logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Бозгашти дигарбора ба Панҷрӯд
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, ки адиби рус Андрей Волос дар бораи рӯзгори  бунёдгузори адабиёти  форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ китоби «Бозгашт ба Панҷрӯд» («Возвращение в Панджруд») - ро ба табъ расондааст. Андрей Волос зодаи шаҳри Душанбе аст. Баъди солҳои навадум ба Маскав кӯч баста бошад ҳам, аммо Тоҷикистонро, ки Ватани ӯст, дӯст медорад ва мекӯшад дар осораш фарҳанги волои тоҷикон муаррифӣ шавад.

Фарқи чопи нав аз чопи кӯҳна ин аст, ки муаллиф аксари камбудиҳои дар чопи аввал роҳёфтаро таҳриру ислоҳ кардааст. Ва дар ин ҷода мазмуну муҳтавои романро ба зиндагӣ ва муҳити адабии тоҷик наздиктар намудааст.
Ин китоб ривояти бадеии зиндагии қофиласолори адабиёти классики форсии тоҷикӣ буда, соли 2013 муаллифаш ба дарёфти ҷоизаи «Русский Букер» мушарраф гардид. Ҳаками Ҷоизаи мазкур, адиби маъруфи Русия Андрей Дмитриев ҳангоми муаррифии китоб гуфтааст: «Маънову мазмунҳои нуҳуфтаи даврони гузашта имрӯз ҳам харидор доранд ва ба дард мехӯранд. Барои қазоват насри боризу оқилонае пешниҳод шуд».
Андрей Волос ба воситаи тахайюли эҷодӣ тасвири (образ)-и нави Рӯдакиро офаридааст. Андрей Волос муддаии он аст, ки романи ӯ дар меҳвари бадеият давр мезанад ва ҳеҷ гоҳ даъвогари далелу арқоми таърихӣ ва фактологӣ нест.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


Даниел Дефо, нависанда, ҷосус ё…
Ба маънии васеаш ба мафҳуми «разведка» на танҳо оне дохил мешавад, ки мо онро одатан ҷосусӣ меномем, яъне ба даст овардани маълумот дар бораи душмани ҳақиқӣ ё эҳтимолӣ. Дар байни дигар маъноҳо боз мафҳуме ниҳон аст, ки онро «чорабиниҳои фаъолона» - ба душман ва ба афкори умум ақидаи худро зӯран талқин кардан -  мегӯянд. Яке аз намояндагони барҷастаи ин тарзи разведка Даниел Дефо, муаллифи китоби машҳури «Робинзон Крузо» ва бисёр дигар асарҳои фаромӯшшуда, ба ҳисоб меравад.

Вай соли 1660 дар Сити, маркази Лондон, ба дунё омадааст. Дар парваришгоҳ ва академияи динӣ таҳсил намудааст. Забонҳои англисӣ, франсузӣ, испанӣ ва италяниро аъло медонист, аз русӣ низ  огоҳӣ дошт. Фалсафа, таърих, ҷуғрофияро хуб омӯхт, бо стенография низ машғул мешуд. Нахуст касби падарро даст гирифта, ба тиҷорат пардохт. Ба гуфтаи худаш 13 маротиба бой ва муфлис шуд. Ҳамаи шаҳрҳои Франсия, Италия, Испания ва Португалияро гашт, ҳатто ба дасти роҳзанҳои баҳрӣ ҳам асир афтод.
Аз баҳри тиҷорат гузашту рӯ ба журналистӣ овард. Аз сабаби он ки тамоми нозукиҳои мазҳабҳои дини масеҳиро медонист, бар зидди баъзе рӯҳониҳои мазҳаби пресвитерианӣ памфлетҳои сиёсӣ навишт ва бо шоҳзодаи голландӣ Вилгелм Оранский, ки баъдтар шоҳи Англия Вилгелми III қаробат пайдо кард, бо вазир Роберт Гарлей дӯст шуд. Вале шоҳ аз асп афтоду мурд ва малика Анна ба тахт нишаст. Дар ин муддат Дефо ду памфлет чоп кард, аммо маълум намешуд, ки ӯ тарафдори протестантҳост ё муқобилашон. Бар зидди Даниел ҳам протестантҳои устувор ва ҳам ҷудоихоҳон бархостанд. Маҷбур шуд, ки пинҳон шавад. Ба имдодаш лорд Гарлей расид. Дефоро барои худ мушовир гирифт. Вай бо супориши лорд нуқтаи назари ҳукуматро дар ҳамаи рӯзномаҳо вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ баён мекард. 
Дар соли 1704 Дефо рӯзномаи худро таъсис дод бо номи «Назарандозӣ», ки 9 сол умр дид. Дар рӯзнома озодӣ ҳукм меронд, мақолаҳои мухталифақида ба нашр мерасиданд. Барои ҳизбҳои консерватору либералҳо минбари баёни ақидаҳо буд. Лорд Гарлей ҳамчун «одами Анна» консерватор буду Дефо манфиатҳои буржуазияи миллиро намояндагӣ мекард. Аммо дар рӯзнома мақолаҳоро тавре омода месохт, ки ҳама ба манфиати ҳукумат буд.
Тирамоҳи соли 1706 Дефо аз лорд Гарлей супориши махсусан ҷиддӣ гирифт. Вай ба Эдинбург, пойтахти Шотландия, ки он вақт давлати соҳибихтиёр буд, сафар кард, то ки вазъи сиёсии ин кишварро хуб омӯхта, бо ёрии газетааш барои муттаҳид шудани Англияю Шотландия «чорабиниҳои фаъолона» гузаронад. Даниел аз соли 1706 то 1714 ҳабдаҳ маротиба сафари иктишофӣ кард ба Шотландия. Аз мақсади гурӯҳҳои зиёди зиддимуттаҳидӣ бохабар гашта, дар рӯзнома бар муқобили онҳо мақолаҳо ба нашр мерасонд. Бо мардум суҳбат меорост, то ки дили онҳоро ба муттаҳидшавӣ моил созад ва ба ин маърака садҳо нафарро сафарбар менамуд. Мақолаҳоеро, ки бар зидди муттаҳидшавӣ аз тарафи англисҳо, дарбори англисҳо ва шотландиҳо чоп мешуданд, зери танқид мегирифт. Агар калисои шотландиҳо низ ба муттаҳидгардӣ сухане меронд ё ягон маъракаи махфӣ мебурд, аз тарафи Дефо фош ва зери тозиёнаи танқид меафтод.
Ғояи ваҳдатро дар рӯзнома чунон тарғибу ташвиқ намуд ва душманони ин ақидаро ба тавре шарманда кард, ки оқибат Шотландия ба афкори умум сари таъзим фуруд овард ва бо Англия иттиҳод баст. Баҳори соли 1707 миссияи Даниел Дефо олӣ анҷом пазируфт: порлумони ҳар ду халқ муттаҳид шуд. Ҷосусии Даниел Дефо ба манфиати малика Анна ва бар зидди даъвогари тоҷи шоҳӣ Яков Стюарт идома ёфт, вале чопи памфлетҳои «Агар малика бимирад?» ва «Нохост довталаби тахт биояд?» варо ба зиндон ҷой кард. Дефоро барои ошӯбгарӣ ва бадбахтӣ хостан ба малика, ки воқеан мариз буд, гунаҳкор донистанд. Гарлей ӯро аз зиндон баровард, вале дере нагузашта Анна мурд ва намояндаи сулолаи Ганноверҳо Георги I (немис, ки як калима англисӣ намедонист) ба тахти шоҳӣ нишаст ва Гарлейро ба зиндони Тауэр партофт. Даниел Дефо қарзашро дар назди Гарлей пурра бо навистани хотираи сеҷилда анҷом дод.
Соли 1719 барои чопи памфлетҳо Дефоро аз навистани мақолаҳои сиёсӣ манъ карданд. Ин барои адабиёти ҷаҳонӣ хуб шуд, зеро баъди ду моҳ «Робинзон Крузо» ба дасти хонанда расид. Муваффақият беназир буд. Сипас, романҳои «Фернандес», «Рухшона», «Таърихи холисонаи Пётр Алексеевич» ва ғайраҳо ба нашр расиданд. Адиби оламшумул 24 апрели соли 1731 дар синни 72 аз дунёи фонӣ рахти сафар баст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Истеъмоли себ. Умрро 17 сол дароз мекунад
Олимони Британия ба хулосае омаданд, ки истеъмоли мунтазами себ умри инсонро то 17 сол дароз мекунад. 
Таҳқиқгарон муайян карданд, ки моддаи эпикатехин полифеноли дар себ маълумшуда масуният ва системаи дилу рагҳоро мустаҳкам менамояд. Ғайр аз ин, дар таркиби себ клетчатка мавҷуд аст, ки фишор ва сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад. Ҳамчунин, дӯстдорони себ бо хавфи бемории саратон кам рӯ ба рӯ мешаванд.
Натиҷаҳои кори чандинсолаи олимон нишон дод, ки истеъмоли себ умрро то 17 сол дароз мекунад. Вале барои ба чунин натиҷаҳо расидан, нӯшидани шарбати себ ва бурдани тарзи солими ҳаёт ногузир аст. 
Мутахассисон таъкид медоранд, ки себҳои худрӯй аз себҳои боғии мағозаҳо манфиатбахштар мебошанд. Себҳои харидоришуда танҳо дар шакли тару тоза фоидаоваранд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


Кӯли сиёҳ. Аз оби он метавон барои навиштан истифода бурд
Ин кӯл дар Алҷазоир воқеъ аст. Дар он моҳиҳо зиндагӣ намекунанд,  рустаниҳо низ намесабзанд. Умуман, оби сиёҳе, ки аз он кӯл  пур гардидааст, барои организми зинда номутобиқ аст.

Вале, барои навиштан  рӯи коғаз аз он  истифода намудан мумкин аст. Кӯл ҳамеша пур аз сиёҳист ва  оби он ҳеҷ гоҳ хушк намешавад. То ҳол миёни мардуме, ки дар наздикии он зиндагӣ доранд, атрофи кӯл қиссаҳои гуногун  вуҷуд  дорад. Аммо касе намедонист, ки чаро оби кӯл сиёҳ аст. Ба наздикӣ муайян шуд, ки дар ин кӯл оби ду дарёи начандон бузург бо ҳам омехта мешаванд. Оби яке дар таркиби  худ намаки  оҳан дорад,  дигарӣ  гуногунии пайвастагиҳои  органикӣ. Ин ду пайвастагӣ дар якҷоягӣ дар кӯл ранги сиёҳро ба вуҷуд овардааст. Аммо ба назар чунин мерасад, ки ин моеъ дар кӯл ба таври  сунъӣ омода гардидааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Лутфи бузургон
Арристе аз Зошенко пурсидааст:
- Ҳикояҳоятонро чӣ хел бихонам, ки ба шунавандаҳо маъқул шаванд?
- Баланд! – ҷавоб додааст нависандаи маъруф.
***
Аз ҳаҷвнигори маъруфи лаҳистонӣ Станислав Ежа Летс пурсиданд, ки барои чӣ ин хел кӯтоҳ менависад, бо табассум ҷавоб додааст:
- Гап намеёбам!
***
Навқаламе як даста навиштаҳояшро назди барандаи Ҷоизаи Нобел Томас Манн оварда, хоҳиш кард, ки фикрашро бигӯяд.
- Шумо бояд ҳарчи бештар китоб бихонед, - дастнависҳоро аз назар гузаронда, гуфт адиби бузург.
- Оё ин шарт аст? – пурсид ҷавон.
- Албатта! Охир, ҳар қадар ки бештар бихонед, ҳамон қадар барои навиштан камтар вақт меёбед!
Таҳияи  А. РАҲИМ


Муаммо
Як роҳиби нобинои насронӣ 15 хишти тилло дошт. Онро ба тартибе, ки дар сурат нишон дода шудааст, ба шакли салиб дар девори калисо насб карда буд. Ҳар вақт ба ниҳонгоҳ омада, салибро даст-даст карда мешумурд ва боз аз пайи ибодаташ мешуд. Дузди тарроре аз ин дафинаи роҳиб огоҳ шуда, аз он ду хиштро мегирад, вале роҳиб ҳангоми шумурдан, онро пайхас намекунад!
Дузд чӣ тавр хиштҳоро ҷо ба ҷо кардааст, ки роҳиб аз он пай набурдааст?
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


Калонтарин киштии уқёнусгард дар ҷаҳон

Дар ҷаҳон киштии уқёнусгарди мусофиркаши аз ҳама калон киштии «Оазиси баҳрҳо» (Oasis of the Seas) ба ҳисоб меравад. Дарозии он 359,9 метр, бараш 47 метр ва баландиаш 72 метрро ташкил медиҳад, ки тахминан баробари баландни бинои 23 ошёна мебошад. Дар дохили ин киштӣ метавонанд 6,3 ҳазор нафар мусофирро ҷой диҳанд. Шумораи сарншинон 2,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Суръати киштӣ то 22,6 узел (41,9 км/ соат) буда, соли 2009 ба истифода дода шудааст.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


Кӯдак. Мо дар бораи ӯ чӣ медонем?
Давраи тифлӣ аз 2,5 – 3 моҳагӣ то 1 - солагии кӯдакро дар бар мегирад. Дар ин давраи синусолӣ ҷисми кӯдак босуръат инкишоф меёбад. Дар ҳолати дуруст ташкил кардани шароит, хӯроки серғизо, нигоҳубину парвариши кӯдак ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 500 – 600 грамм вазн мегирад, дарозии қадаш то 74 – 75 сантиметр мерасад, вазни майнаи сар 850 – 900 грамро ташкил мекунад.
Дар соли аввали ҳаёт дар инкишофи ҷисмонӣ ва психологии кӯдак тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ ба амал меояд. Аз ин рӯ, соли аввали ҳаёти кӯдакро шартан ба 4 давра ҷудо мекунанд:
1. Аз рӯзи таваллуд то 2,5 – 3 моҳагӣ;
2. Аз 2,5 – 3 моҳагӣ то 5 – 6 моҳагӣ;
3. Аз 5 – 6 моҳагӣ то 9 – 10 моҳагӣ;
4. Аз 9 – 10 моҳагӣ то 1 солагӣ.
Агар дар давраи навзодӣ дар як шабонарӯз 80 дарсади вақти кӯдак бо хоб гузарад, минбаъд вақти бедорӣ, фаъолиятнокии ӯ зиёд шуда аз 20 – 30 дақиқа то 3,5 соат давом мекунад, ки ин боиси мустаҳкамшавии торҳои системаи асаби вай мегардад.
Инкишофи ҷисмонӣ ва психологии кӯдак хусусияти фардӣ дошта аз парвариш, таълим ва меҳру шавқати волидайн вобастагии калон дорад.
Таҳияи С. ШОДМОНОВА


Системаи идораи рӯшноӣ
Чанде пеш тарҳи системаи нави идораи рӯшноӣ, ки номи «Ilumi»-ро гирифтааст,  пешкаш гардид. «Ilumi» бо фурӯзонаки «LED BR30» фаъолият мекунад. Системаи таҳияшуда равшании дохил ва хориҷи манзилро, агар чунин зарурат пеш ояд, пурра зери назорат мегирад.

Ба туфайли системаи танзимоти чандирӣ «Ilumi» метавонад ба таври фаъол вобаста ба вазъиятҳои мухталиф сатҳи равшаниро иваз намояд. Система метавонад шабона ба таври худкор дар ҳолати наздик шудани инсон фаъол шуда, сипас хомӯш гардад. Ҳамчунин, вобаста ба боду ҳаво ва фасли сол равшании система фурӯзонакро баландтар ё пасттар мекунад.
Системаи мазкур тавассути смартфон бо истифодаи алгоритми махсуси «MeshTek Bluetooth», ки доираи амалаш  46 метрро ташкил медиҳад, идора мешавад.  «Ilumi» бо нармафзорҳои  «iOS» ва «Android» кор мекунад.
Фурӯзонакҳои BR30 асосан барои кӯча пешбинӣ шудаанд,  аммо онро метавон дар дохили хона низ истифода бурд. Фурӯзонакҳо каммасраф буда, бо масрафи танҳо 15 Ватт бештар аз 1 000 люмен нур мебароранд. Як система метавонад то 50 фурӯзонаки «LED BR30»-ро идора намояд.
Таҳияи  Р. ҲАМИДОВ


Фрэнк Вулворт чӣ гуна бой шудааст?
Дар асри ХIХ одамон чӣ будани  «Супермаркет» - ро намедонистанд, хусусан мафҳуми «нархнома» барояшон куллан бегона буд. Савдо ба тартиби бозор сурат мегирифт. Фурӯшанда худаш арзиши молашро муқаррар менамуд. Вобаста ба арзиши нарх вобаста ба натиҷаи хариду фурӯш ва имконияти молиявии харидор метавонист паст ё баланд шавад. Ин ҳолат то замоне идома кард, ки ҷавони амрикоӣ Фрэнк Вулворт ба молҳо нархномагузориро оғоз кард.

Фрэнк Вулворт сокини маъмулии деҳа буд. То 21 - солагиаш дар замини волидайн кор мекард, аммо ҳамеша дар андешаи ҳаёти тамоман дигар буд. Ана, барои чӣ ӯ хонаи волидонро тарк карда, ба шаҳри Ланкастери иёлоти Пенсилвания рафт.
Фрэнк муддати зиёде барои худ кор ҷустуҷӯ кард ва, ниҳоят, дар дукони ҷаноби Мур ба ҳайси ёрдамчии фурӯшанда ба кор пазируфта шуд. Азбаски истеъдоди тоҷирӣ надошт, хеле кам савдо мекард. Бахусус шармгиниаш ба ӯ дар ин кор халал мерасонд. Соҳиби дукон ба ӯ музди ночизе медод, илова бар ин, шикоят карда мегуфт, ки мактаббачагони одӣ бо музди аз ин ҳам камтар моли бештар мефурӯшанд.
Чунин ба назар мерасид, ки гӯё толеъ аз Фрэнк рӯй гардондааст ва ӯ тамоми умрашро дар қашшоқӣ мегузаронад. Аммо ҳамааш дар як рӯзи нек тағйир ёфт. Боре Мур аз паси корҳои худ рафт ва шогирдро дар дукон танҳо гузошт. Ин ҳолат Фрэнкро ғамгин кард. Ана, дар ҳамин вақт, дар сари ӯ идеяи ба молҳо гузоштани нархнома пайдо шуд. Коғазро гирифта, дар он нархи ҳар колоро навишт.
Ӯ ба ғайр аз ин, молҳое, ки дар вақташ ба фурӯш нарафта буданд,  дар як ҷо гирд оварда, дар паҳлуяшон нархномае гузошт, ки чунин мазмун дошт: «Ҳамагӣ 5 сент». Лавҳаи болояш ҳамин ибора навишташударо дар пештахтаи дукон овехт. Дар натиҷа  Фрэнк он рӯз назар аз пештара, яъне тамоми ҳафта, бештар савдо кард, ки соҳиби дуконро хеле ба ҳайрат овард. Идеяи машғул шудан ба тиҷорати худ шояд ҳамон рӯз ба сараш омад. Фрэнк хоҳиши Мурро барои бо ӯ мондан рад намуда, баромада рафт.
Ҳамон вақт ӯ тасмим гирифта буд, ки барои сарватманд шудан дар намуди шабакаи якхелаи мағозаҳо бояд низоми наверо ташкил кунад. Ҳамаи монеаҳоро Фрэнк паси сар карда, маблағи заруриро ҷамъ кард ва соли 1886 аввалин мағозаи Вулворти «Панҷсента» - ро таъсис дод. Охири асри ХIХ Фрэнк соҳиби 30 мағоза буд.  Соли 1900 бошад, шумораи мағозаҳояш ба 50 адад расид.
Андешаи нархномагузорӣ ба ҷавони одии деҳотӣ сарвату молу мулки чандмиллиона овард. Номи ӯ дар таърихи тиҷорат ворид гардид.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


Асрори Титикака
Титикака пурасрортарин, зеботарин ва яке аз калонтарин кӯлҳои Амрикои Ҷанубӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Анд (сарҳади Перу ва Боливия) дар баландии 3821 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ҳарчанд маънои номи он то ба ҳол маълум нест, мардуми таҳҷоӣ мафҳуми «титикака»-ро чун Қуллаи Пума (паланги кӯҳӣ) маънидод менамоянд.
Кӯл аз 41 ҷазира иборат аст, ки калонтарини он Исла-дел-Сол ном дорад.  
Масоҳаташ 8300 километри мураббаъ буда,  ба ҳисоби  миёна чуқурии он 281 метрро ташкил медиҳад. Ба кӯли Титикака зиёда аз 300 дарё мерезад, ки сарчашмаи аксарияти онҳо пиряхҳо мебошанд. Таҳқиқоти бисёрсолаи геологӣ нишон дод, ки 100 миллион сол пеш Титикака халиҷи баҳрӣ буд. Ҳамин аст, ки  то ҳол дар он моҳиҳои баҳрӣ мавҷуданд.
Аввали солҳои 2000-ум бостоншиносони италиявӣ дар умқи кӯл пешайвони сангӣ ва ҳайкалро пайдо карданд, ки таърихи  1500-сола доранд. Ба ақидаи муҳаққиқон кӯли Титикака асрори зиёди нуҳуфта дорад ва пажӯҳишҳои оянда рози онро ошкор хоҳанд кард.
Комрон САФАРОВ,  донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ


Гул ба бару гул ба сар...
Дар миёни даҳҳо бонуи зебо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба лоиҳаи “Харитаи зебоӣ” аз Тоҷикистон акси духтаре роҳ ёфтааст, ки ӯро дар ин харита саҳван “Зеботарин кӯчарӯб” ном бурдаанд. Дар асл ӯ кӯчаҳои Душанберо гулкорӣ мекунад.

“Харитаи зебоӣ” як лоиҳаи интернетиест, ки онро суратгири руминиягӣ Михаила Норок роҳандозӣ кардааст. Муаллифи лоиҳа бо дурбини худ ба сайри ҷаҳон баромада, мехоҳад зеботарин чеҳраҳоро аз ҳар гӯшаи дунё аксбардорӣ кунад. Чанде қабл чеҳраи Мунира Мирзоева ба дурбини суратгир афтод, ки ин дафъа Тоҷикистонро макони сафар интихоб карда буд.
Мунира, ки дар саҳифаи фейсбукии Михаила Норок бо зернавишти “Кӯчарӯби зебои Душанбе” нашр шудааст, дар чанд соати аввал ҳазорҳо “лайк” овард. Азбаски либос ё камзӯли кории роҳрӯб ва гулпарварон дар Душанбе якранг аст, аз ин рӯ суратгир ӯро “кӯчарӯб” пиндоштааст. Аммо худи Мунираи 19 - сола, ки дар бахши кабудизоркунии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кор мекунад, аз ситоиши зебоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан хабар надошт. Тамоми рӯзаш ба ороишу гулгашту хиёбонҳои Душанбе сипарӣ мешавад.
Мунира, ҳамон тавре, ки дар акси “Харитаи зебоӣ” тасвир шудааст, бо вуҷуди он ки дасташ ҳамеша олуда ба обу гил аст, ба зоҳири худ таваҷҷуҳ мекунад ва мутмаин аст, ки зан новобаста аз хусусияти кораш, бояд ҳамеша озодаву зебо бошад. “Шояд ҳамин одатам буд, ки диққати он зани хориҷӣ ба ман афтид, - мегӯяд Мунира.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2016    №: 190    Мутолиа карданд: 3585

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед