logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТҲОИ ФАРОМИЛЛӢ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОНҲО БОЯД МУШТАРАК БОШАД

Чунин унвон дошт ҳамоиши байналмилалие, ки дар доираи лоиҳаи «Калкан» - и Созмони байналмилалии полиси зиддиҷиноятӣ - Интерпол дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сенздаҳ кишвар иштирок доштанд. Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур муборизаи муштараки кишварҳои аъзои Интерпол аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар, генерал - лейтенанти милитсия, изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди ҷиноятҳои муташаккили замони муосир ба як қатор кишварҳои ҷаҳон нақш ва аҳамияти Созмони байналмилалии Интерпол  ва лоиҳаи «Калкан» бештар гардида истодааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзоро зарур аст, ки муборизаи муштаракро бар зидди ҷиноятҳои махсусан хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии яроқу аслиҳа, маводи нашъаовар, дигар зуҳуроти номатлуб  тақвият бахшанд. Зеро гурӯҳҳои муайян Осиёи Марказиро метавонанд барои интиқоли силоҳу маводи нашъаовар, аз як минтақа ба минтақаи дигар фиристодани ҷангиён ва пиёдасозии нақшаҳои тарҳрезикардаашон истифода баранд.
Имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта, назири «Ал - Қоида», «Ҷундулло», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ансоруллоҳ», «Толибон», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат - ан - Нусра», «Гурӯҳи 24», «Салафия», «Ҳизб - ут - таҳрир», «Ҷамоат - ал - исломӣ», «Бародарони мусулмон», «Лашкар - ут - тайиба», Гурӯҳи исломӣ, Ҷамъияти «Таблиғот» талош доранд вазъияти ҷамъиятию  сиёсии минтақаро халалдор созанд. Бинобар ин, кишварҳои минтақа бояд механизми самараноки ҳамкориро пайдо намоянд, ки он равуо ва интиқоли ҷангҷӯёнро ба минтақаҳое, ки амалиёти ҷангӣ идома доранд, пайгирӣ карда тавонад.
Окан Айсу, роҳбари лоиҳаи «Калкан», зикр намуд, ки ҳамкории кишварҳои аъзои Интерпол дар самтҳои мубодилаи иттилоот, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, масъалаҳои наздисарҳадӣ сол ба сол тақвият меёбад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳост, ки ошкорсозии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, истифодаи ҳуҷҷати шахси дигар,  дастгир гардидани ҷинояткорони фирорӣ  ба тадриҷ зиёд гаштааст. Интерпол омода аст, минбаъд низ дар ин самт ҳамкориҳоро тавсеа бахшида, дар роҳи пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон генерал Саид Афандӣ, Ҷумҳурии Озарбойҷон полковник Васиф Гасимов, муовини аввали вазири корҳои дохилии мамлакат, генерал - майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода  ва дигарон перомуни шеваҳои муассири мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, фаъолияти ниҳодҳои дахлдор дар ин самт, мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуда, густариши ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Интерполро дар доираи лоиҳаи «Калкан» таъкид карданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2016    №: 190    Мутолиа карданд: 3073

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед