logo

фарҳанг

ШОД ЗӢ, ШОД!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Одамушшуаро, ба ёдоварии Аллома Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеъру-л-аҷам», оне, ки «дар ҳаштсолагӣ дар илми қироат дараҷаи камолро ҳоиз буд ва дар ҳамин син ба гуфтани шеър пардохт… илова бар фанни шеър улуму фунуни мутадовиларо (маъмул, роиҷро - А. Р.) ҳам касб намуд, хушбахтона, овозе бағоят ширин дошт, зарифуттабъ ва базласанҷ буд» ба таъкид шод зистанро талқин менамуд. Ҳам ин аллома бо як ҷумла дар асари мазкур зикр мекунад, ки «фалсафаи Эпикур ва Умари Хайёмро, занни қавӣ он аст, ки ӯ аввал аз ҳама дар форсӣ ба мо гӯшзад намуда».

Мурод, албатта, ҳамин шод зистан, шод будан аст. Ба назари аввал ин таъкиду талқин ва ин мавзӯву ин маънӣ сода менамояд, аммо агар ба дидаи ақлу андеша дуруст бинигарем, тамоми зиндагии одамӣ «дар ин дайри дудар» ба қавли Умари Хайём ба он сахт иртибот дорад. Дар  асри ҳозир ҳам башар, инсоният ва тамоми давлату ҳукуматҳо роҳи шод зистанро ҳамеша меҷӯянд.
Мавриди зикр аст, ки нахуст бояд «шод зистан» дуруст маърифат шавад. Бе маърифати дуруст ва дарёфти мақсади аслӣ кас на танҳо ба манзил намерасад, балки роҳро низ гум мекунад. Барои шинохти роҳ ва ҳидоят ниёз ба роҳраву солику пир меафтад. Чунин шахс дар адабиёти мо устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Барҳақ, ӯ ин мавзӯъ, ин фалсафа ё худ ҳикматро «аввал аз ҳама дар форсӣ ба мо гӯшзад намуда».
«Шод зӣ…, шод!» мегӯяд Одамушшуаро. Чӣ гуна? Чаро? Бо кӣ? Ин таъкиду талқин барои шод зистани маъмулӣ, ки имрӯз бештари одамон фаҳмидаанд, нест. Он ба дарки ҳастӣ, шинохти худ ва ҷаҳон марбут аст. Басо касон ба дунё меоянд, ки на онро маърифат карда метавонанд ва на худро, аз ин рӯ аз ғаму ранҷ раҳоӣ намеёбанд.
Рӯдакӣ бо он донишу ҳунару истеъдоде, ки дорад, метавонад ин ҳақиқатро равшану возеҳ ва фаҳмо барои ҳамасронаш ва пасиниён баён бидорад. Мақсуди ӯ бедории банӣ Одам аст. Дар баррасии ин мавзӯъ ва ҳикмат аз усулҳо ва жанрҳои гуногун истифода мекунад. Гоҳе ба шодмонӣ аз ин «шод зистан» мегӯяд ва гоҳе бо ғаму ранҷ. Албатта, дар ҳар ду ҳолат мақсуд як аст. Ва ҳам муроди ин устоди шоирон аз он дарёфти бештари як ҳақиқат дар ду ҳолат мебошад.
Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!

Шинохти фасонаву бод, ки ҷаҳон ба он таъбир мешавад, барои шод зистан бо «сиёҳчашмон» бисёр муҳим аст. Сиёҳие, ки аз ҷаҳон, фасонаву бод бармехезад ва одамиро ёр мешавад, аз сиёҳии чашми ёр тафовут дорад. Яке нек мебошад, дигаре бад ва низ фиребо, агарчи чашм ҳам мисли афсона фусун дорад. Бешак, фасона ё худ афсона  маъмулан ба шаб гуфта мешавад ва шаб торику сиёҳ аст. «Ки нахуфтем шабу шамъ ба афсона бисӯхт» (Ҳофизи Шерозӣ).
Бод оварандаи абр аст, абри сиёҳ ва оқибати ин ҳар ду на ба ҳар замон нек асту нек муаррифӣ мегардад.
Одамушшуаро дар бештар маврид бо ҳам зикри  «чашм»-у «ҷаҳон»-ро мекунад, чунки бо ҳам  монандиҳо доранд:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ва низ:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.

Ӯ инчунин ҷаҳонро «боду абр» мехонад ва дар пайи он афсӯс мехӯрад. Ин «афсӯс» бодаеро, ки зикр мекунад, гуворотару пуртаъсиртар менамояд.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод!

Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад, ки «боду абр» будани ҷаҳонро ноилоҷ бояд бипазирӣ, чун онро чунин сохтаанд. Яъне, на ман ва на ту ва на дигарон ба дигар кардани он на неру дорем, на дастрасӣ.
Дар байти дуюми ин ғазал, ки матлааш дар боло зикр гардид, омадааст:
З-омада шодмон бибояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд.

Ҳамин тавр, аз рӯи ин байт кас ба чунин хулоса бояд биёяд, ки барои шод зистан, аз ҳар чӣ ки меояд, «шод ба он бибояд буд» ва аз гузашта набояд ёд кард.
Аллома Шиблии Нуъмонӣ байти мазбурро бад-ин зайл меорад:
З-омада шодмон набояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд.

Ба пиндори ин ҷониб, аз рӯи лутфи сухан ин шакл мақбултару писандидатар аст. Устоде чун Рӯдакӣ, воқеан, набояд, ки дар мисраи якум «бибояд» ва дар мисраи дуюм «бояд» ба кор бибарад. Чунин як истифодаро мо дар шоирони одӣ ҳам вонамехӯрем, зеро дар ҳақиқат аз лутфи назм дур аст. Гармонияи шеърӣ, агар чунин гуфтан раво бошад, «З-омада…. набояд», «В-аз гузашта… накард»-ро бештар тақозо мекунад.
Озод зистан аз қайди ғам ба фармудаи устоди шоирон бо дили шоду хотири хуррам зистан аст. Ва ин кор дар мавриде даст медиҳад, ки вайронии даҳрро бингарӣ, на худро. Дар акси ҳол саъю кӯшиш ба беҳуда харҷ мешавад.
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Ба хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!

Роҳи раҳоӣ аз ғаму ҷовидон шод зистанро дар шеъри дигараш чунин баён мекунад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хуйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад!

Тавре бармеояд, муроди Рӯдакӣ аз шод зистан ҳаргиз  айёшӣ бар асари ҷаҳолату бехирадӣ нест. Барои шод зистан мавридҳои муносибро низ баён медорад, аз ҷумла  омади баҳори хуррамро вақте мувофиқ медонад:
Акнун хуред бодаву акнун зиед шод,
К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.

Рӯдакӣ чун воизоне нест, ки ҷилва бар меҳробу минбар бинамоянду дар хилват коре дигар бикунанд. Бар он чи дар мавриди шод зистан гуфтааст, худ амал кардааст. Аз ин ҳама дар шеъраш ёдовар мешавад.
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон- к ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.

«Ин хона» ҳамон ҷаҳон аст, ки барояш «ҷуз фасонаву бод» чизе нест.
Дар мавриде дигар мегӯяд:
Гурӣ кунему бода хӯрему бувем шод,
Бӯса диҳем бар ду лабони паривашон.

Дар поёни умр ҳам, ки аз пирӣ шикоят мекунад, аз шоду хуррам будани худ дар замони рафта ёдовар мешавад:
Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,
Нишоти ӯ ба фузун буду бими нуқсон буд.

Ва низ:
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.

Албатта, шарҳу тафсили «ҷаҳон», «сиёҳчашмон», «моҳрӯй», «фасонаву бод» «абру бод», «бода», «май», «ғам», «андуҳ», ки ба «шод зистан» иртиботи қавӣ мегиранд, мавзӯи мақолае алоҳида аст.
Ҳамин тавр, беш аз як ҳазору сад сол аст, ки аз панди гуҳарбори устод Рӯдакӣ, яъне «шод зӣ, шод!» инсоният бархӯрдор мебошад. Амали дуруст ба ин фармуда, он сон ки худи Одамушшуаро тақозо дорад, ба манфиати мо  аст. Мавриди зикр аст, ки ин мавзӯъ, ин фалсафа ё худ ҳикмат таҳқиқоти бештару ҷиддитарро талаб дорад. Фаҳмиши дурусти он рӯҳи ин нобиғаи шеъру мусиқиро, бешак, шод мегардонад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 3575

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед