logo

иқтисод

ҚӮРҒОНТЕППА СИМОИ НАВ

 

 

Шаҳри Қӯрғонтеппа, ки 11 агусти соли 1937 дар соҳили чапи дарёи Вахш ташкил ёфта, дар баландии 428 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ тарҳи тоза касб намуда, рушду тараққӣ намуд. Айни замон дар шаҳр 53 корхонаи саноатии хурду калон вуҷуд дорад, ки аз ин теъдод 9 адад ҷамъияти саҳомӣ ва 43 - тои дигар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аст. Дар аксари корхонаҳои истеҳсолӣ шурӯъ аз соли 1999 пастравии истеҳсолот боздошта шуд ва рушди он таъмин гардид.

Тавре маълум аст, рушди соҳаи маориф аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муассисаи оливу миёнаи таълимӣ бунёд ва сатҳи таълиму тарбияи насли ҷавон дар кишвар боло рафт. Дар ин робита, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа низ соҳаи маорифро аз бахшҳои афзалиятноки ҷомеа шумурда, ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Чунончи, соли 2015-ум 36,6 дарсади маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои пешрафти соҳа ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 9,3 дарсад бештар аст.
Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ агар соли 1991-ум 12 ададро ташкил дода бошад, ин рақам соли 2015 ба 20 адад расид. Вале, новобаста аз он, ки тайи се соли охир бо имкониятҳои мавҷудаи буҷети маҳаллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр синфхонаҳои иловагӣ бо 760 ҷойи нишаст ва бо дастгирии сафоратхонаи Корея мактаби нав барои 200 ҷойи нишаст дар ду баст бо хобгоҳ сохта ба истифода дода шуда бошанд ҳам, зиёдшавии шумораи хонандагон зарурат ба сохтмони муассисаҳои нави таълимиро тақозо дорад.
Дар баробари рушди маориф, солимии ҷомеа низ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ аст. Аз ин хотир, дар партави сиёсати роҳбарияти олии кишвар дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба рушди соҳаи тандурустӣ мароқ зоҳир мешавад. Солҳои аввали истиқлолият (соли 1992) дар шаҳр як адад беморхонаи марказӣ бо 1585 кати хоб беморонро қабул менамуд. Инчунин, 6 адад маркази тиббӣ ва 12 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият намуда, 294 табиб ва 1238 ҳамшираи шафқат ба мардум хизмати тиббӣ мерасонданд.
Вобаста ба вазъи сиёсию иқтисодӣ то оғози соли 2000 соҳаи тандурустӣ заиф гардида, шумораи катҳо ба 1000 адад, кормандони миёнаи тиб аз 1238 нафар ба 768 нафар коҳиш ёфт. Баъди соли 2000-ум вазъи таъминоти соҳа бо мавод ва дорувориҳо, пардохти саривақтии маош, таъмири муассисаҳои тиббӣ ва дигар омилҳое, ки ба беҳдошти соҳа мусоидат менамуд, беҳтар гардид. Аз ҷумла, аз соли 2000 то соли 2010 шумораи табибон ба 429 нафар, кормандони миёнаи тиб ба 853 нафар, марказҳои саломатӣ ба 14 ва муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ба 15 адад расид. 
Айни ҳол, дар шаҳр барои ҳифзи саломатии омма беморхонаи марказии шаҳр бо 120 кат, маркази ёрии аввалияи санитарию тиббӣ, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, 2 беморхонаи хусусӣ бо 40 кат, беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ (вилоятӣ) бо 40 кат, бемориҳои чашм бо 40 кат, солимии репродуктивӣ, маркази саломатии кӯдакон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, эмтаъминкунӣ, мубориза алайҳи СПИД - и вилоят, 10 адад нуқтаи тиббӣ, 22 адад диспансерияи вилоятӣ, маркази назорати санитариву эпидемиологии шаҳрию вилоятӣ, 17 дармонгоҳи дандонпизишкӣ ба мардуми шаҳру вилоят хизмат мерасонанд.
Бояд гуфт, ки соҳаи саноат яке аз бахшҳои асосии пешбурди шаҳр ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 3,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 оғоз карда, аз тарафи соҳибкорони ватанӣ сохтмони коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ривоҷ гирифт. Соли 1998 дар шаҳр ҳамагӣ 19 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 9 миллиону 543 ҳазор сомониро ташкил медод. Вале ин нишондод дар соли 2005 ба 25 миллиону 715,9 ҳазор сомонӣ, соли 2010 ба 66 миллиону 946,2 ҳазор сомонӣ расида, соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 128 миллиону 650 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2010-ум 92 дарсад зиёд мебошад. Манбаи асосии афзун гардондани нишондиҳандаҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нахи пахта, бофандагию дӯзандагӣ, истеҳсоли трансформатор, коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба шумор меравад.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ замина фароҳам овард, ки ин бахш низ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рушди муназзам касб намояд. Соли гузашта ҳиссаи соҳибкорони хурду миёна дар қисми даромади буҷети маҳаллӣ 32,1 фоизро ташкил дод. Гузашта аз ин, нақши соҳибкорони хурду миёна дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯрока ва саноатӣ чашмрас аст. Барои дастгирии бахши хусусӣ дар шаҳр филиали бонкҳои тиҷоратӣ, назири ҶСК «Агроинвестбонк», бонки «Эсхата», «Оксусбонк», бонки «Имон интернейшнл», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСП «Тоҷпромбонк», «Спитаменбонк», «Амонатбонк», ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» хизмат мекунанд. Дар тӯли солҳои 2011-2015 тавассути бонкҳои мазкур барои мизоҷон ба андозаи 1 миллиарду 97,7 миллион сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат, барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ 12,4 дарсад, ниёзи иҷтимоӣ 12,5 дарсад, саноату сохтмон 25,1 дарсад ва соҳибкорию савдо 49,9 дарсад пешниҳод гардидааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба таъмиру навсозии роҳҳо низ тадбирҳои амалӣ меандешад. Ин аст, ки тӯли солҳои 2013 - 2015 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ баҳри навсозии роҳҳо, инчунин, таъмири ҷорӣ, зиёда аз 27 миллион сомонӣ сарф гардид. 24 километр роҳҳо асфалтпӯш, 39,5 километр таъмири ҷорӣ, 950 метр новаҳои обпарто (латок) дар канори роҳҳо хобонда шуд, ки маблағгузорӣ ба ин соҳа нисбат ба соли 2014 мутаносибан 5,6 миллион зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо низ, 4,5 километр роҳ асфалтпӯш шудааст. Зимнан, соли 2015 аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,9 километр роҳ асфалтпӯш, 1 адад пул навсозӣ ва 2 адади дигар таъмири куллӣ шуда, зиёда аз 2,2 километр хати обу корезӣ (канализатсия) дар кӯчаҳои марказии шаҳр гузаронда шуд.
Ҳамчунин, дар доираи татбиқи Барномаи беҳгардонии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2007 - 2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 декабри соли 2006, таҳти № 514 оғоз шудааст, аз ҷониби Корхонаи давлатии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои назаррас ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, то соли 2013 аз ҳисоби лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 16 миллиону 298 ҳазор сомонӣ барои барқарорсозӣ, таҷдид ва сохтмони иншоот, кашидани хатҳои оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои шаҳр амалӣ гардид. Корҳо оид ба иҷрои лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии обтаъминкунӣ дар ҷануби Тоҷикистон барои шаҳри Қӯрғонтеппа» идома доранд. Гузашта аз ин, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар давоми 5 соли оянда гузарондан ва иваз намудани хатҳои қубури обгузар дар масофаи 45,6 километр пешбинӣ гардидааст.

Амирулло АСАДУЛЛО,
раиси шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2016    №: 190    Мутолиа карданд: 2599

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед