logo

иҷтимоиёт

МЕЪМОР. БАРДОШТЕ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 50 - СОЛАИ АКАДЕМИК БАҲОВАДДИН ЗУҲУРДИНОВ

Баҳоваддин Зуҳурдинов, шахсиятест, ки тӯли фаъолияти 50 - солаи эҷодӣ дар рушди  фарҳанги меъмории кишвар саҳми босазо гузошта, дар ин ҷода мақому манзалат ва ҷойгоҳи хоса пайдо намудааст.
Заҳматҳои эҷодии ӯ дар мисоли биноҳо ва иншооти такрорнашаванда ба монанди чойхонаи “Саодат”, маҷмааи “Модар - Ватан”, “Маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Қасри миллат”, биноҳои “Душанбе - Плаза”, “Пойтахт - 80”, “Амфитеатр”, "Маҷмааи 2700 - солагии Кӯлоби бостонӣ" ва садҳо дигар лоиҳаҳои сохтмонҳои нодир пешорӯи мо рӯнамо мешаванд, ки имрӯзҳо шаҳрҳо, маркази ноҳияҳои кишварро оро дода, ба намои онҳо ҳусни тоза зам мекунанд. Инчунин, лоиҳаҳои ин меъмори варзида санъати меъмории Тоҷикистонро дар кишварҳои пешрафтае чун Русия ва Ҳиндустону Австрия муаррифӣ менамоянд. Ҳар як лоиҳаи эҷоднамудаи ин меъмори баистеъдод маънои ба худ хос дошта, шахсро ба дарки зиндагӣ  аз нигоҳи як шахси зебоипараст водор месозад. Офаридаҳояш аз фарҳанги тоҷикон дар гузаштаҳои дур ва пайванди ногусастании он бо имрӯз ҳикоят мекунанд.

Солҳои ҷавонӣ омӯзиши асарҳои меъмории қадимаи тоҷикон ба Баҳоваддин Зуҳурдинов хурсандӣ меовард, дар намоишҳои махсус иштирок карда, барои худ асрори биносозиро кашф мекард. Аз дидани чунин шоҳасарҳо шод мегардид. Бештари онҳо асроромез буданд. Аз ин лиҳоз, ӯ дарк намуд, ки барои амиқ донистани маънои асарҳои меъмории қадимаи тоҷик фақат омӯзиши моҳияти таърихӣ басанда нест. Дарёфти ин роҳ душвор буда, фақат насиби ҳамон меъморе мегардад, ки ин санъатро хубтар донаду ҳис намояд. Баҳоваддин хеле хуб дарк мекард, ки ҳамкасбонаш низ ба кори ӯ завқи зиёд доранд. Ҳар вохӯрӣ бо ҳамкасбон ба ӯ хуш меомад, чунки онҳо кӯшиш мекарданд, ки аз сирри меъморӣ воқиф гарданд ва аз ин  рӯ, дар суҳбатҳояшон масъалаҳои ҷиддиро мебардоштанд. Ӯ дарк кард, ки шакли хуби оммафаҳм намудани асарҳои эҷоднамудааш иштирок дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Барои меъмори касбӣ шудан асаби устувор доштан, донистани техникаи лоиҳасозӣ ва хуб омӯхтани қисмҳои муайяни физикӣ зарур аст. “Барои ин чашми борикбин ва дастони мустаҳкам доштан ва ба қадри имкон шоир ва файласуф будан лозим аст”, -  мегӯяд устод.
Баҳоваддин Зуҳурдинов ҳамчун шахси эҷодкор пас аз ба соҳибистиқлолӣ расидани кишвар ба камол расид. Тоҷикистон мустақил гардида, орзуҳои деринаи тоҷикон оиди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ҷомаи амал пӯшид. Ҷараёни сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон на фақат ба инкишофи давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам овард, балки барои рушди соҳаҳои дигар низ роҳ кушод. Баҳоваддин Зуҳурдинов бо тафаккури эҷодӣ тамоми иқтидори касбии худро ба дарёфти решаҳои амиқи меъмории миллӣ равона сохта, ба эҷоди асарҳои  арзишманд ноил гардид.
Чи тавре ки худи Баҳоваддин Зуҳурдинов  иброз медорад, эҷоди асарҳои баландпояи меъморӣ ба шарофати сулҳу ваҳдати комил ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт.
“Сарвари давлати мо дар ин солҳо адолати таърихиро барқарор намуда, мардум, аз ҷумла маро, барои омӯзиши осори гаронбаҳои илмию фарҳангии гузаштагонамон ҳидоят намуд. Бояд мо истиқлолиятро ҳифз намоем ва барои ояндагон арзишҳои олии фарҳангиро ба мерос гузорем. Зеро мероси таърихӣ барои худшиносию худогоҳӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва боло будани сатҳи маънавии халқамон хизмат хоҳад кард. Ман ҳамчун меъмор сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро хуб дарк кардам, чунки ин сиёсат ба иҷрои орзуҳои ҷавониам ҳидоят кард ва маро аз эҷод кардани лоиҳаҳои якранги бо супориши ташкилотҳои болоӣ додашуда раҳо намуд”, - мегӯяд Б. Зуҳурдинов.
Барои амалӣ намудани мақсадҳои хеш Баҳоваддин Зуҳурдинов нахуст Академияи меъморӣ ва сохтмонро таъсис дод, зеро меъморӣ ҳамчун соҳаи муҳимтарини санъат аз байн рафта истода буд. 
Биноҳо ба анбӯҳи қуттиҳои оҳанӣ мубаддал гардида, боиси пастшавии маданияти шаҳрдорӣ ва сатҳи маънавии аҳолӣ мегашт. Меъморон ва сохтмончиён пароканда шуда, консепсияи ягонаи меъморӣ - сохтмониро надоштанд.
Мақсади асосии ташкили Академияи меъморӣ ва сохтмон муттаҳид намудани мутахассисон ва олимони соҳаи меъморӣ буд. Аз ин лиҳоз, барои таъсиси академия меъморон, сохтмончиён ва идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати сохтмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, департаменти  истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, сарҷамъ карда шуданд. Бо ҷидду ҷаҳди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад расиданд. Академияи меъморӣ ва сохтмон аз ҷониби Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Баъдан, интихоботи аъзо ва мушовирони академия сурат гирифта, Баҳоваддин Зуҳурдинов сарвари он интихоб гашт.
Ташаббуси Баҳоваддин Зуҳурдинов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, дар бораи муҳим будани Академияи меъморӣ ва сохтмонӣ ва расондани кумак ба он фармоиш ба тасвиб расид. Ҳамин тавр, Баҳоваддин Зуҳурдинов меъморону шаҳрсозон, сохтмончиёну олимон, академикҳои академияҳои илмҳои муҳандисӣ ва педагогиро муттаҳид намуда, дар Осиёи Миёна аввалин академияи меъмориро созмон дод.
Академик Баҳоваддин Зуҳурдинов самти фаъолияти ташкилотро муайян намуда, корро дар самти шаҳрсозӣ ва илмҳои сохтмонӣ, инкишофи тадқиқоти илмӣ - амалии таърихӣ, назарияи меъморӣ ва тайёр намудани кадрҳо ҷоннок сохт. Тибқи ин стратегия, корро дар се равияи соҳавӣ (меъморӣ ва шаҳрсозӣ, илмҳои сохтмонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ташкили шӯрои меъморони ҷавон) ба роҳ монд.
Академия аз солҳои аввали фаъолият барои рафъ намудани проблемаҳои дар соҳа ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад. Тайи ин давра масъалаи таъсиси Пажӯҳишгоҳи илмӣ - истеҳсолии масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ - кашфиётии техникӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - истеҳсолии “САНИИОСП”, “Шаҳрофар”, “Саноатсоз”, “Душанбешаҳрсоз”, “Тоҷикгидро-энергопроект”, департаменти истеҳсолии масолеҳи бинокорӣ ба миён гузошта шуда, дар амал татбиқи худро ёфт. Ҳоло ин корхонаҳо ва дигар идораҳои дахлдор аъзои академия гашта, дар рушди санъати меъморӣ саҳми босазо мегузоранд.
Ба туфайли тадбирҳои андешидаи Баҳоваддин Зуҳурдинов олимон ва мутахассисони соҳаи меъморӣ, аз ҷумла аъзоёни  ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Неъматов, Аҳрор Мухторов, докторҳои илм Гузел Майтдинова, Абдуллоҷон  Мирбобоев, Маннон Рӯзиев, барандагони ҷоизаҳои давлатӣ В. Веселовский, С. Исоев, А. Оқилов, Б. Ҷабборов, Ғ. Орипов, С. Шарипов, С. Шералиев, З. Ҳасанов, профессор  Рустам Муқимов ва аввалин зани тоҷик – доктори илмҳои меъморӣ Солия Мамадҷонова, ба академия ҷалб гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки академия на фақат барои додани унвони фахрӣ, балки барои таъмин намудани алоқаи байни- ҳамдигарии тадқиқотҳои илмӣ ва мукаммал кардани соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва илмҳои сохтмонӣ, аз худ намудани дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот, ёрии байниҳамдигарӣ дар кори такмили симои меъмории шаҳрҳо ва деҳот ва додани обу ранги миллӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси академия яке аз чораҳои амалӣ дар ҳалли баҳсҳо байни истеҳсолот ва лоиҳасозон, илм ва комплекси сохтмонӣ гардид.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти академия таҳияи асноди меъёрию ҳуқуқӣ мебошад. Аъзоёни академия дар тайёр кардани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ”, қонунҳо ва дастурамалҳо “Дар бораи ҷавобгарии иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи сохтмон, саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо ва маҳсулот”, “Дар бораи сармеъморони шаҳрҳо, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрчаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи литсензиякунонии давлатии фаъолияти сохтмонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолона ширкат варзидаанд. Ҳамаи ин санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул шуданд.
Академия бо сарварии Баҳоваддин Зуҳурдинов дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва рушди ҷомеа фаъолона ширкат меварзад. Гузашта аз он, академия ба нақшаи илмии ҳайати шӯрои мутобиқати  корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар соҳаҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ, техникӣ ва фанҳои амалии Тоҷикистон ворид гардид, ки он дар тадқиқоти истифодабарии анъанавии минтақаҳои кӯҳии шаҳрсозӣ ва аз нав барқарор  кардани деҳоти кӯҳӣ нақши калон мебозад.
Маҳз Баҳоваддин Зуҳурдинов ба ин масъалаҳо аввалин шуда таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва олимони академия дар якҷоягӣ бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ - истеҳсолии “Шаҳрофар” тадқиқоти илмӣ гузаронда, ба дастовардҳои чашмрасе ноил гардиданд. Натиҷаҳои тадқиқот дар рисола ва маҷмӯаҳои зиёде нашр гардидааст. Рисолаи “Шаҳрсозӣ ва проблемаҳои замони ҳозир” намунаи беҳтарини онҳо мебошад.
Олимони академия бо роҳбарии сарвари он ба ошкор намудани мушкилоти соҳа ва тарғибу барқароркунии мероси меъмории Тоҷикистон низ  машғуланд. Дар зарфи ду сол Баҳоваддин Зуҳурдинов бо иштироки олимон, меъморон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни соҳаи меъморӣ – сохтмонӣ экспедитсияҳои махсус ташкил намуда, онҳоро ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ равона сохт. Натиҷаҳои таҳқиқот дар як қатор рисолаҳо дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла “Масҷидҳои Тоҷикистон”, “Мазорҳои Тоҷикистон”, “Мадрасаҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон” аз ҳамин қабиланд.
Дар академия мунтазам ҳамоишҳои илмӣ вобаста ба мушкилоти соҳаи меъмории муосир баргузор мегарданд. Олимони академия дар якҷоягӣ бо устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ “Маҷмӯаи даврии корҳои илмӣ” - ро таъсис доданд, ки он дар мавод оид ба услубҳои кори эҷодии меъмор – лоиҳасозони замони мо, пешгирии хатоҳо ва каҷфаҳмиҳо ва ба иншооти меъморӣ бахшидани хусусияти миллӣ гирд оварда шуда, нашр мешавад.
Шахсияти Баҳоваддин Зуҳурдинов дер боз диққати муҳаққиқони соҳаро ба худ ҷалб намудааст. Китоби “Баҳоваддин меъмор” аз ҷумлаи таҳқиқотҳоест, ки ба ҳаёт ва фаъолияти устод бахшида шуда, дар Арманистон ба табъ расидааст. Баҳоваддин Зуҳурдинов дар конфронсҳо, симпозиумҳо, семинар-машваратҳо, озмунҳои сатҳи гуногун фаъолона иштирок менамояд. Ӯ, инчунин, барои таҳияи лоиҳаҳои иншоот ва иморатҳои мамолики хориҷӣ, ба монанди Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Австрия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Русия, Арманистон ва ғайра, мунтазам ҷалб карда мешавад.
Ба туфайли истеъдоди ӯ академия дар арсаи байналмилалӣ сазовори эътибор ва обрӯи хос гардид. Дар байни олимону мутахассисони соҳаи меъморию сохтмонии кишвар устод ҳамчун сарвар ва тарғибгари ташаббусҳои илмӣ ном баровардааст.
Баҳоваддин Зуҳурдинов барои хизматҳои шоиста бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ордени “Дӯстии халқҳо” ва як қатор мукофотҳои байналмилалӣ қадр карда шудааст.
Академик Баҳоваддин Зуҳурдинов узви вобастаи Академияи давлатҳои Шарқ, Академияи муҳандисии байналмилалӣ, аъзои комилҳуқуқи байналмилалии ТДМ “Ҳабитат”, аъзои Шӯрои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба меъморӣ ва сохтмон мебошад.
Азимҷон ЮСУФОВ,
директори мудирияти илмӣ - эҷодии Академияи
меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2016    №: 190    Мутолиа карданд: 2882

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед