logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД ДАР ПЕШВОЗИ ПЕШВО

Ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт ва боздиди ӯ аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии аҳолии ин минтақа рӯзҳои башуморе мондааст. Тоҷикобод ноҳияест, ки ҳамсоли соҳибистиқлолии кишвар буда, 26 феврали соли 1991 аз ҳайати Ғарм хориҷ ва дар шакли ноҳияи мустақил таъсис дода шуд. Имрӯзҳо сокинони ин ноҳияи хушманзар дар баробари Ҷашни муқаддаси миллӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 25 - умин солгарди таъсиси ноҳияро низ таҷлил намуда истодаанд.
Ҳусейн Ализода Хоҷамир, раиси ноҳияи Тоҷикобод, андешаҳояшро дар ин хусус ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин баён намуд:

- Тоҷикобод дар гузаштаи начандон дур ҳамчун минтақаи аграрии қафомонда ва маркази он деҳаи назарногиреро мемонд. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи мо обод шуд. Симои ноҳия, хоса маркази он, ба куллӣ дигаргун гардид.  Сафарҳои Президенти маҳбубамон ба ноҳияи Тоҷикобод солҳои 1994, 2000, 2003, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013 барои рушду нумӯи ноҳия уфуқҳои навро боз намуд. Солҳои 1991-2015 аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 154 иншооти ҳаётан муҳим сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла 22 бинои нав барои муассисаҳои таълимӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия, 4 канали обёрӣ ба масофаи 28 километр, 25 километр хатти оби нӯшокӣ, 3 бинои бонк, 9 пули мошингузар, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва 3 бинои маъмурии ҷамоатҳои деҳот аз ҳамин қабил иншоот мебошанд. Биноҳои бист муассисаи таълимӣ таъмири асосӣ карда шуданд.
Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 125 иншооти тиҷоратию маишӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 - солагии таъсисёбии ноҳияи Тоҷикобод нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз 10 феврали соли 2015, № 39 таҳия ва тасдиқ гардид, ки тибқи он дар солҳои 2015 - 2016 дар ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта, ба истифода супоридани 38 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2015-ум 26 иншоот ва нимсолаи аввали соли равон 8 иншоот ба истифода супорида шуд. Корҳои сохтмонӣ дар 4 иншооти дигар ба анҷом расида, бо файзи қадами Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
- Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Тоҷикобод зиёд аст. Чуноне зимни ташрифи қаблиашон фармуда буданд: «Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад. Он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст». Ноҳияи Тоҷикобод чун дигар гӯшаву канори кишвари азизамон бо дастгирии  Пешвои муаззами миллат рӯз то рӯз зеботару ободтар мегардад. Маркази ноҳия, ки масоҳаташ хеле васеъ аст, дар ояндаи наздик ба як шаҳраки зебо табдил хоҳад ёфт, - гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳусейн Ализода Хоҷамир.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2016    №: 190    Мутолиа карданд: 2489

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед