logo

иқтисод

КАНДИ КУҲАН. Аз "Меваи Канд" то "Шаҳдрез"

Мардуми сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Конибодом 25 - умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта, дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ  як қатор иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла саноатию истеҳсолӣ, маишию хизматрасонӣ ва фарҳангию варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Нафтрасон» бо иқтидори  70 ҳазор тонна коркарди нафт дар як сол,  коргоҳи банду басти меваи хушки  ҶДММ «Меваи Канд» бо иқтидори 1200 тонна коркарди меваи хушк дар як сол ба истифода дода шуданд. Инчунин, коргоҳи истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори солонаи 40 ҳазор метри мукааб, сехи истеҳсоли оҳак бо иқтидори солонаи 150 тонна, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои истеҳсоли гаҷи сохтмонӣ ва истеҳсоли гаҷтахтаи сақфӣ бо иқтидори 2 миллион метри мураббаъ дар як сол ба кор даромаданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 149 миллиону  37,3 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 194,3 дарсад, аз ҷумла маҳсулоти рустанипарварӣ ба 414,5 дарсад  ва чорводорӣ 104,6 дарсад баробар гардид. Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 36 миллиону  881 ҳазор сомониро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону  615 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Коргоҳҳои калону миёна ва хурди шаҳр  дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба миқдори 9 миллиону 693 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд.
Бо мақсади ҳамаҷониба ба роҳ мондани тарбияи сиёсию маънавии ҷавонон, тарғиби ахлоқи накӯ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, хосатан, ҷараёнҳои динии ифротию экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва амсоли онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳоду сохторҳои марбута вохӯриву мулоқотҳои судманд ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва шаҳр мулоқот ва тамошои навори  филми «Сад пушаймонӣ аз Сурия» ва аксия бар зидди нашъамандӣ бо иштироки доираи васеи ҷавонон баргузор гардид. Барои пешгирии  ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, хусусан дар байни ҷавонон, дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби шахсони рӯзгордидаву таҷрибаандӯхта, равоншиносон, ҳуқуқдонҳо ва ходимони дин Маркази машваратии “Пайроҳаи хушбахтӣ” таъсис дода шуда, дар ин муддат ба он  53  оилаи дар остонаи ҷудошавӣ қарордошта муроҷиат намуда, аз онҳо 34 оила барқарор карда шуд.
Бо мақсади дастгириву ҷалби  ҷавонон ба варзиш дар шаҳр ду варзишгоҳ бо теъдоди 5000 ҷойи нишаст, 109 майдончаи варзишӣ, 46 толори варзишӣ ва як мактаби варзишии бачагону наврасон амал менамоянд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 43 медали тилло, 49 нуқра ва 51 биринҷӣ гардиданд.
Дар шаҳр маҷмааи “Майдони Қаҳрамонон” бунёд ёфта,   ҳамзамон, муҷассамаи сарбозони дар ҷанги Афғонистон ҳалокгашта мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифт. Бинои нави замонавӣ барои кормандони шуъбаи шаҳрии САҲШ, нотариус ва иҷрочиёни суд дар арафаи Рӯзи кормандони адлия дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои ободи Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт ва бо номи «Канд» шуҳрат дошт. Имрӯзҳо дар самти омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон дар шаҳр тадбирҳои муассир андешида шуда, бо ин мақсад олимони таърихшинос ҷалб гардидаанд. Алҳол маводи зиёди таърихӣ ба даст омадааст, ки оид ба таърихи  зиёда аз дуюнимҳазорсолаи шаҳр шаҳодат медиҳанд.
Тавре ки маълум аст, Конибодом ҳамеша ва дар ҳар давру замон бо таъриху фарҳанги баланди худ ва фарзандони соҳибмаърифату шахсиятҳои шинохтааш ифтихор дошт. Баҳри гиромидошти хотираи неки фарзандони накӯномаш, ки ба сокинони мамлакат ва берун аз он хизматҳои шоиста намудаанд, нашри “Қомуси Конибодом” дар таҳрири нав ба нақша гирифта шудааст. Баргузории семинару мулоқот, вохӯриву суҳбат бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ходимони дин, равоншиносон бо аҳолӣ мунтазам идома ёфта, маҳфили фарҳангии доимоамалкунанда таҳти унвони “Шаҳдрез” фаъолияти пурсамар дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом минбаъд низ баҳри иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош намуда, ба ҳамин васила барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафманди Канди куҳан шароити мусоид фароҳам меоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 2430

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед