванд, на ба як - ду нафар. Чунин масоҳати заминро ба як ташкилоте, ки аз уҳдаи идорааш намебарояд, вобаста кардан аз рӯи адолат нест. Суоли матраҳ ин аст: Кӣ бояд ба ин ҳама хунукназарӣ нисбат ба замин, ки моликияти давлат маҳсуб меёбад, нуқта гузорад? 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 2605

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед