logo

иқтисод

НУРОБОД. ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲУМОЮН БОД!

Омодагӣ ба пешвози сафари навбатии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навоҳии минтақаи Рашт ҷараён дорад. Сокинони ноҳияи Нуробод барои дар сатҳи баланд  гузарондани вохӯрии Пешвои миллат бо аҳолӣ ва боздиди ӯ аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки соли равон ба шарофати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд, омодагии ҷиддӣ мегиранд.
Тавре ки Дӯстзода Ҳасан Тақдир, раиси ноҳияи Нуробод, ҳангоми суҳбат иброз дошт, қадами Роҳбари давлат муборак аст ва ба ҳар куҷое, ки мерасад, файзу баракатро дар пай дорад. Ба гуфтаи ӯ, ба истиқболи сафари дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сокинони ганҷофари ноҳияи Нуробод корҳои созандагию ободонии муътамаде  ба анҷом расондаанд. Соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмон ва азнавсозии иншооти зиёди ҳаётан муҳим роҳандозӣ гардида, аксарият ҳоло дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор доранд.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз қабили корхонаи маҳсулоти ширии ҶДММ "Шири Нуробод",  корхонаи бандубасти равғани рустанӣ дорои  2 сех, корхонаи ордистеҳсолкунӣ, корхонаи коркарди сангу шағал, корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ "Нури нав" ва ҶДММ "Симо-1"  дастовардҳои бузурге дар ҷодаи рушди иқтисодиёти ноҳия маҳсуб мешавад.  Айни замон дар ноҳия ҳафт коргоҳи саноатӣ - сехҳои коркарди шир, маҳсулоти пластикӣ, ду корхонаи хишт ва ду НБО - и хурд  фаъолият доранд. Соли гузашта корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 3,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба солҳои навадуми асри гузашта 3,4 маротиба зиёд аст.
Корхонаи маҳсулоти ширии ҶДММ "Шири Нуробод" дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калони шохдор, 100 сар асп, 400 сар гӯсфанд, 100 оила занбӯри асал ва 1 гектар ҳавзи моҳипарварӣ дорад. Ин корхона дар доираи корҳои хайриявӣ ба беморхонаи марказии ноҳия ва мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия ҳамарӯза 20-30 литрӣ шир кумак мерасонад. Маоши кормандони корхонаи мазкур аз 800 то 1000 сомонӣ мебошад. Ҳоло 70 нафар дар ин самт ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.                                 
Корхонаи бандубасти равғани рустанӣ ба истеҳсоли се намуди равған машғул аст. Иқтидори сехи дуюми бандубасти равған дар як шабонарӯз 10 тонна буда, дар як моҳ то 300 тонна равған дар зарфҳои 750 - миллиграмма, 1, 3 ва 5 - литра борпеч карда метавонад. Кормандони ин корхона аз 850 то 1500 сомонӣ ҳармоҳа маош мегиранд.
Корхонаҳои истеҳсоли хишт бо иқтидори 750 000 дона хишт, корхонаи ордистеҳсолкунӣ бо иқтидори 50 тонна орд, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ  бо фарогирии 18 нафар корманд, 4 адад коргоҳҳо бо истеҳсоли хишти сементӣ ба фаъолият машғул гардиданд.
Таъсис ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба масъалаи кам кардани сафи бекорон мусоидат намуд. 
Сохтмони иншооти муҳим, аз қабили боғчаи бачагона барои 140 нафар тарбиятгирандагон дар шаҳраки Дарбанд, бинои дуошёнаи   стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот, бинои маъмурии муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, бинои хадамоти оташнишонии ноҳия хеле зебову замонавӣ сохта шуда, ҳусни ноҳияро афзудаанд. Барои кормандони ин бахшҳо низ шароити хуби корӣ ба ин васила фароҳам оварда мешавад.
- Нақшаҳо дар самти корҳои ободонию созандагии ноҳия ҳадафманданд. Барпо намудани ҳавзи гулмоҳӣ дар мавзеи Каҷбеди деҳоти Хумдон, сехи коркарди нӯшобаи дулона, хуч ва дигар меваҳо, ташкил кардани фермаи бурдоқпарварӣ (зоти голландии грефердӣ), рушди картошкапарварӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва ташкили сардхонаҳо низ дар назар аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо пайи қадами мубораки Пешвои муаззами миллатамон ҳусни ноҳияи Нуробод боз ҳам зеботар мегардаду соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бесобиқа рушд меёбанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Дӯстзода Ҳасан Тақдир.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 2444

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед